ПАЙДОИШ ВА МОҲИЯТИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМИИ ИРОҚ ВА ШОМ (ЛЕВАНТА)»

Дар ташаккули ба ном «Давлат исломӣ» гуруҳи «Ал-Қоида» ва саҳми бевоситаи террористи дараҷаи байналмилалӣ Абу Мусоба аз-Зарқавӣ хеле зиёд мебошад. Сараввал гурӯҳи «Шӯрои муҷоҳидин» (соли 2006) ташкил шуда, баъдтар ба он гурӯҳҳои «Ҷайш ат-Тайфа ал-Мансур», (Артиши ҷамоаи ғолиб), «Ҷайш аҳлу-с-Сунна ва-л-Ҷамоа» (Артиши аҳли суннат ва ҷамоат), «Ҷайш ал-Фотеҳин» (Артиши ғолибон) ва «Ҷунд ас-Саҳоба» (Артиши саҳобагон) ва ба ин монанд боз ба ҷамъи 11 гурӯҳҳои радикалии исломӣ ворид шуда, 15-уми октябри соли 2006 ,   «Давлати исломии Ироқ» (ДИИ)- ро таъсис доданд.

Дар солҳои пас ба ин ташкилот гуруҳҳои хурди исломӣ, чун «Ансор-ат-тавҳид», «Ал-Ғураба», «Ҷиҳоди Исломӣ», «Ҷамоа ал-Мураббитин», «Ансор-ат-Тавҳид ва-с-Сунна», «Фурсон ат-Тавҳид», «Ҷунди миллати Иброҳим» низ шомил шуда буданд. Аввалин пешвои сиёсии «ДИИ» Абу Умар ал-Бағдодӣ таъйин гардид.                                                                                                       

Ин «давлат» 9 уми апрели соли 2013 ба худ номи нав ба забони арабӣ «Давлату-л Ироқийати ва Шомия» (Давлати Исломии Ироқ ва Шом (Леванта)»-ро   гирифт. Дар соли 2013 ҷангиёни «ДИИШ» бар зидди режими Башор Асад аз ҷониби қуваҳои зиддиҳукуматӣ ворид шуда буданд.

Ин амали онҳо боиси афзоиши норозигӣ байни роҳбарияти гуруҳи «Ал-Қоида» ва «ДИИШ» гардид. Сарвари гурӯҳи «Ал Қоида» Завоҳирӣ аз роҳбарони «ДИИШ» талаб намуд, то онҳо хоки Сурияро тарк карда, бо отрядҳои ҷангии худ ба Ироқ баргарданд. Аммо ҷангиёни «ДИИШ»ба ин амри Завоҳирӣ итоат накарда, фаъолияти худро мустақилона дар Сурия давом доданд. Дар натиҷа «намояндаи Қонунии» гурӯҳи «Ал-Қоида» «Ҷабҳат- ан-Нусра» эълон гардид .

Моҳи феврали соли 2014 роҳбарияти гурӯҳи «Ал-Қоида» эълон намуд, ки онҳо минбаъд «ДИИШ»- ро дастгирӣ намекунанд. Баъди ин ҳодиса барои доираи нуфуз ҷангҳои шадид байни «ДИИШ» ва «Ҷабҳат ан-Нусра»- и гурӯҳи «Ал-Қоида» дар Сурия сар шуда, танҳо дар соли 2014 бар асари он ҷангҳо 1800 нафар ҷангиёни ҳар ду тараф кушта шуданд .

Моҳи январи соли 2014 ҷангиёни «ДИИШ» муносибати сахту шадид нисбати салафиёнро пеш гирифта (чун салафиён дар «Ал-Қоида» таъсири калон доранд), ки ин боиси задухӯрди яроқнок байни ҷангиёни «ДИИШ» ва гурӯҳҳои Суриягии «Ҷабҳат-ан-Нусра» - шӯъбаҳои «Ал Қоида» дар Сурия гардида, бо ҳамин то 3 ҳазор нафар ҷагиён аз ду тараф ба ҳалокат расиданд.

Пешвои «Ал-Қоида» Имон Завоҳирӣ моҳи феврали соли 2014 эълон намуд, ки «ДИИШ» дигар ба «Ал-Қоида» таалуқ надорад, аммо баъди ташкил шудани коалитсияи байналмилалӣ бар зидди «ДИИШ» гурӯҳи «Ал-Қоида» ва итифоқчиҳои он ҷангро бо «ДИИШ» қатъ намуда, ночор бар зидди ин коалитсия муваққатан муттаҳид шуданд.

