ҚАТЪНОМАИ МУШОВАРАИ КОРШИНОСОН

30 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 71-уми илмӣ-амалии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (минбаъд — МДТ ДДТТ) «Инноватсияҳо дар тиб: аз илм то амалия» бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар мавзӯи «Равишҳои инноватсионии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ (БҒС) мушовараи коршиносон. Консепсияи паст кардани зарари омили хавф. Таҷрибаи кишварҳои дигар» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ коршиносони байналмилалӣ аз Полша, Россия, Қазоқистон, инчунин беш аз 50 нафар аз Тоҷикистон: ҳайати омӯзгорони МДТ ДДТТ, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, сармутахассисони Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзиданд. Доир ба масъалаҳои мубрами бемориҳои сироятӣ, омилҳои хавфи онҳо ва равишҳои муосири пешгирии бемориҳо 13 гузориш шунида шуд.                          Масъалаҳои ғизои номутаносиб, фаъолияти пасти ҷисмонӣ, тамокукашӣ, истеъмоли аз ҳад зиёди машруботи спиртӣ, паҳншавии маводи мухаддир, алалхусус маводҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон, сифати ҳаво, афзоиши доимии аҳолӣ, афзоиши савдои ғайриқонунӣ, маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ (аз ҷумла қалбакӣ) ва маишати ҳаррӯза ба инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ торафт мусоидат карда, ба души иқтисодиёти миллӣ сарбории гаронеро мегузоранд. Иштироккунандагони мушовара қайд карданд, ки ин муаммоҳо аз ҳам алоҳида вуҷуд надоранд ва ҷомеа бояд дар таҳқиқи ин муаммоҳо дар шароити иҷтимоию сиёсии худ хеле фаъол бошад. Имрӯз ҷомеа эътироф кардааст, ки сӯиистифода аз одатҳои бад як падидаи васеъ паҳншуда ва бонизом буда, онро танҳо тавассути чораҳои маҳдудкунанда ё мамнӯъкунанда вобаста ба фарҳанги анъанавии ғизо ё вобастагии ҷисмонӣ ва равонии бадастомадаи аҳолӣ бартараф кардан ғайриимкон аст.

Вобаста ба ин иштирокчиёни ҷаласаи коршиносон пас аз шунидани гузоришҳо, муҳокимаҳо ва андешаҳо зарур мешуморанд, ки:                                   ⎯ эътироф карда шавад, ки чорабинии мазкур барои табодули донишҳо ва таҷриба барои вокуниши муассиртарин ба таҳдидҳо ва муаммоҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ замина фароҳам овардааст;                                                ⎯ равиши муттаҳид барои ҳалли муаммоҳои тандурустии ҷомеа, бахусус БҒС бо саъю кӯшиши давлатҳо, ҷомеаҳои тиҷоратӣ, ВАО ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ татбиқ карда шавад;                                                                                                  ⎯ пеш бурдани равиш дар асоси консепсияи паст кардани зарар, ки дар он татбиқи усули «қувваи нарм» ва мусоидат ба ислоҳкунии омилҳои рафтории одам тавассути иваз кардани маҳсулоти зарарнок бо маҳсулоти фоиданок ё нисбатан камтар зараровар тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва идроки аҳолӣ пешниҳод карда мешавад; таъмини дастрас будани нарх ва пешниҳоди далелҳои илмӣ, ки дар натиҷа пешгирӣ ва самаранокии табобати бемориҳои БҒС-ро беҳтар мекунад;                                                                                                                 ⎯ татбиқи барномаи муҷтамеи пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ роҷеъ ба механизмҳои муосири паҳншавии маводҳои фаъоли анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат аз болои гардиши воситаҳои седативӣ тавассути шабакаи дорухонаҳо. Пешбурди барномаҳои миллии паст кардани зарар барои идоракунии вобастагии нашъамандӣ барои иҷтимоишавии минбаъдаи одамони осебпазир.           ⎯ ба Ҳукуматҳои кишварҳои минтақа тавсия дода мешавад, ки воситаҳои пасткунии хатарро барои мубориза бо чунин омилҳои хатари БҒС чун майнӯшӣ, тарзи ҳаёти камҳаракат, ғизои номутаносиб ва ғ. бо назардошти таҷрибаи муваффақи истифодаи ин равиш дар табобати нашъамандӣ аз ҷумла таҷрибаи давлатҳои тараққикарда, аз қабили Британияи Кабир, ИМА ва Хитой истифода кунанд.                                                                                                                  ⎯ мунтазам сифати кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ба аҳолӣ ва мусоидат намудан ба паст кардани зарар дар пешгирии на танҳо бемориҳо, балки ҷароҳатҳои гуногун, сӯхтаҳо, садамаҳо ва ҳодисаҳои роҳӣ-нақлиётӣ (ҲРН) баланд намоянд;    ⎯ таҷрибаи байналмилалӣ ва пешниҳод намудани тадбирҳои имконпазир роҷеъ ба беҳтар намудани вазъи экологии шаҳрҳои калон ва музофотҳо (ифлосшавии ҳаво, биноҳои ба ҳам зич сохташуда, халалдоршавии роҳи шамоли табиӣ), ки боиси рушди як қатор бемориҳои музмин мегардад, омӯхта шавад;                 ⎯ ба эътилофи байналмилалии ассотсиатсияҳо, мақомоти давлатӣ ва коршиносон – ҷонибдорони консепсияи паст кардани зарар ҳамроҳ шуда, мубодилаи мунтазами дониш, таҷриба ва маълумотро роҷеъ ба лоиҳаҳои илмӣ таъмин намоянд;                                                                                                              ⎯ ба ҳукуматҳои кишварҳои минтақа тавсия дода шавад, ки бо созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба пешбурди консепсияи паст кардани зарар ҳамчун унсури норасову муҳим дар мубориза ва пешгирии БҒС ва омилҳои хавфи онҳо муколамаро ба роҳ монанд.

 


30.11.2023 107
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php