Тоҷикистон дар мубориза алайҳи тероризм

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолият давлати Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим - ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои мубориза бар зидди экстремизм барои пешгирӣ аз ин тамоюл тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, зеро ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён қарор гирифта буд. Бо талошҳои пайгирона ва ҷонбозиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз нестшавӣ ва миллати тоҷик аз парокандагӣ раҳо ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)" (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои  амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Террористон аз ибтидо ба воситаи тарсонидану даҳшатафканӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд, ки ин амалҳо боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегарданд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст. Дар ҳақиқат, терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва игвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.

Ба тероризм танҳо бо роҳи низомӣ ғалаба кардан ғайриимкон аст. Дар ин росто, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот муҳим мебошад. Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории хеш мақомоти қудратии ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд. Муборизаи мо алайҳи экстремизму терроризм дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон бояд бошад.

Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа,

Муҳидинова М. – мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


08.04.2021     271
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php