Гурӯҳи ҷангиёни «ДИИШ», махсусан дар тобистони соли 2014 ,беҳад фаъол гардида, ҳуҷумро дар шимол ва шимолу ғарби Сурия (Курдистон) сар намуданд. 10-уми июни соли 2014 онҳо бо роҳбарии қумондони саҳроӣ Тархон Батирашвилии гурҷистонӣ аввал шаҳри Мосул (дуюмин шаҳри бузурги Ироқ), рӯзи дигар шаҳри Тикритро (зодгоҳи Саддом Ҳусейн) забт карданд.

Чуноне ки маълум аст, дар охири моҳи июни соли 2014 ҷангиёни «ДИИШ» давлати худ бо номи «Хилофат»-ро эълон намуда, ҳудуди онро аз шаҳри Ҳалаби шимоли Сурия то музофоти Диялаи Ироқи шарқӣ муайян карданд. 3 августи соли 2014   ин гурӯҳ дастаҷамъона ду кони калони нафтро дар Ироқ ба дасти худ дароварданд.

Санаи 29-уми июни соли 2014 «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» «Хилофат» эълон гардида, «халифа»-и он сарвари ҷангиён Абдуллоҳ Иброҳим ас-Самароӣ, ки бештар бо номи Абу Бакр ал-Бағдодӣ маълум буд, эълон гардид. Аммо «Хилофат»-ро ягон давлати ҷаҳон ба расмият нашинохтааст.           

Баъди ташкили ҳукумат, гурӯҳи «ДИИШ» дар музофоти Раққои Сурия ва ситоди асосии он дар ин шаҳр воқеъ аст, баъзе аз аъзоёни хориҷии ин гурӯҳ эълон намуданд, ки онҳо акнун ба табаият эҳтиёҷ надоранд. Қисме аз онҳо намоишкорона шиносномаҳо (паспортҳо)-и кишвари худро ё сӯзониданд ва ё   онҳоро зери сабти навори видео дарронида партофтанд. Масалан, дар видеоролики «ДИИШ» нишон дода шуд, ки чӣ тавр сокини собиқи Федератсияи Россия бо номи нави худ - Абу Зубайр ар-русӣ ин амалро иҷро намуд.

Мувофиқи таҳлили коршиносон ва гуфтаҳои саркардагони Хилофат, «ДИИШ» мақсад дорад, то доманаи амалиёташро баъди Сурия ба Арабаситони Саудӣ кучонида ва аз он ҷо доираи фаъолияташро ба дигар давлатҳои ҷаҳон паҳн намояд.

Бояд таъкид намуд, ки гурӯҳи ҷангиёни «ДИИШ» на танҳо дину мазҳабҳои дигар, балки ҳатто пайравони ҷараёни салафияро дар Ислом низ бад мебинанд. Вале роҳбарияти ин гурӯҳ корҳоеро дар оянда амалӣ кардан мехоҳад, ки онҳо, ҳатто гӯшу хаёли тарафдорони салафия наомадаанд. Чунончи, яке аз пешвоёни гурӯҳи «ДИИШ» Абу Туроб Муқаддасӣ эълон намудааст, ки «мо бо иҷозати Оллоҳ Каъба (хонаи Худо)-ро дар Макка бо роҳбарии шайхамон ал-Бағдодӣ вайрон мекунем ва ҳатто ҳоҷиёни аз тамоми дунё он ҷо омадаро низ қатл хоҳем кард. Чунки ин нафарон ба Макка на ба хотири Оллоҳ, балки танҳо барои даст расонидан ба санги сиёҳ меоянд».

Тирамоҳи соли 2014 чунин хабарҳо пайдо шуданд, ки гуё «ДИИШ» барои ҳамла намудан ба ноҳияҳои сарҳадии Эрон маблағ ҷамъ меорад, ҳарчанд сарвари ВКД Эрон Абдул Ризо Фазлӣ ин маълумотҳоро рад намуда буд. Аммо мувофиқи маълумоти ВКД-и Эрон ин гурӯҳ аҷаб нест, ки вақтҳои наздик ба Эрон низ ҳамла намояд. Мутобиқи ахбори баъзе аз сарчашмаҳо, дар Эрон тарафдорони «ДИИШ»-ро дастгир мекунанд ва ин ашхос, асосан афғонҳо ва покистониҳо мебошанд, ки   мехоҳанд тавассути хоки Эрон ба Ироқ раванд.

