“Зеҳни сунъӣ”: Баргузории семинар дар кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ


“Зеҳни сунъӣ”: Баргузории семинар дар кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ

Тибқи дастур ва супоришҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. санаи 22.04.24 дар толори ҷаласавии кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ семинар дар мавзӯи “Тарзи дуруст навиштани мақолаҳои илмӣ оид ба тиб ва имкониятҳои истифодабарии зеҳни сунъӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ” бо иштироки тамоми муҳассилини кафедра, аз қабили интерна ва ординаторони клиникӣ, инчунин, ассистентони ҷавони кафедра, ки дар самти илму тадқиқот фаъолият доранд, гузаронида шуд.

Семинар бо ташаббус ва ибтикори шуъбаи илм ва инноватсияи Донишгоҳ сурат гирифта, аз ҷониби сардори шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ н.и.т., дотсент Ализоде Суҳроб Ғаффарович ба аҳли ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин семинар – кумак ва дастгирӣ намудани олимону омӯзгорони ҷавон, аспирантон, PhD-докторантон, унвонҷӯён ва ординаторони клиникӣ баҳри саъю талоши онҳо ба фаъолияти риштаи илмӣ тавассути расонидани дониш ва шароити мусоид ба эшон барои кори илмии бомуваффақият ва нашр намудани натиҷаҳои корҳои тадқиқотӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

Семинари мазкур ба хотири шинос намудани аҳли нишаст ҷиҳати принсипҳои асосии тарзи дуруст навиштани мақолаҳои илмии тиббӣ, ғайр аз ин, бо имкониятҳои истифода бурдани зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) дар таҳқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаи клиникӣ равона гардида буд.

Дар рафти семинар саволҳо оид ба навиштани мақолаҳо дар мувофиқа ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои маҷаллаҳои илмӣ муҳокима гардиданд.

Гузаронидани чунин семинарҳо барои рушди касбӣ ва шахсии ҳар як фарди иштироккунандаи семинар замина фароҳам оварда, саҳми баландсифат ва босазо гузоштан дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби онҳо мусоидат менамояд.

Шамсиддин Муродов,

н.и.т., ассистенти кафедра оид ба тарбия


24.04.2024 301

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php