РОҒУН -СОХТМОНИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ


РОҒУН -СОХТМОНИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Таърихи навини давлатдории тоҷикон дорои як қатор рӯйдодҳое мебошад, ки бо хатҳои заррин сабт гардида, ҷиҳати таъмини зиндагиии шоистаи шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам гардонидаанд. Ба истифода додани агрегатҳои якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз қатори чунин воқеаҳои муҳим ва хурсандибахш аст, ки дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.

Маҳз талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси бартараф гардидани монеаҳо ҷиҳати бунёди иншооти бузурги аср - “Роғун” гардиданд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар дарёи Вахш сохта шуда, он бо иқтидори 3600 МВт бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар нерӯгоҳи мазкур шаш агрегати гидроэлектрикӣ бо иқтидори 600 МВт насб карда мешаванд. Ҳамасола истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ ​​дар Роғун беш аз 17,0 миллиард кВт / соатро ташкил хоҳад дод.

Ҳангоми пурра ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” як қатор мушкилоти мавҷуда  ҳалли худро меёбанд, аз ҷумла норасоии нерӯи барқ ​​ пурра бартараф шуда, имкониятҳои содиротии он низ меафзояд. Давомнокӣ ва самаранокии истифодаи тамоми маҷмааҳои гидроэнергетикии дарёи Вахш дароз гардида, тавлиди нерӯи барқро боз ҳам бештар менамояд.

Роғун ҳамчуни сохтмони тақдирсоз омили боз ҳам баландтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари азизамон мебошад. Саршавии фаолияти ду агрегати ин нерӯгоҳ рӯйдоди муҳимми таърихӣ буда, он дар айни замон аҳамияти хеле бузурги энергетикӣ дорад. Чунки нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда тамоми эҳтиёҷоти кишвари моро ба нерӯи барқ ​​пурра қонеъ намуда, ба рушди иқтисоди миллии кишвар боис мегардад.

Бозоров С.С.,

ассистенти кафедраи дерматовенерология ба номи профессор Зоиров П.Т.


26.04.2024 282

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php