Дар натиҷаи амалиёти ҷангиёни «ДИИШ» бештар шиаҳо, насрониҳо, язидҳо қатл гардида, занону кӯдакони зиёди онҳо асир шуда, дар лагерҳои консентратсионӣ нигоҳ дошта мешаванд. Танҳо аз худи Ироқ 13 ҳазор оила, баъди тассаруфи як қатор минтақаҳои ин кишвар аз ҷониби ҷангиёни «ДИИШ», ба дигар давлатҳо гуреза шуданд.

Аз ин лиҳоз, ҳукумати Ироқ ночор ба ҷомеаи байналхалқӣ муроҷиат намуд, то дар мубориза бо ҷангиёни «ДИИШ» ба он кумак расонанд. Вобаста ба ин, давлати Федератсияи Руссия шумораи зиёди тайёраҳои ҷангӣ ва комлексҳои мушакиву тупиро ба ҳукумати Ироқу Сурия ҳамчун кумаки ҳарбӣ барои мубориза бар зидди ҷангиёни «ДИИШ» ирсол намуд. Зиёда аз ин, дар аввали моҳи октябр қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА-ро лозим омад, то тайёраҳои ҷангии «Apache» –ро барои муҳофизати фурудгоҳи байналхалқии Бағдод, ки ҷангиёни ҳамлагари «ДИИШ» ҳамагӣ 20 км дуртар қарор доштанд, аз ҷудо намоянд.

Бояд зикр намуд, ки новобаста аз эътироф нагардидани «ДИИШ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, вай баъзе аз рамзҳои давлатӣ, маслан, парчами худро дорад ва он шакли зайл дорад: дар қисми болоии парчам «ад-Давлат-ал-Исломия», дар зери он «Ло илоҳа илаллоҳу» ва поёнтари он «Оллоҳ, Расул, Муҳаммад» навишта шудааст. 

Гуфтан ба маврид аст, ки «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» давлати нимвоқеӣ бо шакли шариатии идоракунӣ буда, ҳудуди ба ном «секунҷаи суннӣ»-ро назорат мекунад ва он гурӯҳи «Ал-Қоида»-ро, бинобар сабаби душмани ашаддиии ИМА буданаш, танг карда баровард. Дар худи ҳозир, «ДИИШ» аз хатогиҳои дар фаъолияти худ содиркардаи гурӯҳи «Ал-Қоида» хулосаҳои ҷиддӣ бароварда, фаъолияташро дигар намудааст. Вай акнун дигар ба одамон равияи салафияро бор намекунад ва расман Исломи анъанавиро тарафдор аст, ҳарчанд роҳбарони ин «давлат» на танҳо дигар мазҳабҳо, ҳатто салафиҳои радикалиро ҳам мазаммат карда, онҳоро кофир меноманд. Ҳамчун нишони тағйири самти фаъолияти худ имрӯз «ДИИШ», чун «ХАМОС» дар Лубнон ва «Бародарони мусулмон» дар Миср, дар қаламрави худ мактабу касалхонаҳо месозад.

Ҷангиёни «ДИИШ» бераҳмона суфиёни курдтаборро (гарчи онҳо суннимазҳаб ҳам бошанд) қатл намуда, худро тарафдори эмансипатсияи   занони пайравашон ҳисобида, қисме аз онҳоро ҳамчун дастаҳои зарбазани махсус тайёр мекунанд. Аз ҷониби дигар, роҳбарони «ДИИШ» ғулом гардонидани занони дигар адёну мазҳабҳоро ва фурӯхтани онҳоро чун ашхоси ғайри дин (такфир) қонунӣ гардонид.

Дар ҳудуди забт намудаи худ роҳбарияти «ДИИШ» тарғибу ташвиқи васеи идеологияи худро ба роҳ монда, ҳатто кӯдаконро низ ба ин кор ҷалб мекунад. Пешвоёнии ин «давлат» дар симои кӯдакону наврасон ҷангиёни ояндаи «ДИИШ»-ро мебинанд ва барои онҳо лагерҳои махсус сохта шудааст. Дар ин таълимгоҳҳо кӯдакон зери роҳбарии дастурдиҳандаҳо тарзи бераҳмонаи қатли одамонро, дар мисоли ҷисми асирони зинда, аз худ мекунанд.

