ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАГУЗОРИ МУТТАҲИДИИ ДАВЛАТҲОИ ЧАҲОН!

ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАГУЗОРИ МУТТАҲИДИИ ДАВЛАТҲОИ ЧАҲОН!

Асри 21 агарчӣ аз як ҷониб бо рушди дастовардҳои технологӣ барои инсоният шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, башарият дар ин аср дучори мушкилиҳое гардидааст, ки наметавонад онро дар танҳоӣ ҳал намояд. Чунин мушкилот хоси як давлат ва як миллат набуда, тамоми сайёраро фаро мегирад. Аз ин рӯ, ин гуна масъалаҳо, ки хусусияти глобалиро касб намудаанд, дар ҳама давру замон зери таваҷҷӯҳи махсуси ҳукумати давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифта, тадбирҳои мушаххас барои ҳалли онҳо андешида мешавад. Рушди саноат ва зиёдшавии аҳолӣ дар соҳаи экология боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти нав гардидааст. Вобаста ба ин масъала дар пешгуфтори нашри русии китоби донишманди маъруф Питер Фарб «экологияи оммафаҳм» таъкид шудааст, ки: «Сол то сол аҳамияти экология афзуда истодааст, чунки вақтҳои охир он ба масъалаҳои бузурги аҳамияти амалидошта машғул аст».

Дар ҳақиқат инсон дар ягон шароит наметавонад аз ҳалли муаммоҳои экологӣ рӯй гардонад, зеро ҳал нагаштани чунин муаммоҳо метавонад ба ҳаёти инсон таҳдидовар бошад. Ба қавли олимони соҳа «Дар асри 21 экология ба қатори афзалиятҳои олии системаи глобалии муносибатҳои байналмилалӣ ворид мегардад». Таъмини сайёра бо оби тоза яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ ба ҳисоб меравад, ки имрӯз мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Давлатҳои зиёди сайёра дар баробари доштани сарватҳои зеризаминӣ, ба монанди нафту газ, аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Аз ин бармеояд, ки таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои об рӯз то рӯз бештар гашта, ҳалли ин мушкилот мавзӯи асосии конфронсҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ гаштааст.

Тавре дар яке аз маърӯзаҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ин масъала таъкид гардидааст: «… дар миёнаи асри 21 аз норасоии об дар ҳолати бадтарин 7 миллиард ва дар ҳолати хуб 2 миллиард нафар дар 48 давлати ҷаҳон танқисӣ хоҳад кашид».

 

Чунин пешгӯӣ нишон медиҳад, ки ҳалли мушкилоти об натанҳо хоси як мамлакат ва ё минтақа мебошад, балки ин масъала ба кулли ҷаҳониён дахл дорад. Яъне, глобалӣ шудани мушкилоти экологӣ, аз қабили норасоии об ва тағйирёбии иқлим дар асри 21 воситаи муайян кардани муносибатҳо гаштааст, ки ин муносибатҳоро метавон ба робитаи давлатҳо дар алоҳидагӣ, сатҳҳои минтақавию байналмилалӣ ҷудо кард. Мушкилоти норасоии оби тоза, безараргардонӣ ва самаранок истифода бурдани он, инчунин пешгирии хатарҳои марбут ба об Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор сохт, ки дар ҳалли ин масъалаҳо ташаббус нишон диҳад.

Ҷонибдорӣ ёфтанӣ се ташаббуси қаблии Тоҷикистон дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, онро бозгӯ мекунанд, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол мекунад. Дар баробари ин Ҷумҳурии Толҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба пайёмадҳои тағйрёбии иқлим, махсусан таъсири он ба обшавии пиряхҳо ҷалб намуда, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани чораҳои заруриро нисбат ба таҳдидҳои глобалии экологӣ гузошт. Маҳз, ба воситаи ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки ба масъалаи об на чун унсури табиат муносибат намояд, балки онро ҳамчун манбаи ҳаёт, манбаи асосии некӯаҳволӣ ва амнияти минтақавӣ, муҳаррики ҳамкориҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, инчунин омили асосии Рушди Устувор эътироф намояд.

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ

«ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»

Дар баробари дастоварҳои назаррас дар татбиқи дастёбӣ ба Ҳадафҳои марбутаи Рушди ҳазорсола тавассути Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 хатарҳои наве чун тағйрёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ба ин восита зиёд шудани талабот ба неруи барқ, ҷомеаи ҷаҳонро ба он водор намуд, ки бо анҷом ёфтани даҳсолаи мазкур ба ҳамкорӣ дар масъалаи об хотима нагузошта, ташаббусҳои наверо дар ҳалли мушкилоти об ироа намояд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки ташаббуси чаҳоруми худро таҳти унвони «Об барои Рушди Устувор», солҳои 2018-2028 эълон намояд. Ташаббуси мазкур нахустин маротиба аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об 12-уми апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардид. Ҳадафи асосии пешниҳоди ташаббуси мазкурро Роҳбари давлат идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчубаи Даҳсолаи байналмилаии амалёт «Об барои ҳаёт» ва ғанӣ сохтани онҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Рушди Устувор бо саъю талошҳои нав номид.

Воқеан ҳам, ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мешавад, зеро тибқи маълумоти то соли 2017 ба дастомада ҳудуди 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб ба 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд».

Пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои Рушди Устувор», солҳои 2018-2028 ташаббуси муҳимест, дар соҳаҳои иқтисод ва экология. Маҳз, ба василаи чунин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисод ва экология ҳамчун ду соҳаи муҳими ҷомеа имкони рушди босуръатро пайдо хоҳад кард. Ин имкон медиҳад, ки маблағгузорӣ дар бахши обтаъминкунии минтақа ва ҷаҳон бештар шуда, мушкилоти соҳаи экология, хусусан норасоии оби нӯшокӣ бартараф гарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои зиёди об ба воситаи пешниҳоди ташаббус таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои Рушди Устувор», солҳои 2018-2028 ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки обро яке аз василаи ноил шудан ба Рушди Устувор ва амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола истифода намоянд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоамлӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои Рушди Устувор», солҳои 2018-2028» аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал оварданд, ки баҳри вусъат додани ҳамкориҳо дар соҳаи об чанд омиле чун тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ниёзи он ба оби ошомиданӣ, ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об, ки унсури калидӣ дар роҳи ноилшавӣ ба Рушди Устувор аст, инчунин паҳлӯҳои гунонгуни гендерии ҷараёни гузариш ба мудирият ва истифодаи оқилонаю устувори захираҳои обро ба инобат гиранд.

Ҷонибдорӣ ёфтани чор ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол мекуанд. Хусусан эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои Рушди Устувор», солҳои 2018-2028, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «Дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд.

Валиев Давлатёр,

рӯзноманигор


28.05.2021     1627

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php