ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД


ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 24-уми апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино”, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҷаласаи навбатии раёсати Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

1.     Ҳисоботи мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н. Б. оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ ва илмӣ аз давраи интихоб шудан ба вазифа;

2.     Ахбор оид ба вазъи хобгоҳҳои Донишгоҳ, бо хобгоҳ таъмин кардани донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, ятимони кулл ва маъюбон.

 

Пеш аз оғози ҷаласа ректори Донишгоҳ яке аз олимони собиқадори Донишгоҳ- дотсенти кафедраи оториноларингология Маҳмудназаров Маҳмадамин Имомовичро барои расидан ба синни муборак табрику муборакбод намуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи якум мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н. Б. доктори илмҳои биологӣ, дотсент Холбекиён Мирзоҳамдам Ёрбег гузориш доданд. Қайд гардид, ки дараҷанокии илмии ҳайати кафедра ба 63 % ва унвоннокӣ бошад ба 31,57 % баробар мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 3 корманди кафедра аз такмили ихтисоси касбӣ ва 13 нафар аз такмили ихтисоси педагогӣ аз рӯи барномаи “Омӯзгори самаранок” гузаштанд. Дар давоми ҳисобот оид ба фаъолияти таълимию илмӣ ва тарбиявӣ гузориши муфассал дода шуд. Дар умум фаъолияти кафедра дар давраи ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои пешбурди корҳои минбаъдаи кафедра дастуру ҳидоятҳои муфид дода шуд.

 

Дар ахбори раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён, номзади илмҳои педагоги Сафаров Б. Б. зикр гардид, ки барои таъмин намудани донишҷӯён бо хобгоҳ 2191 ариза ворид гардид, ки 2055 нафар бо манзили зист таъмин карда шуд. Аз ин шумора 269 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, 306 нафар тариқи буҷавӣ ва 1480 нафар тариқи шартномавӣ мебошанд. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 дар Донишгоҳ 124 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки тариқи ройгон бо хобгоҳ таъмин гардидаанд.

·        Дар масъалаҳои гуногун ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёсӣ дар соҳаи илму маориф”

 

1)    аз 30 июли соли 2020, №427 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”;

2)    аз 30 апрели соли 2021, №165 “Дар бораи Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030”;

3)    аз 30 апрели соли 2021, №170 “Дар бораи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”;

4)    аз 30 апрели соли 2021 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025”.

    Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба ҳар як қарор ва таъмини иҷрои онҳо.

 

·        Баргузор намудани конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар бо ҷалби омӯзгорон, олимони ҷавон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), магистрантон, донишҷӯён оид ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардидааст ва ҳар моҳ пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба корҳои иҷрошуда ба ректори Донишгоҳ ва Сомонаи Донишгоҳ тариқи хаттӣ ва электронӣ бо аксҳо аз ҷониби ҳамаи сохторҳо ва кафедраҳои Донишгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои таъмини иҷрои самараноки онҳо дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.

 

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


6
5
4
3
2
1
24.04.2024 329

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php