Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро


Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро

Дар кафедраи забони тоҷикӣ 22.09.2022 зимни бобати    бузургдошти сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни семинар мудири кафедра Низомова С. Ф. аз ҳаёт ва фаъолияти адабии сардафтари адабиёти классики тоҷик Абўабдулло Рўдакӣ сухан оғоз намуда, дўстдорони шеъри ноби форсу тоҷикро бахшида ба рўзи “Шеъри аҷам” муборакбод намуданд. Дар семинари илмӣ омўзгорони кафедра, Зуҳурӣ Н., Раҳимов Т.Ф., Саидова Б.М. ва аъзои фаъоли маҳфили “Авҷи Зуҳал” донишҷўи курси шашуми факултети тиббӣ гурўҳи 45 Ҳомидов Изатулло, донишҷўёни курси якуми факултети фарматсевтӣ, гурўҳи 4-ум ва донишҷўёни курси якуми факултети тиббӣ гурўҳи 5 фаъолона иштирок намуданд. Имрўз дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ҷашни Рўдакӣ ва рўзи шеъри Аҷами форсии дарӣ мутантан ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин омўзгори кафедра Суфиева Г.А. оид ба ақидаҳои панду ахлоқи Рўдакӣ сухан иброз намуда мисраҳои нотакрори шоирро чунин оварданд:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст.

“Ба рўзи неки касон гуфт, ғам махўр зинҳор,

Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст”.

           Абўабдуллоҳ Рўдакӣ поягузори шеъри ноби форсии дарии тоҷикӣ буда, забони осори ғановатбахши шоир дар лавҳи хотири ташнагони шеъру сухан сахт нақш бастааст, ки ба дилҳо рўҳу тавон мебахшад.

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:

Тани дурусту хўи неку номи неку хирад.

Ҳар он ки эзидаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард,

Сазад ки шод зияд ҷовидону ғам нахарад.

Дар семинарии илмӣ Хомидов Изатулло донишҷўи курси шашуми факултети тиббӣ гурўҳи 45 аз осори гаронбаҳои Рўдакӣ шеърҳо қироат намуда, аз ҳавои шеъри шоир баҳра гирифта аз ашъори худ шеърҳо замзама намуд. Махсусан донишҷўёни гурўҳи 4-уми факултети фарматсевтӣ Бердишукурова Умриниссо, Насриддинова Фархунда, Ғуломова Наргис, Оев Олим ва Вориси Алимардон аз куллиёти баргузидаи шоир рубоӣ ва ғазал қироат намуданд.

 

Ҳон Рўдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!

Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!

Вайронии худ мангару ободии даҳр,

Вайронии даҳр бину обод бизӣ!

 

 

                             Суфиева Г.А. - омўзгори калони кафедраи забони тоҷикӣ

 


23.09.2022 449

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php