Аз мӯҳтавои барнома ва суханронии сарварони «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» мақсадҳои асосии ин ташкилоти террористиро дар шакли зайл муайн кардан мумкин аст:

1. Барҳам додани марзҳои муқарраршудаи давлатҳое баъди барҳам хурдани хилифати Усмонӣ ба вуҷуд омада. Дар асоси ин, ҳамчун вазифаи аввал, бояд давлати нави калони ортодоксалии суннимазҳабони Ироқу Шом (Леванта) дар ҳудуди якҷоя гардидаи давлатҳои Сурия, Лубнон, Исроил, Фаластин, Урдун, Туркия, Кипр, Миср (ҳадди ақал, нимҷазираи Синай) ташкил карда шавад.

2. Вазифаи ниҳояии он – дар оянда тадриҷан ба вуҷуд овардани давлати Исломӣ дар тамоми Сайёра ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти ташхисгарони байналмилалӣ сарчашмаҳои асосии маблағдарёфткунии «ДИИШ» - фуруши арзони нафт бо роҳи қочоқ, роҳзанӣ, одамрабоӣ ва гирифтани маблағ барои озодкунии гаравгонҳо (выкуп), ғорат намудани бонкҳо ва ғайраҳо мебошад. Буҷаи «ДИИШ» дар соли 2014 тахминан 7 млрд. доллари америкоӣ буда, танҳо баъди забти шаҳри Мавсул аз ҷониби ҷангиён ба он танҳо аз захираи пули бонки ш. Мавсул 500 млн. ва тасарруфи филиали дар ин шаҳр будаи Бонки марказии Ироқ аз 900 то 2 млрд. доллари нақд ворид гардид.

Манбаҳои иловагии бюҷети «ДИИШ» дар Қувайту Арабистони Саудӣ қувваҳое ҳастанд, ки ҷанг бо режими Асадро дар Сурия тарафдорӣ мекунанд. Тибқи маълумоти аъзои парламенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Солеҳ Чокар, «ДИИШ» танҳо аз Арабистони Саудӣ ба маблағи 4 млрд. доллар барои бурдани амалиёти террористӣ дар Ироқ гирифтааст. Илова бар ин ҷангиёни «ДИИШ» нефти Ироқу Сурияро бо тахфиф (скидка) дар бозори сиёҳ фурӯхта, танҳо аз ин ҳисоб аз 25 то 60 доллар барои ҳар як баррелл ва бо ин роҳ    3 млн. доллар дар як рӯз ба даст меоранд.

Бешубҳа, миқдори ҷангиёни «ДИИШ» даҳҳо ҳазор нафар буда, онҳо бо яроқи ҳозиразамони ҷангӣ таъминанд. Онҳо фаъолияти экстремистӣ бурда, амаликунандаи чандин ҳамлаҳои терористиро зидди америкоӣ ва зидди НАТО-ро дар хоки Ироқ, зидди ҳарбиёни ироқӣ объектҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошанд.

Масалан, дар моҳи июни соли 2014 шумораи умумии ҷангиёни «ДИИШ» 12 ҳазор нафар, 11-уми сентябри соли 2014 тибқи маълумоти ҒРУ-и ИМА аз 20-31,5 ҳазор нафар, тибқи маълумотҳои мақомоти бехатарии Федератсияи Руссия аз 26 сентябри соли 2014 аз 30-50 ҳазор нафарро ташкил медоданд. Аммо бештари мутахссисон ва ташхисгарон шумораи ҷангиёни «ДИИШ»-ро то 80 ҳ. нафар муқаррар намудаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷангиёни «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» дорои чунин яроқи вазнин, ба монанди авиатсия чун (МиГ-21), воситаҳои зидди ҳуҷуми ҳавоӣ, ки аз анборҳои артиши Ироқ онҳоро чун ғанимат ба даст овардаанд, мусаллаҳ мебошанд.

