ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!


ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба исиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ гардид.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Бо ташабускориҳои хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, руҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои якдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоти мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат ва ҳамчунин заковати мардуми баномусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27- июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.     

Имрӯз, бояд махсусан таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Хукумати Тоҷикистон ва талошҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст.

Вақт ва таҷрибаи таърихии давраи истиқлолият исбот намуданд, ки роҳи муайянкарда ва пешрафти таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гунна моҷароҷҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байнанмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.   

Ҷумъаева Г.С.,

омӯзгори кафедраи анатомияи

одам ва истилоҳоти тиббии лотинии

ба номи Я. А. Раҳимов

    


26.06.2024 1222

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php