НАҚШИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-и АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ


НАҚШИ  КИТОБИ «ТОҶИКОН»-и  АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

(Ба истиқболи 115 солагии академик Б. Ғафуров ва озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон оинаи таърихи миллат»)

   Халқи тоҷик дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ шахсиятхои бузургро ба воя расонд, ки яке аз онхо олими таърих, шарқшиноси машҳур, ходими давлатӣ Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад. Доир ба фаъолияти илмии Бобоҷон Ғафуров китобҳои сершумор навишта шуданд, ки онхо ба қалами таърихнигорон, шоирон ва нависандагони тоҷик таалуқ доранд. Аммо дар гузориши мазкур танхо тарафи фаъолияти илмии устод Б.Ғафуров мавриди таҳқиқ қарор дода мешавад.

      Соли 1959 бо дарёфти маводҳои илмӣ ва сарчашмаҳои нави таърихӣ, ки аз китобхонаҳои кишварҳои гуногун дастрас гардиданд, Б.Гафуров ба навиштани китоби «Тоҷикон» оғоз мекунад. Мусаллам аст, ки асари «Тоҷикон» зери муаллифии Б.Ғафуров яке аз тадқиқотҳои фундаменталии илми таърих дониста мешавад, зеро маҳз дар асоси нуктаҳои ин китоб базаи илми таърихи тоҷикон тартиб дода шуд. Нуктаҳои калидии асари «Тоҷикон»-ро тартиби китоб, давраҳои хронологии ҳодисаҳои таърихӣ ва аҳамияти илмии он ташкил медиҳад. Дар заминаи таҳлили баъзе аз санаҳои таърихии фаъолияти Б.Ғафуров ва ҳамчунон, ба эътибор гирифтани анъанаҳои эҷодӣ китобҳои таърихӣ ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар давоми таҳрири ин китоб маводи зиёди бойгонӣ, дастовардҳои илми бостоншиносӣ ва кашфиётҳои мухталифи илмӣ истифода гардиданд, ки дар маҷмӯъ мутаносибан барои рӯйи кор омадани асаре чун «Тоҷикон» мусоидат намуданд.

Иншои ин асари таърихӣ ба охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми асри ХХ рост омад ва ин даврон ҳамчун давраи душвори баъди ҷангӣ машҳур буд. Аммо новобаста аз ин муаллиф муҳимияти ин асарро дарк намуда, навиштани онро ҳамчун рисолаи фаъолияти илмии худ интихоб мекунад. Китоби «Тоҷикон» аз қабили он осорест, ки дар қатори нодиртарин сарчашмаҳо оид ба таърихи тоҷикон зикр мегардад. Аҳамияти ин асар на танҳо ҳамчун сарчашмаи таърихӣ, балки ҳамчун асаре, ки барои тарафҳои дигари ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардумони ин кишвар маводи қобили таҳлилро дар худ ҷо додаст, дониста мешавад. Дар таҳқиқоти алоҳидаи муҳаққиқон тарафҳои алоҳидаи он ё ба таври ҷузъӣ ва ё худи асар ба таври куллӣ муаррифӣ гардидааст. Ҳарчанд дар сарсухан муаллиф ба заъфи он дар инъикоси ин ё он воқеаи таърихӣ ишора намуда бошад ҳам, вале арзиши онро аз миёни ҳамаи ин эродҳо метавон ҷудо намуд.

