Роҳҳо ва гурӯҳҳои махфии навпайдо

Хабарнигорон дар иттилоотҳо менависанд, ки ТТЭ ҲНИТ , ки Додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 фаъолияти Ҳизби Наҳзатро мамнуъ эълон намуда , ҳизбро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил кард. Ин воқеъ баъд аз сар задани амали ҷинояткоронаи инқилоби нокоми аъзои Ҳизби Наҳзат бар зидди Ҳукумат сурат гирифт. Ҳизби Наҳзат ин амали худро бо кумаки собиқмуовини Вазири МУдофиа генерал Абдуҳалим Назарзода анҷом додан мехост. Дар асоси Созишномаи ваҳдати миллӣ , ки соли 1997 дар Москва сурат гирифт , А. Назарзода яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба шумор мерафт.
ТТЭ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИш истифода бурда, роҳи василаҳои махфии наверо балки ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст . Инчунин чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби Наҳзат ташкил ёфтааст.
Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70 –уми (1974) асри гузашта навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷори карда буданд , ки ҳоло низ ин тартиб истифода мешавад.
Як навъи аъзои Наҳзатро онҳое ташкил медонанд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои Шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ , амборхонаву гаражҳо) ба кор даромада , дар миёни деҳқонон ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳони таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирони кории тоҷик , ки дар хориҷии кишвар ва хусусан дар Аврупо қарор доранд , эмин намондаанд.
Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд,дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта,бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш чун қатли терори шахсони шинохта,одамрабоӣ ва одамкушӣ,ғоратгарои ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамои карда мешавандва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд.
Олимони шинохтаи ҷумҳурӣ,собиқИттифоқи Шӯравӣ,ҷаҳонӣ Муҳаммад Осимӣ, Исҳоқӣ Юсуф, Минҳоҷ Ғуломов, Моёншо Назаршоев, шахсони бузурги ҷумҳурӣ Карим Юлдошев, Сайф Раҳимзода, Муродулло Шерализода, Айнулло Неъматов, Муҳиддин Олимпур, Ҳабиб Сангинов , Отахон Латифӣ , Давлатали Раҳмоналиев-ро ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба ки содир карда мешавад, бо дасти ки ва мусоидати ки содир карда мешавад, бо дасти к ива мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан , роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст , ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд ,ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир кардаанд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон , ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар карданнамехоҳанд.
Асоси ақидаи ДИИШ дар Ҳизби наҳзати Тоҷикистон ҳар ду як масдар сарчашма мегиранд. Оҳо аз ақидаи Саид Қутб , пешвои « Ихвон-ал-Муслимин», ки фикрҳои худро дар китоби «Маолим ал-Тариқ» ҷой додааст, истифода мебаранд. Ҳамчунин равияҳои “ Ҷамоати муслимин”, “Такфир”, “Ҳиҷра” ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма нерӯи худро ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо дар фикри барпо намудани “Давлати исломӣ” буда , барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери Парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳол он ки дини Ислом аз ин корҳо пок аст. Рафтори ДИИШ дар минтақаҳое ки зери нуфузи онҳо дар Ироқ, Сурия ва Либия қарор доштанд, равшантаррин мисоле барои кирдори онҳо мебошад.
Ҷиноятҳои ҳамшакл ва якмӯҳтавои ваҳшиёнаи ҳар ду гурӯҳ фаъолияти аъзои ДИИШ ва ҳизби наҳзати исломӣ ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳодӣ Шӯравиро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба шакли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кӯлоб ва Қурғонтеппа рӯх дод. Ин амали онҳо на танҳо мардумро дар ҳайрат гузошта буд. Баъд аз интиҳои намози Ҷумъа, ғайри чашмдошт аъзои ин ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда ба мардуми ҳозиршуда ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон , онҳо узвияти худро ба ҳизби наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию-сиёсии ҳизб ба шумор мерафт.
Ҳадафи анҷом додани чунин як амалӣ терористӣ ба даст овардани нуфузи имомхатибидар дохили ҳар ду масҷид буд. Бо вуҷуди он ки 99% аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда, аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа пайрави мекунанд, аммо аъзои ҳизб мехостанд , ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум паҳн намоянд.