Тақдири бисёре аз сарварони асосии «ДИИШ» ба таври гугонун чунин анҷом ёфтааст: Дар моҳи марти соли 2010 ҳангоми зарбаи зарбаи ҳавоӣ ду пешвои номии сиёии «ДИИШ» Абу Умар ал-Бағдодӣ, меросхури он Зарқавӣ ва Абу Айюб ал-Масирии Мисрӣ кушта шуданд. Баъди вафоти Абу Умар, тамоми амалиётҳои террористиву ҷангӣ аз номи Абу Бакр ал-Бағдодӣ амалӣ карда мешаванд.  

Бояд ишора намуд, ки «ДИИШ» имконот ва воситаҳои пурзӯри таблиғотиву ташвиқотӣ дорад. Яке аз самтҳои фаъолияти таблиғотии он - ба навор гирифтани филмҳо раванди ҷангҳо ва содир намудани куштор а ҷониби ҷангиёни «ДИИШ» мебошад. Оҷонсии таблиғотии машҳури «ДИИШ» бо номи «Ал-Фурқон» الفرقان – амал намуда, он моҳи майи соли 2014 филмеро бо номи «Салил ас-Саворим» ‎(Ҷарангоси шамшерҳо) ба навор гирифта, аз пирӯзиҳои ҷангиён нақл мекунад. Ҳадафи асосии ин филм - таҳдид ба Амрико ва иттифоқчиёни он мебошад.

Бешубҳа, чунин наворҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия экстремистӣ ба ҳисоб рафта, онҳо ба рӯйхати филмҳои манъшуда ворид карда шуданд. Моҳи октябри соли 2014 даҳҳо сайт, ки дар онҳо ин филм гузошта шуда буд, ҷиҳати зиддиинсонӣ ва танҳо аз куштору бераҳмӣ иборат буданаш, тамошои онро бастанд. Бисёре аз коршиносон доираи фаъолияти Оҷонсии «Ал-Фурқон»-ро бо доираи фаъолияти агентии CNN  ва Ҳолливуди ИМА баробар медонанд.

Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки «ДИИШ» барои англисзабонҳо низ воситаи машҳури таблиғотӣ дар шакли Шӯъбаи медиа - Оҷонсии «Ал-Ҳаёт» ташкил намудааст, ки он нишона (эмблема)-и махсуси худро дорад.

Дар охири моҳи сентябри соли 2014 ташвиқотчиёни «ДИИШ» дар шабакаи Интернет бо субтитр филмеро бо забони арабӣ –« Ҳаёти араб» (Лаҳибу-л- араб) аз киностудияи «Ал-Ҳаёт» гузошта буданд. Дар ин кинофилм низ таҳдид ба Амрико ба мушоҳида мерасад. Студияи номбурда ба забонҳои арабӣ, англиси, немисӣ, франсавӣ, русӣ, ҳиндӣ, урду, банғолӣ, туркӣ курдӣ ва ғ. мавод таҳия мекунад.  

Дар давоми фаъолияти худ «ДИИШ» на танҳо зидди Амрико, инчунин пушидаву кушод дар Покистон, Афғонистон ва Эрон низ таблиғот мебарад. Дар оғози моҳи сентябри соли 2014 дар шимолу ғарби Покистон ҷангиёни номаълум бо худ брошюра бо сарлавҳаи «Фотеҳ» бо забони пушту ва дарӣ бо символикаи «ДИИШ» паҳн намуда, сокинони маҳаллиро даъват намуданд ҷиҳоди ин гурӯҳро дастгирӣ намоянд.

Вазири корҳои хориҷии Британия Филипп Хаммонд «ДИИШ»-ро «давлат»-и дорои режими азобу шиканҷа дошта номида, аз назари вай ҷангиёни он ният доранд, то Сурия ва Ироқро чун пойгоҳи ҳуҷум ба Ғарб истифода кунанд. Аз ин рӯ, Британия   курдҳоро бо яроқу аслиҳа дар муборизаи онҳо боҷангиёни «ДИИШ» таъмин мекунад .

Мувофиқи маълумотҳои ВАО, танҳо аз авали соли 2014 ҷангиёни «ДИИШ» то 700 кӯдакони рақибони худро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Нисбати ин «давлат» санксияҳои байналхалқӣ тибқи резолютсияи СММ ҷорӣ шуда, он чун ташкилоти террористӣ дар аксар давлатҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидаст.