         Дар баробари ин бо дастгирии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров   маркази омӯзиши таърихи тоҷикон ба шаҳри Москва мегузарад ва дар ин ҷо олимон аз кишвархои шарқ ҷамъ омада, доир ба саҳифҳои муштараки таърихи халқҳои форсу тоҷик тадқиқот мегузаронанд. Натиҷаи ин тадқиқотҳо соли 1972 дар Конференсияи шарқшиносон ки таҳти дастгирии ЮНЕСКО гузашт, ҷамъбаст гардиданд. Ин конференсия дар шаҳри Ашхобод баргузор гардид ва дар рафти кори он китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» (Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна) муаррифӣ гардид ва аъзоёни ин ҷамъомад барои худ шараф донистанд, ки ин китобро бо соядасти муаллиф дастрас карданд. Маҳз дар ҳамин ҷо ин китоб ба давлатҳои ҳамзабон ирсол шуд ва тарҷумаи он ба забонҳои гуногуни дунё оғоз шуд. Даҳ ҳазор нусхае, ки аз чоп баромад фавран харидорӣ шуда талаботи мардуми сершуморро қонеъ накард. Олимони эронӣ ба монанди Саид Нафисӣ, Хонлари, Фурузонфар, Забиуллоҳи Сафо, Нодири Нодирпур ва чанде дигарон хоҳиши тарҷумаи ин китобро ба забони форсӣ дастгирӣ карданд. Барои хизматҳои бешумор дар роҳи таърихи халқҳои форсизабон, олимони Эрон Б.Ғафуровро аъзои кумитаи байналмилалии фонди Фирдавсӣ интихоб намуданд. Инчунин ба олими тоҷик унвони фахрии доктори илмҳои Донишгоҳи Теҳрон дода шуд.

          Яке аз хизматҳои бузурги Б.Ғафуров барои илми шарқшиносӣ дар он аст, ки вай тавонист олимони давлатҳои гуногуни ҷаҳонро барои омӯзиши таърихи халқҳои Осиё ва ба хусус миллати тоҷику форс муттаҳид созад. Ин равияи фаъолияти Б.Ғафуров як пайраҳае барои боз ҳам наздик кардани халқҳои ҳамзабон гардид. Ин хизматҳои устод Б.Ғафуровро Саид Нафисӣ дар китобҳои худ «Ба дӯстони тоҷики анн» ва «Сарзамини поки ниёгонам» нишон медиҳад. Бобоҷон Ғафуров инчунин бо олим ва сиёсатмадори Ҳинд Ҷавоҳирлаъл Неру дар навиштани таърихи Ҳинд ҳамкорӣ дошт. Бо дастгирии бевоситаи Б.Ғафуров таърихшиноси тоҷик Аҳрор Мухторов тавонист ба кишвари Афғонистон сафар карда, аз бойгониҳои ин давлат истифода намояд ва натиҷаи ин сафарҳо китоби «Балхи замони охири асрҳои миёна» нашр гардид. Дар хусуси ин муаррихи варзидаи тоҷик А.Мухторов чунин менависад: «Вақте, ки анн бо устод Б.Ғафуров ба Кобул омадем, устодро бо иззату эҳтироми калон пешвоз гирифтанд ва анн бо корҳои худ банд шудам. Дар ин рӯзҳо анн бояд аз Кобул ба шаҳри Балх мерафтам. Устод Б.Ғафуров баъди чанд рӯз шаҳри Кобулро тарк карданд аммо ба кормандони сафоратхонаи Иттиҳоди Шуравӣ дар Кобул супориш дод, то ин кор барои сафари анн ба шаҳри Балх ба анн ёрӣ расонанд».

Соли 1968 Бобоҷон Ғафуров   китоби «Давраи Қушониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ»-ро менависад. Дар аввали солҳои 70-ум Б.Ғафуров боз ба навиштани қисматҳои алоҳидаи китоби «Тоҷикон» шурӯъ мекунад.

Қайд кардан зарур аст, ки Б.Ғафуров аввалин шахсе буд, ки тавонист таърихи мукаммали халқи тоҷикро ҳамчун асари илмӣ нависад, ки он тамоми давраҳои таърихро дар бар гирифт. Инчунин Б.Ғафуров ҳақиқати таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро аз дурӯғхои таърихчиёни дарборӣ ва маҳалпарастон озод намояд ва онро ба хонанда дар шакли рисолаи бузурги таърихӣ пешниҳод намояд. Кӯшишҳои Б.Ғафуров дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар чандин давлатхои дунё эътироф шуданд ва номи ӯ ҳамчун олим, таърихшинос ва сиёсатмадори тоҷик абадӣ дар таърихи тамаддуни ҷахонӣ боқӣ хохад монд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

 


02.02.2023 536

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php