Сатҳи ифротгароии ТТЭ ҲНИ бемаҳдуд аст

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ худро мухолифини сарсахти давлати Тоҷикистон дониста, аз ҳар дару дарвоза сару садое баланд карда, Давлату Ҳукумати Тиҷикистонро зери интиқоди шадид қарор медиҳанд ва бо ифтихори сохтаву бофта мегӯянд: «вақте худро аъзои ҳизб мегӯем, бояд ифтихор дошта бошем, ки аъзои як ҳизби исломием, ҳизбе, ки дар пояи фармудаҳои Қуръону суннат роҳандозӣ шудааст». Мутаассифона, ҳизбе, ки суннатро зери по кардаву онро М. Кабирӣ ба манфиати гурӯҳӣ табдил дод. М.Кабирӣ ба ҳақиқати ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар баҳои воқеӣ надода, адовату душмании худро нисбат ба давлату миллати тоҷик пайваста идома медиҳад. Ҳол он ки онҳо буданд, ки дари ихтилоф дар динро ба рӯи мардуми тоҷик кушоданд ва боиси вуруди ақидаҳои бегона ба кишвар гардиданд.
Ба худ ислоҳотхоҳи динӣ ном гузоштан, фиреби назар ва бешармии рӯирост аст.
Ин ҳизб аз оғози фаъолияташ бо хуну хасм гиреҳ хӯрдааст. Онро ба ҳеч сурат наметавон ислоҳотхоҳ донист. Ислоҳоти онҳо дар ҳадду сарҳади чигунагии тақсимоти кулух маҳдуд мешавад. Ислоҳотро дар решаёбии динӣ мебинанд ва чун зоҳирпарастони асримиёнагӣ, тарзи пӯшиш ва кӯшиши якҷонибаи мазҳабиро дар хизмати парвариши ақидаи пуч гиреҳ медиҳанд.
Падидаи дигаре ки наҳзатиҳо ҳамеша ба он моил буданд ва фаҳмидаву нофаҳмида ҷомеаро ба бероҳагӣ ҳидоят медоданд, мафтуншавӣ аз тимсоли мулло ва падидаи эшонпарастӣ буд. Ин тамоюли муллопарастӣ ба сони баъзе кишварҳои «ҳамзабон», то андозае зиёд буд, ки шиорҳои равшанфикрони ин давра, аз тарафдорони ҳуҷҷатисломиҳо тафовут надошт.
Яъне ба таври нохудогоҳ, дар ниқоби мулло ва ифротгаро ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Тоҷикистони тоза ба Истиқлол расида, таҳрик карданд ва ба ҷабҳагирии хилофи манфиатҳои дарозмуддати мардум, водор менамуданд.
Ин табақаи ғӯтавар ба номи наҳзатӣ дар андешаҳои хоми худ бобати оянданигарӣ ва тақдири миллат иттилооти саҳеҳ ва тавони таҳлилу таҷзияи қонунҳои ҷомеаро надорад, куҷо расад ба маҳкум кардан.
Мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯз бори дигар шоҳиди он мегарданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ки зери як «Паймон» аҳд бастаанд ва аз режими пешгирифтаи хеш, ки аз ваҳшоният ва поймол намудани ҳуқуқҳои фитрии инсон иборат аст, ҳоло ҳам даст кашиданӣ нестанд. Айни замон дар кишвари Олмон ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки дар дафтари аъмоли он 146 адад ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ сабт гардидааст, барои пиёда сохтани ақида ва афкори ғализи хеш ҷойгир гардидааст. Муҳоҷирон, сокинон ва бошандагони муваққатии тоҷикони Олмон пеш аз ҳама бояд дарк намоянд, ки таҷрибаи таърихи кӯтоҳи ватанамон нишон дод, ки зери ниқоби “ислом” ва ҳамакнун “демократия” қувваҳое амал мекарданду мекунанд, ки бо нияти тағйир додани сохти конститутсионии кишвар амалиёти тарғиботию ташвиқотӣ ва ҳарбию сиёсиро пеш гирифта, ҳатто ба табаддулоти давлатӣ даст заданд. Бо истифода аз номи поки дини ислом ин гурӯҳи хиёнаткор бар он мекӯшад, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон бадном созад, ки ин рафтори онҳо хиёнати рӯйрост ба Ватану миллат аст.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

12.06.2020     211
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php