Зиёда аз ин, ҳатто Лигаи давлатҳои Араб 8-уми сентябри соли 2014 «ДИИШ»-ро ташкилоти террористӣ номид. Баъзе аз илоҳиётшиносони мусулмон эълон намуданд, ки ин «давлат»-и худ эълон шударо эътироф намекунанд ва мусулмонон вазифадор нестанд, ки вафодории худро ба халифа Абу Бакр –ал- Бағдодӣ нишон диҳанд.

Масалан, муфтии асосии Арабистони Саудӣ, сарвари Кумита оид ба таҳқиқотҳои илмӣ ва фатво шайх Абдулазиз бинни Муҳаммад Оли аш-Шайх дар хусуси «ДИИШ» ин тавр гуфтааст: «экстремизм, бераҳмӣ ва террор ҳеҷ гоҳ бо Ислом умумият надошта, ғайр аз ин, онҳо – душманони «рақами як»-и Ислом ҳастанд, зеро аввалин қурбониёни онҳо боз худи мусулмонҳо мешаванд». Вай онҳоро ҳатто бо номи «хориҷӣ» - яъне ашхоси аз Ислом хориҷшуда, аз асолати аслии он дур номида, ба гуфти вай – аъзои ин гурӯҳ дороӣ ҳуқуқи роҳбарӣ ба ҷамоати мусулмонҳо нестанд .

Шайхи ҷомеаи Ал-Азҳар дар Миср Аҳмад Ат-Таййиб соли 2014 дар конфронси уламои 120 кишвари ҷаҳон, ки дар Қоҳира – пойтахти Миср баргузор шуд, гуфта буд: «нерӯҳои эътилоф бо роҳбарии Амрико на танҳо бояд бо чунин гурӯҳи «Давлати исломӣ», балки бо тамоми гурӯҳҳое, ки боиси бадномии Ислом ва динҳои дигар мешаванд, мубориза кунанд». Шайхи мазкури Ал-Азҳар боз дар ин конфронс гуфта буданд: «гурӯҳҳои тундрави «Давлати исломӣ», ки бо номи Ислом хушунат карда, боз даст ба куштор мезанад, боиси бадномии мусулмонон дар саросари ҷаҳон шуда, аъмоли ин гурӯҳ ба арзишҳои исломӣ дар сароси ҷаҳон латма ворид мекунад» . Дар ин нишаст даҳҳо тан аз уламои динҳои мухталиф иштирок карда ва гурӯҳҳои тундравро ба бадномии динҳо маҳкум намуданд.

Мутаассифрна, вақтҳои охир ҷалбкунии ҷавонон ба сафҳои гурӯҳҳои тундрав дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон низ ба мушоҳида мерасад. Чунончӣ, гурӯҳи радикалии «ДИИШ» видео навореро аз 20 ноябри соли 2014 ба сети ҷамъиятӣ партофт, ки қаҳрамонҳои он бо забони қазоқӣ сӯҳбат намуда, ба омӯзиши Қуръон машғул ҳастанд. Дар қисмати дигари ин навор тайёрии ҳарбии кӯдакон нишон дода мешавад. Кӯдакон тарзи муошират бо автомати Калашниковро нишон дода, яке аз онҳо худро бо номи Абдулло муарифӣ карда, мегӯяд: «Мо дар ин   урудгоҳи Сурия тарзҳои мухталифи қатли «кофирон» - ро меомӯзем». Тибқи маълумот 300 кӯдаки қазоқ дар ин урдугоҳ аз тайёрӣ мегузаштанд. Тибқи маълумоти нашрияи «The Foreign Polici», аъзои «ДИИШ» кӯдаконро дар ин лагерҳои махсус нигоҳ дошта, онҳоро дар маросими қатлҳои расмии шахсони фаъолияти «давлати Исломӣ»-ро маҳкум намуда ҳозир мекунанд.

Чуноне ки 17-уми апрели соли 2013 дар маҷлиси парламенти Қирғизистон Дастанбек Ҷумъабеков изҳор дошт: «Ӯ дар даст маълумот дорад, ки аз байни сокинони райони Аравон кӯдакон тавассути Истамбул ба Сурия аз ҷониби гуруҳҳои динии дар ҷануби кишвар вуҷуд дошта фиристонида мешаванд. Аллакай 20-нафари онҳо бурда шудаанд. Падару модарон дар ин хусус шикоят доранд. Зарур аст то маълумот санҷида шавад» .

