Ватандорӣ ифтихори мост!


Ватандорӣ ифтихори мост!

Санаи 21 сентябри соли 2022 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ бо иштироки ҳайати кормандони кафедра, кормандони МД ММТ ҶТ шаҳраки “Шифобахш” ва донишҷуёни курси 6, гуруҳҳои 1 то 6 ва аз 85 то 90, чорабинӣ оид ба мавзӯи “Ватандорӣ ифтихори мост!” баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро мудири кафедра н.и.т., дотсент Уроқов К.З. ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба мавзуи номбурда қайд намуданд, ки: “Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғуш кушодааст!” Ҳамчунин аз доираи иштироккунандагони чорабинӣ, ки ҳиссаи асосиро ҷавонон ташкил медоданд даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон ҳамчун қисми осебпазири ҷомеа бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои миллиро аз ҳама чиз авлотар донанд.

         Ҳангоми чорабинӣ омӯзгори калони кафедра, мутассадӣ оид ба корҳои тарбия Шарифов М.М. суханронӣ намуда, аз талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар самти рушди давлатдорӣ ва ҳифзи асолати миллӣ хотиррасон гардиданд. Қайд гардид, ки халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дуст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои “Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ” далели гуфтаҳои болост. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд.

         Донишҷуёни курсҳои 6, гуруҳҳои 1 (таҳти роҳбарии н.и.т., дотсенти кафедра Ҳоҷиева Г.Б.) ва 2 (таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедра Шарифов М.М.) – и факултети тиббӣ иштироки фаъолона намуда, бо шеъру суханҳои ҷазоб дар мавзуи ватандорӣ диққати иштирокчиёнро ҷалб намуданд. Иштироки васеъи донишҷӯён дар чорабинӣ далели он буд, ки ҳисси ватандустӣ ва ифтихори ватандорӣ, хифзи сулҳу суботи давлатӣ дар замири онҳо шуълавар аст.

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Чорабинӣ дар фазои ифтихори ватандориву ватандӯстӣ   анҷом пазируфт. Дар фарҷоми он якдилона баён гардид, ки мо ҷавонон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами милларо сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода мекушем то арзишҳои миллию давлатӣ, якпорчагии Ватани маҳбуби худро ҳифз намуда, дар рушди нумӯи ин кишвари азиз саҳмгузор мегардем.

 

Кафедраи бемориҳои дарунии №3


23.09.2022 1146

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php