РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК! РӮЗИ ОЗОДӢ МУБОРАК!


РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК! РӮЗИ ОЗОДӢ МУБОРАК!

Офтоб, сулҳ, хушбахтӣ

Дар ин рӯз мо мехоҳем орзу кунем

Дар дил хотираи кахрамонони мукаддас

Мо онро дар давоми асрхо боэътимод хифз хохем кард.

 

       Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.

        Дар қатори қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ занҳои тоҷик низ мақоми махсус доранд. Бо фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистони Шуравӣ ба дӯши занон вазифаи пурмасъули сангин- ташкили ақибгоҳи боэътимод ва таъмини қӯшунҳои шӯравӣ бо маводи ғизоию пӯшокӣ вогузор карда шуда буд. Дар ҳолатҳои тезутунд гардидани вазъият дар фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супориш дода шуда буд, ки аз ҳисоби бонувони тоҷикистонӣ дружинаҳои санитарӣ ташкил карда шаванд. Тибқи ин супориш, ба фронт теъдоди зиёди ҳамшираҳои шафқат сафарбар карда шуданд.

      Инак, дар ин Рӯзи Ғалаба-рӯзи хуҷастаи зафар бо ифтихор метавонем гӯем, ки мардуми тоҷик ҳиссаи арзандаи худро дар таъмини ғалабаи олам шумули халқҳои шӯравӣ бар Германияи фашистӣ гузоштаанд. Моро месазад, ки бо онҳо ифтихор намоем. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи хеле ками собиқадорон боқӣ мондаанд, ки ҳамеша таҳти ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои тамоми мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ба иштирокчиёни ҶБВ табрику муборакбод гуфта, дар идомаи зиндагияшон муваффақиятҳои назаррасро хоҳонам.

Мудири кафедраи забонхои хоричи Махмудова С.С., ассистент Наҷмиддинова Д.М., муаллими калон Мирзоева Г.Х.


23.04.2024 351

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php