Маълумоти умумӣ


Сардори Раёсат
2.JPG
Идоракунии таълими Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино воҳиди сохтории донишгоҳ буда, дар банақшагирӣ, ташкил ва назорат аз болои раванди таълим дар факултетҳо ва фанҳои таълимии муайянкардаи стандарти давлатии таҳсилот аз рӯйи ихтисосҳо роҳбарӣ мекунад.
Раёсати таълим дар фаъолияти худ роҳнамоӣ мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъдидипломӣ»,
Низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ,
Қарорҳои Шӯрои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Қарорҳои Шӯрои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва Шӯрои олимони факултетҳо,
Низомномаи донишгоҳ,
Фармоишҳо ва супоришҳои ректори донишгоҳ ва раёсат,
Низомномаҳои шуъбаи таълим, марказҳои идоракунии таълим, гурӯҳҳои идоракунии сифати таълим,
Низомномаи Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ (ШИМ) ва Шӯрои методии тахассусӣ,
Қарорҳои Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ,
Ҳуҷҷатҳои дигари меъёрию ҳуқуқии тасдиқкунанда аз тарафи вазоратҳои соҳавӣ ва муассисаҳо.
Натиҷаҳои фаъолияти таълимии факултетҳо, кафедраҳо, натиҷаҳои дарсазхудкунӣ, чораҳо оид ба баландшавии сифати таҳсилот, назорати нақшавӣ ва беруназнақшавии дарсазхудкунӣ, салоҳияти бадастомада дар Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ, Шӯрои олимони факултетҳо, Шӯрои олимони донишгоҳ муҳокима карда мешаванд.
Навовариҳо дар таълим чунин ҷиҳатҳоро дар бар мегиранд: гузаронидан ва такмил додани раванди таълим, ҷорӣ намудани системаи нави таълим, технологияҳои омӯзишӣ, истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии шаклҳои назорати дониш дар ҷараёни таълим, мониторинг ва таҳлили дарсазхудкунӣ, инчунин ахборотҳои таълимӣ ва маълумотҳои оморӣ. Имкониятҳои инкишофёбии технология дар раванди таълим васеъ мегардад.
Шуъбаи таълим воҳиди асосии таълимии донишгоҳ буда, тавассути он идоракунии раванди таълим ва идоракунии сифати он ба роҳ монда мешавад.
Шуъбаи таълим вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо роҳбрии донишгоҳ, қисмҳои сохторӣ (шуъбаҳо, хадамотҳо, деканатҳо, кафедраҳо) ва дигар муассисаҳою ташкилотҳо ба манфиати донишгоҳ ҳал менамояд.
Шуъбаи таълим сохтори асосии донишгоҳ буда, назорат ва мутобиқшавии раванди таълим ва фаъолияти таълимӣ-методиро ба роҳ мемонад.
Дар фаъолияти шуъбаи таълим қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва супоришҳои ректори донишгоҳ, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва низомномаи шуъбаро роҳнамоӣ мекунад.
Шуъбаи таълим аз соли 1939 баробари таъсисёбии Донишкадаи давлатии тиббии Сталинобод фаъолият мекунад. Дар тӯли ин муддат, шуъбаи таълимро Сиповский П.В., Илйин В.С., Ясвино Г.В., Гулкевич Ю.В., Раҳимов Я.А., Ахмедов К.Ю., Собиров С.С., Сабурова А.М., Достиев А.Р., Хоҷаева Н.М, Ахмедов Ҷ.А., Носиров А.Н. сарварӣ намудаанд. Айни замон шуъбаи таълимро д.и.т. Муҳаббатов Ҷиёнхон Қурбонович роҳбарӣ мекунанд.
Бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02 соли 2007, таҳти рақами № 330 гурӯҳи назорати сифати таҳсилот таъсис дода шуд. Минбаъд тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.07 соли 2010, №770, гурӯҳ ба идоракунии сифат таҳсилот табдил дода шуд, мақсади он таҳия ва ҷорӣ намудани роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим дар донишгоҳ мебошад.
Намудҳои асосии чорабиниҳои таълимӣ дар донишгоҳ ба роҳ мондани лексияҳо бо истифода аз дастгоҳҳои аудио-видеоӣ, машғулиятҳои амалӣ, семинарӣ, дарсҳои лабораторӣ ва ҳамчунин кор бо беморон ба ҳисоб меравад. Дар 5 соли охир дар раванди таълимӣ асбобҳои аёнии таълимӣ, технологияҳои замонавии компютерӣ ва мултимедӣ барои дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ, семинарҳо, имтиҳонҳо, инчунин дарсҳои компютерӣ, лабораторияҳои таҷрибавӣ васеъ истифода бурда мешавад. Донишҷӯён дар гузаронидани озмоишҳо бо ҳайвонот ширкат меварзанд.

Самтҳои асосии шуъбаи таълим


Ташкил ва идоракунии раванди таълим, фаъолияти таълимӣ-методии донишгоҳ барои татбиқи барномаҳои асосӣ ва иловагии таълимӣ бо риояи талаботи иҷозатномадиҳии давлатӣ
Риояи талаботи иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия барои татбиқи барномаҳои таълимӣ.
Ташкил ва ҳамоҳангсозии сохторҳои донишгоҳ дар асоси стандартҳои давлатӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои асосии таҳсилоти олӣ: барномаҳои таълимӣ ва касбӣ, нақшаҳои таълимӣ ва ҷадвали ҷараёни таълим.
Таҳлил, ҷамъоварии маълумот ва тайёр кардани қарорҳои Шӯрои олимон дар бораи идоракунии раванди таълим.
Таҳлили фаъолияти таълимии донишгоҳҳо ва сохторҳои методӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо дар ҳалли проблемаҳо.
Рушди раванди банақшагирии методӣ ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот ва омӯзонидани мутахассисон ва фароҳам овардани шароит аз рӯи тадқиқот.
Мониторинг ва ҷамъоварии иттилоот дар бораи сифати раванди таълим барои ҳама намудҳои таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисос.
Таҳия ва амалисозии раванди таълим, ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методии меъёрӣ.
Истифодаи самарабахши масоҳати таълимии донишгоҳ.
Таъмини бехатарӣ ва банизомоварии корҳои шахсии донишҷӯён ва ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони донишгоҳ.
Ташкили ҷараёни таълим дар системаи кредитии таълим.


Рӯйхати ҳуҷҷатҳо

○ Стандартҳои давлатии таълимии ихтисос
○ Қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
○ Нақшаҳои таълимӣ
○ Нақшаи корӣ
○ Низомномаҳо
○ Интиҳони хатм
○ Рӯйхати фанҳои элективӣ барои донишҷӯёни курси 3-6
○ Барномаи таълимии кори табобатӣ
○ Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
○ Низомнома дар бораи хориҷ кардан, барқарор кардан ва интиқол додани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон







C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php