Таърих гувоҳ аст , ки моҳи феврали соли 1990 роҳбарону масулини ташкилоти террористии ҲНИТ бо истифода аз вазъияти ба миён омада (паҳн гардидани овоза дар бораи он ки гӯё ҳукумат дар Душанбе ба арманиҳои аз заминҷунби зарардида хонаҳои истиқоматӣ медода бошад) ошӯбу тазоҳуроти хунин доир сохта, сабабгори ҳалок кардани одамон шуданд. Аммо ин баҳона танҳо рӯзи аввали тазоҳурот буд, дар рӯзҳои минбаъда тазоҳургарон ба зиддӣ аз Арманиҳо фаромӯш кардан, ва аз тарафи онҳо танҳо шиорҳои зиддӣ ҳукуматӣ садо медод.
Баъдан маълум гардид ки издиҳоми тазоҳургарро муллоҳову рӯҳониени ифротӣ ва манфиатҷую фурсатталаб, махсусан масъулони ТЭТ ҲНИТ ба майдон кашида, тавассути ин амалашон мехостанд ҳадафҳои душманонаю хоинонаи хешро татбиқнамоянд.
Ин чунин равшан шуд, ки овоза дар бораи ба арманиҳо додани хонаро наҳзатиҳо ба таври мақсаднок паҳн карда, одамонро дар муқобили ҳукумат шӯр андохта буданд. Дар асл мехостанд, ки аз ҳолати ҳамон замон (суст шудани пояҳои давлатдори дар ИҶШС) суиистифода карда , вазъияти ҷумҳуриро ноором созанду ба истеъфои роҳбарони кишвар дастёб гарданд ва тадриҷан ба қудрат бирасанд.
Ташкил кардани ошӯбҳои хунини баҳманмоҳ аввалин амали калони террористиро тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ буд.
Роҳбарону масъулони наҳзати бо истифода аз ҳолати ба миён омада ба амалҳои пасту разилона ва хоинонаю душманона даст зада мехостанд дар ҷомеъа нуфуз пайдо кунанд ваҳокимияти сиёсиро ба даст оранд.
Он замон наҳзатиҳо бешарафонаю ноинсофона фазои оромӣ Тоҷикистон ваҳаёти осоиштаю хурсандонаи мардумро бо амалҳои ноҷавонмардона ва рехтани хуни инсонҳо халалдор карданд.
Онҳо ба хотири расидан ба мақсади нопокашон аз зишттарин амалҳо ва ҷинояти мудҳуши қатлу ғорати инсонҳои бегуноҳ худдорӣ накардаанд. Хамагон ба хуби медонанд, ки дар интиҳои солҳои 80-уми асри ХХ дар тамоми қаламрави собиқ ИҶШС мавҷи истиқлолу озодхоҳи паҳн гардид ва то марзи Тоҷикистон низ расид. Ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин монанд дар ҷумҳуриҳои дигар Озорбайҷон, Арманистон ва Гурҷистону Қазоқистон ҳам рӯх доданд. Аммо ҳаводиси баҳманмоҳ аз воқеъоти он кишварҳо фарқмекард. Яъне давоми баҳманмоҳи хунин ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд.
Саволе ба миён меояд , ки чар, вале маҳз дар меҳани мо боиси ҷанги бародаркушӣ 5-сола гардиданд?.
Посух басо оддӣ ва равшан аст, чунки дар он кишварҳо созмонҳои террористии мисли ТЭТ ҲНИТ амал намекарданд.
Маҳз ҳамин ТЭТ ҲНИТ буд , ки мардуми Тоҷикистонро ба майдону сангарнишини даъват намуда , байни табақаҳои мухталифи ҷомеъа ҷудоӣ андохт ва мавҷи озодихоҳию истиқлолро ба ҷанги шаҳрвандмубаддал гардонид.
Моҳи апрели соли 1992 ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аввалин амали ҳизб ин рабудани шахсиятҳо бонуфӯз ва озод намудани маҳбусони пайрави ҳизб дар минтақаи Туркмантстони ноҳияи Вахш буд.
Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари миёна ба ёд меорад.
Баъд озод намудани ин минтақа аз дасти аъзои ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи ҳизб пайдо гардидааст.
Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуайян монд. Дар дигар минтақаҳои ҷумҳури ҳазорон касонро сар буридандба даҳонашон асфалти ҷӯшон рехтанд, чок кардани шиками кӯдакон.
Яке аз саҳнаҳои даҳшатангези он маҳбас ки аз амалкардаҳои ДИИШ ҳам ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд.Узвҳои мардона дар ҳар гушаи маҳбас ба назар мерасид. Аз ин ру вақте ки ҷиноятҳои даҳшатнокДИИШ дар Сурия , Ироқ, Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик ӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд.
