ВАҲДАТИ МИЛЛӢ -ҶАВҲАРИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКОН


 ВАҲДАТИ МИЛЛӢ -ҶАВҲАРИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКОН

Ваҳдати миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Дар воҷеъ, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар усурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.

Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери вожаи “ваҳдат” шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигареро баён карадн ғайри имкон аст. Мусаллам аст, сулҳу ваҳдат неъмати бузург ба шумор рафта, дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд. Мо тоҷикон дар як муддати кӯтоҳ соҳиби Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот гаштем, зиёд нафароне ҳастанд, ки дур аз оилаву хонаву ватани худ, дар ғарибиҳо бо оҳу сӯзи ҳиҷрат зиндагӣ мекунанд. Ин ҳама таҷрибаҳои рӯзгор барои мо омӯзгорест, ки то қадри ин неъмати бебаҳо дониста, онро ҳифз намоем. Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарӣ, ваҳдату якпорчагӣ бузугтарин неъматҳоеанд, ки инсоният метавонад онро дар тӯли зинагияш ба даст орад. Бузургии ин неъматро на танҳо имрӯз, балки аз гузаштаҳои дур низ васфу ситоиш мекарданд. Бузургони ҷодаи назм мафҳуми дӯстиву якпорчагиро ба таври образноку мушаххас ба тасвир гирифтаанд. Яке аз бузургтарин шоирони таърихи адабиёт Ҳофизи Шерозӣ дӯстиву бародариро аз афзалтарин неъматҳо шумурда, мардумонро ба ин ҷодаи неки зиндагӣ ташвиқ намудааст. Инчунин, самараи якдиливу якпорчагӣ ва дӯстиву иттиҳодиро аз беҳтарин ва лазизтарин баҳри ҳаёт донистааст ва таъкид низ намудааст, ки барои чашидани ин меваи лазиз, пеш аз ҳама, бояд ниҳолашро шинонему парваришаш диҳем.

Рушду нумуъ ва тараққиёти миллат маҳз дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Агар дар мамлакате пояҳои сулҳу ваҳдат мустаҳкам набошанд, он кишвар зарра-зарра аз даруни худ нобуд мешавад. На танҳо аъзои як оила бояд бо ҳамдигар иттифоқ бошанд, балки аз кӯдакони як сарзамин сар карда то пири кор – ҳама нисбати ҳам эҳтиром қоил бошанду ҳамдигарро дӯст доранд, дар лаҳзаҳои танги ҳаёт дасти ҳамдигарро бигиранду якдигарро танҳо нагузоранд. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар давлатҳои муқтадири дунё меомӯзанд.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандест дар қатори истиқлолияту амнияти миллӣ, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон маънидод кард, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.

Файзуллоев Ғ.Ф., омӯзгори кафедраи фанҳои

ҷомеашиносии Донишгоҳ


25.06.2024 1513

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php