РУШДИ САМТИ КОРҲОИ ИЛМӢ ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ ВА ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА БО ҶУМҲУРИИ ОЗОРБОЙҶОН


РУШДИ САМТИ КОРҲОИ ИЛМӢ ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ ВА ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА БО ҶУМҲУРИИ ОЗОРБОЙҶОН

Тибқи даъвати расмии кафедраи оториноларингологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Озарбойҷон ва дар ин асно фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо розигии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. мудири кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ н.и.т., дотсент Аҳророва З.А. ва профессори кафедра Холматов Ҷ.И. ба ҳайси намояндагони ҷониби Тоҷикистон дар кори «Конгресси X-уми оториноларингологони Ассамблеяи Евроосиёии оториноларингологон ва ҷарроҳони сару гардан» дар шаҳри Бокуи давлати Озорбойҷон иштирок намуданд.

Дар маросими кушодашавии конгресс ва суханронии табрикотӣ дар қатори намояндагони 12 мамолики хориҷи дуру наздик, ба ҳайси намоянда аз Тоҷикистон дотсент Аҳророва З.А. суханронӣ намуданд.

Дар бахши эътилолиятҳои гӯш намояндагони Тоҷикистон профессор Холматов Ҷ.И. бо маърӯзаи: «Клинико-аудиологическая характеристика различных форм тугоухости у жителей Таджикистана» ва дотсент Аҳророва З.А. бо маърӯзаи: «Особенности слуховых нарушений в Таджикистане, диагностика лечение и реабилитация» баромад карданд.

Қайд кардан зарур аст, ки дотсент Аҳророва З.А. дар сексияи оториноларингологияи амалии конгресси мазкур ба ҳайси спикер-модератор иштирок доштанд.

Дар резолютсия зикр гардид, ки конгресси XI-уми оториноларингологони Ассамблеяи Евроосиёи оториноларингологон ва ҷарроҳони сару гардан дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

Муродов Шамсиддин -ассистенти кафедра оид ба

корҳои тарбиявӣ


21.06.2024 575

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php