Аҷибаш дар он аст , ки Шамсиддин Саидов яке аз масъулони ин маҳбас ва ҳамчунин узви фаъоли маҷлиси сиёсии ин ҳизб ба шумор меравад. Ӯҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада , аз минбарҳои баланд, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад.
Ӯбаъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш мехоҳад, ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди ҳукумати Тоҷикистон барангезад. Зеро ҳизбаш баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имконияти расидан ба сари қудратро пайдо накард.
Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзои ҳизби наҳзат , ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “ҷиҳод дар роҳи Худо” бар зидди ҳукуматҳои кофир дар Сурия, Ироқва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои “баҳори араб низ истифода бурданд”.
тоҷиконе , ки дар Сурия ва Ироқҷангида, баъд аз шикаст хӯрдани ДИИШ аз зарбаҳои ракетавии зериобии киштиҳо ва самолётҳои реактивии низомии Русия бо азобу машаққат ба Афғонистон гурехта ба филиали “ Давлати исломӣ”- вилояти Хуросон ҳамроҳ гаштанд, ки соли 2015 ташкил шудааст ва ба ҷангиёни аз ҳар давлатҳо ҷамъ шуда , аз Чин , СНГ, Қафқоз, Юлдошев собиқ роҳбарони кушташудаи ҳаракатҳои террористии исломии Ӯзбекистон ва Туркистон ба онҳо ҳамроҳ шуда байят ва фатво доданд, дар шаҳҳои Қундуз, Мазори Шариф, Бадахшон ҷойгир шуда, ниятҳои ғаразноки худашонро аз “ Халифат” кардани Осиёи Марказӣ , азбохти Сурия амрико бошад Афғонистонро ба Сурияи дуввуми табдил додан мехоҳад, бо яроқҳои худ ва пулҳои Арабистони Саудӣ , Омон, Қатар, сарҳадро нотинҷ карданд., назорат ба давлатҳои Чин, Эрон, Ҳиндустон , Руссия ният доранд. Хатарии эҳтимолии таҷовуси “Давлати исломӣ” аз ҳудуди Афғонистон ақлҳоро дар Осиёи Миёна ва Қазоқистонро ба изтмроб овардааст. Муносибатҳои байниҳамдигарии ҷунбиши “Толибон” ва гурӯҳи “ДИИШ”дар Афғонистон ва ҳамчунин ҷараёни инкишоф ва миқёси нуфузи “ДИИШ” аз ҷумла дар самти Осиёи Марказӣ аллакай чанд сол боз хусусияти мунозиравӣ ва гоҳҳо ҳаннотӣ дошт. Маълум аст, ки наздикшавии анҷоми ҷанг дар Сурияву Ироқба ин маъракаи иттилоотии ваҳмовар шавқмандии нав медиҳад.
Толибҳо ва ДИИШ (бо номи “Вилояти Хуросон”) дар Афғонистон якҷоя арзӣ вуҷуд доранд.
Онҳо соли 2014 муносибатҳои бетарафона ва ҳатто дустона доштанд, лекин соли 2015 онҳо ба марҳалаи зиддияти тезу тунд гузаштанд, ва заду хӯрдҳо байни онҳо солҳои 2016 ва 2017 ҳам вуҷуд доштанд.
Тобистони соли 2016 , баъди вафоти “губернатори”-и якуми ДИИШ (“Вилояти Хуросон”) Ҳофиз Саидхон ҷойгузини вай Ҳасибулло Луғарӣ тактикаи созмонро тағйир дод ва хост нисбати қабилаҳои паштун муносибати мавзунтарро амалӣ кунад ва паштунҳоро ба фаъолияти худ ҷалб намояд, зеро онҳо аксар вақт усулҳои маҷбурии ҷалбро рад мекарданд. Ин натиҷаҳои муайяне дод, ҳарчанд ба ДИИШ чун пештара муносибати манфӣ доштанд ва онро ишғолгари хориҷӣ меҳисобиданд.
апрели соли 2017 дар ҷараёни рейди қувваҳои ҳукуматии Афғонистон ва қисмҳои махсуси амрикоӣ дар вилояти Нангарҳор Ҳасибулло Луғарӣ кушта шуд. Вобаста бо ин дар роҳбарияти марказии ДИИШ дар Сурия дигаргунии хеле муҳим ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи мағлубияти калони созмони “Давлати исломӣ” дар ин ҷой ҳам муносибат ба “Вилояти Хуросон” якбори тағйир ёфт ва вазифаи муҳофизати худу ҳеҷ набошад ҳадди ақал нигоҳ доштани мавқеъ дар Сурияву Ироқ муҳимтар гардид. Ин ба оғоз ёфтани муборизаи фач барои лидерӣ дар сохтори афғонистони ДИИШ мусоидат кард. Тобистон боз ҷудоии сахт дар дохилӣ гуруҳ ба вуҷуд омад. Ба ин қарори аксарият дар бораи интихоби “ губернатор”-и нав сабаб шуд. Ба ин вазифа Охунзода Аслам Фаруқӣ паштуни покистонӣ интихоб гардид.
