ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ


ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Дар давраи солҳои 1992-1993, давлатҳои аъзои ИДМ ҳанӯз таҷрибаи кофӣ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм надоштанд. Дар ин давра ҷанг бо гурӯҳҳои мухталифи террористӣ дар ҳудуди Чеченистони Россия, Тоҷикистон ва Гурҷистон (Абхозистон), Узбекистон идома дошт. Рӯзҳои 25–27 феврали соли 1992 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев ба шаҳри Хелсинки сафар карда, Шартномаи давлатҳоро оид ба бехатарӣ имзо намуд. Бо идомаи таъмини бехатарии сарҳади Тоҷикистон, Р. Набиев инчунин ба кишвари Эрон (28–30 июни соли 1992), Покистон (30 июн–2 июли 1992) ва Афғонистон (14–15 июли соли 1992) сафари расмӣ анҷом дод. [1]

Бо мақсади муттаҳид кардани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Тошкент Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расонида шуд. Дар Протоколи иловагии ин ташкилот аз 24 сентябри соли 1992 Созишнома дар бораи таъсис додани нерӯҳои дастаҷамъӣ оид ба таъмини сулҳ қабул гардид, ки ба он бо миқдори фоиз гурӯҳи артиши давлатҳои Россия, Белоруссия, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ворид гардиданд.

      Дар давраи солҳои 1990-1993 яке аз минтақаҳои хавфнок барои давлатҳои минтақа ин Тоҷикистон буд, ки гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд. Соли 1993, дар рафти суханронии худ дар сессияи 48-уми Ассамблеяи генералии СММ, сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки гурӯҳҳои террористӣ нақша доранд, ки Ҳукумати қонунии Тоҷикистонро сарнагун созанд. [2] Чунин хатар барои Тоҷикистон вуҷуд дошт, зеро тавассути сарҳад бо Афғонистон, гурӯҳҳои мухталиф ба Тоҷикистон ворид мешуданд. Солҳои 1992-1996 дар ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон низ ба тариқи пинҳонӣ намояндагони гурӯҳҳои «Ҷамъият-ул-Исломӣ», «Ҷамъият-ул-Уламо» (Покистон), «Даъват-ул-иршод», «Сунни тахриб», «Ҳаракат ул-ансор», «Исломи Ҷамъият ал толибон» ва дигар ташкилотҳои экстремистӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ташвиқоти онҳо дар ин давра аз он иборат буд, ки исломи маҳалӣ ва анъанавиро бо равияи ваҳҳобия иваз намоянд. Бо ҳамин максад муллоҳои ин равия мондани риши дароз, манъ кардани зиёрати мазорҳо, ҷашни анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳоро аз мардум талаб мекарданд. Аммо чунин талаботҳои муллоҳои радикалии ваҳобиро қисми зиёди мардуми Осиёи Миёна рад мекард, зеро зиёрати мазорҳо қисми дини мардумро ташкил медод.

Яке аз омилҳои терроризми байналмилалӣ ва геополитикӣ, ин маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ аз тарафи шахсони алоҳида, ташкилотҳо ва давлатҳои манфиатдор мебошад. Мутахассиси рус полковник Владимир Лусенко изҳор доштанд, ки «терроризмро фақат бо қувва нест кардан номумкин аст. Парасторони террористон худро хеҷ гоҳ дар вагонҳои қаторахо ё дигар ҷойҳо наметарконанд. Барои амалӣ намудани чунин даҳшатҳо онҳо одамони шуурнокиаш пастро интихоб мекунанд. Барои ҳамин барои нобуд сохтани терроризм сараввал маблағгузорони онҳоро нест кардан лозим аст». [3] Дар аксари мавридҳо, ҳомиёни терроризм ин маблағгузориро барои террор зери пардаи маблағгузорӣ дар роҳи дин пинҳон мекунанд.

     Ҳомиёни терроризм дар роҳи амалӣ кардани нақшаҳои зиддиинсонии худ давлатҳо ва минтақаҳоеро интихоб мекунанд, ки дар онҳо ба вазъи сиёсии ноором ва ё ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудаанд. Дар чунин шароит ҳар гуна муноқишаи дохили давлатӣ, байнидавлатӣ дар минтақа ва ба хусус ҷангҳои минтақавӣ барои афзоиши гурӯҳҳои террористӣ «хизмат» мекунанд.

Абдураҳмонов З.В., Назаралиев Ф




[1] Саидов З. Межгосударственные отношения Республики Таджикистан в период становления ее внешней политики. Душанбе, 2012. C. 17.

[2] Экспертная оценка влияния афганского противостояния политическую и экономическую ситуацию в Центральной Азии, Смагулов Агыбай, Издание УЦА, Доклад №20, 2013 год. www.ucentralasia.org

[3]https://ru.m.wikipedia.org>wiki> терроризм и экстримизм




19.06.2024 693

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php