Табодули афкор – омили рушди маҳорати касбӣ


Табодули афкор – омили рушди маҳорати касбӣ

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди маҳорати касбӣ, имрӯз дар маҷлисгоҳи Пажӯишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии виртуалӣ (онлайн) байни кафедраи акушерӣ ва гинекологии №3-и Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва кафедраи акушерӣ ва гинеклогии №2-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” доир гардид.

Конференсияи мазкур таҳти роҳбарии ректори “Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанд” профессор Ризоев Ж.А. ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №3-и донишгоҳи мазкур номзади илмҳои тиб, дотсент Шавази Н.Н. ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” номзади илмҳои тиб Қоимдодова Б.Қ. дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №3 номзади илмҳои тиб, дотсент Шавази Н.Н. дар мавзӯи “Валодати пеш аз муҳлат” баромад намуданд. Дар рафти конференсия ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардид.

 

  

Кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2


24.04.2024 295

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php