Тундгароӣ - падидаи номатлуби замони муосир

Дар боби 1, моддаи 8, банди 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки «таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии ичтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст». Аммо мутаассифона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз гуруҳҳои тундгаро яъне радикалҳо фаъол ҳастанд, ки ин боиси ноором шудани вазъи ҷамъиятӣ ва тафриқа андохтан байни мусулмонҳо гардидааст. Аз ҷумлаи чунин гӯруҳҳои ифротгароӣ ин «Ҳизбуттаҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Салафия», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ваҳҳобия», «Байъат», «Ансуруллоҳ» ва ғайра мебошанд.

Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар ёдрас гардидааст: «Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст:»

Моҳи феврали соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои амният баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: « Дар давраи ҳисоботӣ, дар кишвар 6 ҳодисаи марбут ба терроризм ба қайд гирифта шуда, 6 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 11 нафар оғоз ва 124 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 319 нафар аъзои ташкилотҳои экстремистиву террористӣ тафтиш шудааст.

Худи мафҳуми тундгароӣ бошад яъне «Радикализм - амали катъӣ, канора мебошад. Фаъолияти сиёсии гӯруҳ, ҳизби сиёсӣ буда, нисбат ба ҳалли ислоҳот ва тағйироти демократӣ амали устувор дошта, баҳри қонеъ гардонидани талаботи аъзоён мубориза мебаранд».

«Радикализм (Radicalism) дар луғат аз калимаи «радикас» дар забони лотинӣ, ки ба маънои реша аст, гирифта шуда ва лизо, радикализм дар луғат ба маънии решагароӣ ё бунёдгароӣ аст, аммо дар маънои истилоҳи «радикал» сифате аст, ки ба гӯруҳҳо, афрод ё ҷараёнҳое, ки хоҳони тағйироти мабноӣ ва решаӣ ва фаврӣ дар авзои мавҷуд ҳастанд, итлоқ мегардад».

Дар Тоҷикистон аксари пайравони чунин гуруҳҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксари онҳо узви «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳаракти исломии Туркистон» «Ҳизбуттаҳрир» ва «Салафия» мебошанд. Чаро ҷавонон ба ҷароёнҳои ифротиву тундгаро рӯ меоранд?

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ба ин равияҳои номатлуб, ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки онҳо аз илму фарҳанги дунявӣ тасаввуроте надоранд. Намояндагони равияҳои тундгароӣ аз камсаводӣ ва бесаводии онҳо истифода намуда, онҳоро ба равияҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як солимфикри Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ин ҷавонони роҳгумкардаро аз ин роҳи хато боздоранд.

Ба ақидаи коршиносон, вақто, ки ҷавонон моҳияти исломро дуруст намефаҳманд ва дар бораи таҳаммулпазирӣ тасаввурот надоранд, зуд ба доми фиреби тундгароён меафтанд ва дар натиҷа, динро дар ҳамон шакле мепазиранд, ки ифротгароён шарҳ медиҳанд.

Имрӯзҳо баъзе ҷавонони тоҷик дар вақти хондани намоз берун аз мазҳаби Имоми Аъзам (р) рафтор мекунанд. Бо шеваҳои ба мо бегона намоз мехонанд. Ин нуқтаро исломшинос Абдуллоҳи Муҳакқиқ дар рӯзномаи «Имрӯз нюс» (№546) чунин таъкид кардааст: «Мутаассифона, ҳарчанд фаъолияти ҳаракати салафия дар қаламрави кишвар манъ шуда бошад ҳам, салафиҳо озодона дар масчиди марказӣ ва масоҷиди атрофи бозори «Корвон» бо усули салафигароӣ намоз хонда, бидуни хондани намозҳои суннат тарки масҷид мекунанд».

Дар вақти хондани намоз дастҳоро дар болои сина гузоштан ва оминро баланд гуфтан шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо берун аз мазҳаби ҳанафӣ, ки асосгузораш Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собити тоҷик буд, амал мекунанд. Зоҳири вайроншавии ақидаи онҳо боиси ташвиш аст, ин дар он асос меёбад, ки онҳо на фақат пайравӣ нанамудан ба мазҳаби падарони худ мебошанд, балки пайрави дигар мазҳабҳоро эътироф намекунанд. Чунончи, Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар ҳамон мақола навиштааст: «Тамоми андешаи диёнатии ин ифротгароён аз Ибни Таймия, Ибни Абдулваҳоб, Абдулло Сабои яҳудӣ маншаъ мегирад. Намозҳои суннатро намехонанд ва онро ботил меҳисобанд. Нисбат ба сохтори давлати демократӣ ва рукнҳои конститутсионӣ онҳо назари манфӣ ва хатарнок доранд. Таълифоти исломии мусулмонони Мовароуннаҳрро куфру ширк меҳисобанд. Аллома Мотуруддии Самарқандӣ (р) ва таърихшиносу муфассири бузург Ҷарири Табарӣ (р)-ро бо алфози қабеҳ кофир ҳукм мекунанд. Ба хотири он, ки онҳо зодаи мулки Хуросон ва тоҷик мебошанд».

