ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Табиат ҳусни замин буда, ҳифзи табиат, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф вазифаи тамоми одамон мебошад ва иҷрои чунин амалҳо барои мустаҳкамии саломатии ҳар як нафар манфиатовар аст.

Бо назардошти ҳамин мақсадҳо, имрӯз, 04.02.2023 бо иштироки кормандони қисми хоҷагӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш», бинои асосии маъмурии навбунёд, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология», Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия», хобгоҳҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ дар хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоӣ воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида, дохил, саҳн, гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, роҳравҳои ҳамшафати Донишгоҳ, гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрвандон тозаю озода карда шуданд. Ҳамчунин, дар партави иқдоми ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе корҳои ободонию гулшинонӣ дар Донишгоҳ идома дорад.

Ҳашарҳои дастаҷамъона дар Донишгоҳ доимӣ буда, омӯзгорону кормандон дар якҷоягӣ саҳми хешро дар тозаю озода намудани муҳити табиат, ободии Донишгоҳ ва гул-гулшукуфоии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе мегузоранд.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
04.02.2023 320

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php