Баргузори шанбегии дастаҷамъона дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва МД “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”


Баргузори шанбегии дастаҷамъона дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва МД “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”

Имрӯз, 17.09.2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ҳамаи воҳидҳои сохтории он бо иштироки кормандон, омӯзгорону донишҷӯён шанбегӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ аҳли иштирокунандагон дар тозаю озода намудани дохил, саҳн, боғгулгаштҳо ва гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, Маҷмааи таълимии шаҳраки “Шифобахш”, бинои маъмурию таълимии навбунёд ва боғгулгашти он, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, бинои асосӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, хобгоҳҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ воқеъ дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, инчунин, ба тартиб даровардани дарахтон, буттаву гулҳо ва тоза намудани баргҳои хушкшударехтаи дарахтон, роҳравҳои ҳамшафати Донишгоҳ, гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрвандон ва покиза кардану баровардани партовҳо аз обгузарҳо саҳм гузоштанд.

Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои дастури роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба таъмини иштироки 100 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён ҷиҳати баргузории шанбегии умуминоҳиявӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” дар санаи 17 сентябри соли 2022, соати 7:00 (мактуби расмӣ аз 16.09.2022, №6-115) бо иштироки бештар аз 100 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва бо таъмини дастгоҳу лавозимоти зарурии ёрирасон шанбегии дастаҷамъонаи умуминоҳиявӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” ҷараён гирифт.

Тозагиву поккорӣ, ободиву созандагӣ, зебою хушнамуд гардонидани муҳити зист, зинда гардонидану арзи ҳастӣ бахшидани табиат барои таъмини ҳаёти солим фоидаовар буда, ин амалҳо маҳсули дасти инсон мебошад. Инсоне, ки муҳит, ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, коргоҳу гулгаштро тоза намуда, ба ҳифзу покии он роҳ медиҳад. Муҳити пок аз ифлосиҳо кафолати солимии ҳар як нафар аст. Дар ҳақиқат, тозагӣ гарави саломатии одамон мебошад ва ҳар як нафарро зарур аст, ки ба табиат муносибати ғамхорона намуда, муҳитро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад, дар ҳифзи саломатии худу дигарон саҳм гузорад.

 

 Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


17.09.2022 559

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php