Хотирнишон намудан бамаврид аст, оид ба хондани намозҳои суннат Оиша (р) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Касе, ки дувоздаҳ ракъат суннатро мувозибат ва пойпандӣ намояд, Худованд барояш дар ҷаннат хонае бино мекунад. Чаҳор ракъат қабл аз пешин ва ду ракъат баъд аз он, ду ракъат баъд аз шом ду ракъат баъд аз хуфтан ва ду ракъат қабл аз намози фаҷр» (Тирмизӣ ва Насойи онро ривоят намуда, лафзаш аз Тирмизӣ аст, баъд аз он Тирмизӣ гуфт: «Дар ин боб аз Умми Ҳабиба ва Абӯҳурайра ва Абӯмӯсо ва Ибни Умар низ ривоят шудааст»).

Яке аз намояндагони руҳонияти ҷумҳурӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, чанд сол пеш зимни ташвиш аз густариши равияҳои бегона чунин гуфта буд: «Имрӯз мо фарзандонамонро на дар мактаб таълими исломӣ дода метавонему на дар хона, то ин ки онҳо ҳақиқати дини мубини исломро ба пуррагӣ дарк намоянд. Бо сабаби он ки мо афкори насли ҷавонро бо таълими ҳанафӣ мусаллаҳ накардем, ҷои холиро равияҳои бегона пур карда, ба мардум зиёни зиёди мазҳабӣ расонида истодаанд».

Аз байни руҳониёни суннатӣ инчунин домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ин суханҳоро тасдиқ карда, чунин мегӯяд: «Одатан он шахсоне ба ҷараёни тундгароӣ рӯ меоранд, ки аз асли мазҳаб бехабаранд. Иддае аз ҷавонон, аллакай, дар хизмати ҷароёнҳои тундгаро афтода, ба гӯруҳҳо тақсим шуда, бо рафтору гуфтори нодуруст муносибатро ба ҷангу низоъ оварда расониданд».

Равияҳои барои мардуми мо бегонаро он касоне, таблиғу паҳн мекунанд, ки барояшон мафҳуми мазҳаб, миллат, ватан арзише надорад. Тундгароии онхо боиси фитна ва нооромии ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, дар мамлакат фаъолияти ҷараёни «Салафия», «Ҳизбуттаҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон» ва ғайра манъ шудааст.

Файласуф Фатҳулло Гюлен дар яке аз мусоҳибаҳояш оиди исломи радикал ва исломи мудерн (замонавӣ) мегуяд: «Ман дӯст медорам ба ин нуқта ишора намоям, ки ислом як аст ва дар ҳама ҷо якхела аст. Тафовутҳои калон байни «намудҳои ислом», ки мусулмонҳо дар сар то сари ҷаҳон онро амалӣ менамоянд, вуҷуд надоранд. Тамоми мусулмонҳо муътақид ба усулҳои ягонаи имон, аркони ибодат, меъёрҳои ахлоқӣ, усулҳои муомилот ва қонунҳое, ки аз нигоҳи динӣ ҳалолу ҳаромро таъин мекунанд, мебошанд.

Аммо дар ҳолату шароити махсус ва ба сабаби тафсирҳои гуногуни баъзе қонунҳо ва мафоҳими исломӣ, ки хусусияти замонии мутағайир доранд, баъзе мусулмонҳо, ки ақаллияти хурдро ташкил медиҳанд, дар муаррифии ислом сабку равиши мухталиферо пеш мегиранд. Ба эътиқоди ман, ҷаҳони имрӯз дар бораи он иддаи хурди мусулмонҳо бештар мешунавад, ки илова бар доштани дидгоҳи мутафовит дар баъзе қонунҳо ва мафҳумҳо, дар муаррифии худ онҳо ба баъзе воситаҳое паноҳ мебаранд, ки ҳам барои ислом қобили қабул нестанд ва ҳам ақли солим онро намепазирад».

Мо бояд ба ҷавонони кишвар шароити хуби корӣ, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактабҳои олии қаламрави ҷумҳурӣ муҳайё намудани шароити ҳамаҷонибаи донишомӯзӣ бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи дини ислом, таълимоти дурусти пешрафтаи исломӣ таъмин намуда, нагузорем, ки онҳо дар дигар мамлакатҳо худро озод ҳис кунанд ё баракс ҳақиру заъиф шуморида ҳар гуна ақидаҳои мухталифе, ки байни мусулмонҳо тафриқа меандозанд ба худ қабул накунанд. 

Шуъбаи тарбия


19.09.2020     458
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php