Саҳми Тоҷикистон дар оромии минтақа ва мубориза бо тероризм ва экстремизм

Терроризм ва эктремизм, ки зуҳуроти хавфноктарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба бор меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:“Террорист Ватан, миллат ва дин надорад”.Коршиносон дар заминаи таҳлилҳои худ ба хулоса омадаанд, ки қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд.Имрӯз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳама давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда т, фаъолияти онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардонда боиси саргардонӣ ва кашоқии ин мардум гаштааст. Ба маврид аст, ки барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро қабул мекунанд.Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона карда мешавад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мафҳуми терроризм чунин омадааст: Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар обектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии молу мулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи баналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмиллалӣ содир шуда бошанд, эътироф мешавад.
Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ду намуди террор маънидод карда мешавад:
Якум, терроризм ба мақсадҳои сиёсӣ, яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ.
Дуюм, терроризми ҷиноятӣ, яъне гуруҳҳои ҷинояткорӣ муташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти мӯътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад ва шароит муҳаё месозанд барои содир кардани ҷиноят, масалан ҷиноятҳои трансмиллии бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқамандбуда ва дигарҳо.
Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣ онҳо рақибони худашонро метарсонанд ва мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд.
Азбаски, ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқа доранд, ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ҷинояткорӣ муташаккил, ки дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурӯши силоҳ,ҷиноятҳои трансмилӣ даст доранд, истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъовар таъмин мекунанд, байни якдигар ҳамкорӣ доранд.
Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амалӣ сохтани акти террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд.
Аммо, дар ҳар ду сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳар ду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.
Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷинояти терроризм ва эктремизм мувофиқи Оиномаи Созмони Миллали Муттаҳид мусоидат мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муаззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм шартномаҳо ва созишномаҳои дутарафа оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар масоили шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, тиҷоратӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза ба муқобили терроризм, эктремизми динӣ ва сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва дигар таҳдидҳои устуворӣ ва амнияти ҷонибҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Туркия, Хитой ва ғайра бастааст.
Эъломия дар бораи чораҳо оид ба барҳамдиҳии терроризми байналмилалӣ, ки онро Ассамблеяи СММ бо қарори № 49/60 аз 09.12.1994. с. қабул намудааст;
- Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза ба муқобили терроризми бомбавӣ аз 12.01.1998. с;
- Шартнома дар бораи ҳамкории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди терроризм аз 04.06.1999 с;
- Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм аз 09.12.1999 с;
- Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15.06.2001 с;
- Созишномаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ доир ба мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар нақлиёт аз 15.09.2004 с;
- Консепсияи ҳамкории давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар амалҳои экстремистӣ аз 28.05.2005. с;
- Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ, ки онро Ассамблеяи СММ бо қарори № 20/288 аз 20.09.2006 с. қабул намудааст;
- Шартномаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм аз 05.10.2007 с;
- Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай зидди терроризм аз 16.06.2009 с.
Дар асоси санадҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро ба роҳ монад, оид ба сари вақт пешгирӣ кардани ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва эктремизм чораҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯӣ, таҳқиқӣ, тафтишотӣ гузаронад.
Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаю маҷаллаҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.Мардуми шарифи мо зиракии сиёсиро аз даст надода дар фазои давлати соҳибистиқлол демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда ҳамеша шукргузор бошад.
С.А. Таибов сардори маркази итилоот ва робита бо ҷомеаи донишгох.

21.05.2020     680
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php