Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»


Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро муҳокима намуданд.

Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» (WeBuild) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки «анҷом додани мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболашон дар Италия бароям мояи хушнудӣ буд. Барномаи сафар хеле пурмуҳтаво буд, зимни он бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқоту музокироти босамар анҷом дода шуд».

Ба гуфти ӯ, дар мулоқот оид ба ҷузъиёти зиёди пешбурди лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», дурнамо, аҳамият ва зарурати ба анҷомрасонии он сухан гуфта шуд.

Инчунин Пиетро Салини тазаккур дод, ки дар Италия ширкатҳои сершуморе ҳастанд, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон биёянд ва ҳавасманд ҳастанд, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҳамкорӣ намоянд. Ин хеле муҳим аст, зеро мардум бояд дар бораи Тоҷикистон маълумоти бештар дошта бошад.

«Тавре ба Ҷаноби Президент иброз намудам, италиявиҳо бояд бо Тоҷикистон шинос бошанд ва онро дӯст доранд. Ин орзуи неки ман ба саноатчиёни Италия аст, ки ба Тоҷикистон раванд ва чӣ гуна мамлакати дилпазиру афсонавӣ будани онро барои худ кашф намоянд», — гуфт дар охир Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» (WeBuild).

Бознашр аз АМИТ «Ховар»


24.04.2024 242

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php