Фавран баъди ин гузориш бо ёрии КБД ва ВКД шабакаи махсусе ошкор карда шуд, ки тавассути он шаҳрвандони ҷавони Боткент ва Уш барои иштирок дар низоъҳои Сурия аз Қирғизистон фиристонида мешаванд.

Зимни ин амал муайян карда шуд, ки эмиссарҳои ташкилотҳои террористии байналхалқӣ бо баҳонаи таҳсил дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар ва фаъолияти корӣ шаҳрвандони ҷавони қирғизро фирефта, бо худ бурда, баъди тайёрии пурраи идеологӣ онҳоро дар низоъҳои Сурия истифода мекунанд. Шабакаи Интернет низ аз ҷониби онҳо истифода шуда, дар алоҳида вебсайтҳотарғиби ҷиҳодизм   вуҷуд дорад. Пахшҳои бардуруғи ҷиҳод, ки дар лабораторияҳои хориҷи кишвар кор карда бароварда шуда, ба кишварҳои мусулмон содир карда мешаванд, асоси мотиватсияи ҷавонони мусулмонро ташкил намуда, онҳоро ба ҳолати беҳиссӣ оварда мерасонанд.

Кормандони хадамоти махсуси Қирғизистон ошкор намуданд, ки тайи моҳҳои охири соли 2014 аллакай 5 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ба Туркия тавассути хатсайри Ош-Истамбул парвоз карда рафтаанд. КБД ин давлат падару модаронро ба ҳушёрӣ даъват намуда гӯфтанд, ки дар сурати дар рафтори фарзандонашон пайдо шудани   аломатҳои то ин дам дида нашуда, бояд фавран бонги изтироб зананд. Чунки таблиғгарони ин давлати ба ном исломӣ бо дини мубини Ислом ягон иртиботе надоранд ва асоси мақсадашон соф сиёсӣ буда, ҳадафи эшон забти ҳокимият ва дар ниҳояти кор, мақсади охиринашон - таъсис додани давлати Исломӣ мебошад .

Раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад ба маҷаллаи "Paris Match"- и Фаронса рузи 4-уми декабри соли 2014   қайд карда буд, ки: «масъала бар сари ҷанг миёни ду артиш нест. Ӯ интизор дорад даргириҳои кишвараш тулонӣ ва душвор хоҳад шуд, …мо бо гурӯҳҳои террористӣ рӯ ба рӯ ҳастем, ки ба як шаҳр ё деҳа нуфуз мекунанд».

Фаъолияти «ДИИШ» ба Федератсияи Руссия низ хатари калонеро дорост. Масалан, аввали сентябри соли 2014 ҷангиёни «ДИИШ» дар шабакаи Интернет видеохитобаеро ба президенти Руссия гузошта, ваъда намуданд, ки дар ҷануби Руссия онҳо ба фаъолияти хеш сар карда, Чеченистону Кавказро «озод» мекунанд» .

Баъдтар қумондони саҳроӣ Тархон Батирашвилии гурҷӣ, ки алҳол бо номҳои нав - Умар ал-Шишонӣ (ё Умари чеченӣ) машҳур аст, тавассути телефонии мобилӣ ба падараш ваъда додааст, ки «ҳатман ба хонааш Гурҷистон бо яроқ бар мегардад ва ба русҳо ҷанги ҳақиқиро нишон хоҳад дод». Вай бо ин амал қасоси ҳодисаҳои соли 2008-и Гурҷистонро аз русҳо гирифтанӣ будааст.

Новобаста аз он, ки ин давлати худхонда дар соли 2017 пурра дар Ироқу Сурия шикаст хурда бошад ҳам мутаасифона аъзоёни он имрӯз дар аксарияти кишварҳои ҷангзада паноҳ бурда, амалҳои нангини худро давом дода истодаанд. Дар баробари «ДИ» имрӯзҳо гурӯҳои дигари ифротгаро ба монанди ТЭТ «Ҳизби наҳзат», ТЭТ «Ихвон-ул- муслимин» ва ғ. фаъолияти тахрибкоронаашон беш аз пеш зиёд гардида ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод карда истодаанд.

Ҳоҷибеков Э. - номзади илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ ба номи М.Н.Назаршоев

Абдураҳмонов З. - номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи 

«Фанҳои ҷомеашиносӣ»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


23.12.2020     952
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php