Дар ҳайати дастаҳои Фаруқиро эътироф мекардагиҳо покистониҳо, гуруҳҳои паштунҳо ва балуҷҳои афғонистонӣ буданд.
Ядроӣ гуруҳҳои ба Фаруқӣ мухолиф асосанқумандонҳои дастаҳои мавҷудияташро пештар қатънамудаи ҷунбиши исломии Ӯзбекистон шуданд, ки дар ҷараёни амалиётҳои сершумори қувваҳои ҳукуматии Покистон зарар диданд ва ба қабилаҳои маҳалии паштун вориди зиддияти пайваста шуданд.
Роҳбарияти марказии ДИИШ дар Сурия гуфтушунидҳои байниду гуруҳро ташкил кард ва онҳо чанд моҳ идома ёфта бе натиҷа анҷом ёфтанд.
Дар натиҷа роҳбарияти марказии ДИИШ Аслам Фаруқиро “губернатор” эътироф накард ва амалан корро ба ҳоли худ гузошт.
Гуруҳи ба Фаруқӣ мухолиф тирамоҳӣ соли 2017 пурра дар шимолу шарқва шимоли ғарбӣ ҷузҷонӣ Афғонистон мустақар шуд.
Сарвари онро яке аз қумандонҳои деринаи ҷунбиши исломии Ӯзбекистон собиқбо тахаллуси Муавия, тибқи маълумоти тасдиқшуда зодаи Ӯзбекистон ба ӯҳда гирифт. Ба гуруҳи вай дастаҳои Умар Ғозӣ ( шайхУмар писари Ҷумъаи Намангонӣ) ва Азизуло ( Абдураҳмон) , Юлдош ( писари Тоҳир Юлдош) гӯруҳҳои тоҷикҳо ва ӯзбекҳои Афғонистонӣ , ҳамчунин чеченҳо , туркҳо ва ӯйғурҳо дохил шуданд. Онҳо дар вилоятҳои шимолӣ амал мекунанд.
Тибқи баъзе маълумот шумораи ҷангандаҳое, ки ба муавия итоат мекунанд то ба 2000-2200 мерасад ва ҳамчунин боззахираи тез сафарбаршаванда 3800 то (4000) одам .
Бино ба маълумоти вазири дифоӣ Афғонистон Т. Аей бошад ҶӢА аз 8 то +12000 ҷангандаи ДИИШ амал мекунанд, ки онҳо ба се гуруҳи асосӣ тақсим шудаанд:
Исломистҳо аз Покистон , ҷавонон аз Ховари наздик, Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқва ҳамчунин зодагони Осиёи Марказӣ.
Гурӯҳи охири сершумортар аст ва дар наздӣ сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ амал мекунанд.
Дар вилоятҳои Фороб , Қундуз, Тахор , Бадахшон алакай як қатор пойгоҳҳо марказҳои машқӣ , аз ҷумла барои занҳои терорист мавҷуданд.
Бо якчанд иттилоотҳо қарибии 5600 ҷангии –қотилон аз 33 давлатҳои ҷаҳон ба хонаҳояшон гашта омаданд, ки ин ташвишу хавфӣ калон ба идораҳои махсуси низомӣ –амниятии бисёр давлатҳои ҷаҳон ва аҳолии онҳо оварда расониданаш мумкин аст.
Мисоли оддӣ:
Фақат соли 2017 Хадамоти махсусӣ Руссия 56 Ячейкаи пинҳонкори терористиро пешгири намуданд. 1018 ҷангандаро дастгир , 76 терористро несту нобуд карданд.
Солҳои охир ба гуруҳҳои терористӣ ва “ДИИШ” пайвастани ҷавонон, сокинони як қисми давлатҳои Ғарб (Олмон, Белгия, Фаронса, Англия), Амрико, Руссия, Осиё- Малайзия, Индонезия, Афғонистон, Покистон, Эрон ва ғайраҳоро ноором кардааст.
Шарипов Ф.С., устоди кафедраи беҳдошти муҳити зисти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, корманди шоистаи ҶТ.

29.05.2020     406
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php