ПИРОНСОЛОН САРМОЯИ БЕБАҲОИ ИНСОНИИ ДАВЛАТ


ПИРОНСОЛОН САРМОЯИ БЕБАҲОИ ИНСОНИИ ДАВЛАТ

 Дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ мавқеи махсус дорад. Дар ин радиф, барои ҳифзи иҷтимоии пиронсолон – ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ва сармояи бебаҳои инсонии миллат, ки ба таваҷҷӯҳи доимииниёз доранд, аз ҷониби  Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои мушаххас ва муассир роҳандозӣ мегарданд.

Санаи 14 декабри соли 1990 Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти пиронсолон, ки аз рӯи таҳлилҳо шумораи онҳо дар сохтори умумии аҳолии кураи замин тамоюли афзоиш дорад, дар асоси Қатъномаи №45/106 санаи1 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилали пиронсолон эълон карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 16 декабри соли 1991 бо Қатъномаи №46/91 принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид нисбати одамони кӯҳансол қабул карда шуд, ки дар баробари баланд арзёбӣ намудани саҳми кӯҳансолон дар ҷомеа, ҳамчунин аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал овард, ки дар стратегия ва барномаҳои миллии худ барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва дастгирии пиронсолон чораҳои дахлдор пешбинӣ ва дар амал татбиқ намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 2003 инҷониб ҳамасола 1 октябр – Рӯзи байналмилалии пиронсолон бо баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва аёдати ин гурӯҳи аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 январи соли 2018, №1480 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябр ҳамчун Рӯзи пиронсолон расман ба феҳрасти идҳои дар мамлакат таҷлилшаванда ворид карда шудааст.

Дар баробари ин, новобаста аз он ки таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ, бахусус пиронсолон ҳамеша яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии мамлакат маҳсуб ёфта, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ҷиҳати таъмини уҳдадориҳои байналмилалии худ ва боз ҳам тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки  бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ гардидааст, як қатор чорабиниҳои мушаххас, аз қабили баланд бардоштани сифатихизматрасонии иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани таснифот ва стандартҳоиҳадди ақали хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани хадамоти геронтологӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои махсусгардонидашуда, ташаккули низоми маблағгузории сарикасии хадамотҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои интернатӣ, ташкили механизмҳои мусоидат ба шуғли ин гурӯҳи шаҳрвандон пешбинӣ карда шуданд ва барои татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда таҳияи Барномаи давлатӣ оид ба масъалаҳои пиршавӣ ва дастгирии иҷтимоии пиронсолон пешбинӣ гардидааст. Қабули Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои пешбинишуда ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии пиронсолон фаолияти мавҷуда идома ёфта ва тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Мувофиқи маълумоти мақоми ваколатдори  давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҷумҳурӣ баҳолати 01.05.2022 шумораи нафақагирон– 756298 нафар ва андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ– 320,34 сомониро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии  нафақахӯрон 372 352 нафар ё 51,05% нафақахӯроне мебошанд, ки нафақаи пиронсолӣ, аз ҷумла нафақаи меҳнатии пиронсолӣ, нафақаи суғуртавии пиронсолӣ ва нафақаи иҷтимоии пиронсолӣ мегиранд.

Бо мақсадитаҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодии пиронсолон, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва дар ин замина омода намудани пешниҳодҳои илман асоснок барои таҳияи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии пиронсолон дар муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон таъсис дода шудааст.

Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмӯъ шабакаи махсуси ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал мекунанд, ки аксарияти онҳо бевосита ба пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоиипиронсолон машғуланд. Давоми 9 моҳи соли 2022 дар муассисаҳои статсионарии соҳа 417 нафар ба нигоҳубини пурраи давлатӣ фаро гирифташуда, ҳамарӯза кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣдархона ба 1665 нафар пиронсолон, аз ҷумла 1166 нафарашон шахсони яккаву танҳои барҷомондаанд, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба 504 нафар пиронсолон, ки 116 нафари онҳо нафақахӯрони яккаву танҳо мебошанд ва дар марказҳои будубоши рӯзона бошад ба 412 нафар пиронсолон хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида мешаванд.Ҳамзамон, дар мавсими соли 2022 дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳа 1008  нафар пиронсолон ба табобати санаторӣ курортӣ фаро гирифта шуданд.

Тибқи махзани иттилоотии АСИСТ (кумакҳои уновнии иҷтимоӣ) соли ҷорӣ ба 4268  нафар пиронсолони яккаву танҳо кумакпулӣ таъин гардида, дар ҳайати оилаҳои камбизоат, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин ва пардохт карда мешавад, 61 773 нафар нафақахӯрони аз 65 – сола боло зиндагӣ мекунанд, ки онҳо аз кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ бархӯрдор мебошанд. Мувофиқи қонунгузории соҳавӣ ба оилаҳои камбизоат, хусусан шахсони синну солашон аз 75 -80 сола боло хизматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок пешбинӣ гардидааст.

Таҷлил намудани Рӯзи пиронсолон – 1 октябр дар сартосари мамлакат, бахусус дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти хоса дорад, зеро он имкон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии пиронсолон ҷалб карда шаванд.

Дар фарҷом, ба пиронсолони кишвар ин қишри хирадманду рӯзгордидаи ҷомеа саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва зиндагии шоистаротамано менамоем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки Шумо боигарии миллӣ ва сармояи инсонии мамлакат ҳастед.

Идатон муборак бошад!

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Moh.tj


30.09.2022 336

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php