НОҚОБИЛОНИ ДАҲР БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Аз садаи 18 инҷониб ҳарчанд араб аз тариқи созмон додани ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатӣба мисли ваҳҳобия, ҳизбуттаҳрир, даъват, ихвон –ул-муслимин, ал-қоида, имрӯз «Давлати исломӣ» ва ғ. кӯшиши барқарор кардани мақоми таърихии худ, яъне хилофатро дорад, вале ин кӯшишҳо бесамаранд. Зеро ин ҳизбу ҳаракатҳо замоне ба рӯи кор омаданд, ки ҷаҳони ислом аз нигоҳи иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳарби-сиёсӣ заиф гардида, дигар қудрати ба давлатҳои пешрафтаи Аврупо ва ИМА ихтилоф кардан надоштанд ва ба мустамликаи ин давлатҳо табдил ёфта буданд. Ҳаракату ҳизбҳои ғайрисуннатии дини-сиёсӣ бошанд низ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геостратегии онҳо дар Шарқи исломӣ табдил ёфтанд. Баъдан қисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамин давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуктаҳои низоъ дар байни мусулмонон ва сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳҳифз намудани манофеи геостратегии худ истифода мебаранд, ки ТЭТ ҲНИ ин ҷо истисно нест. Бинобар он ТЭТ ҲНИ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост, ки имрӯз чунин ислом ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтааст. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи охир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом мушоҳида мекунем. Аз ин нигоҳ дар таркиби сохторҳои давлати миллӣ фаъолият кардани намояндагони ТЭТ ҲНИ ҳар замон метавонад хатаре барои давлатдории миллӣ эҷод намояд, зеро барои ТЭТ ҲНИ на андешаву арзишҳои миллӣ, балки андешаву арзишҳои динӣ авлавият дорад.

Далели ба давлатдории дунявӣ ихтилоф доштани ТЭТ ҲНИ дар он ифода меёбад, ки дар низоми давлатдории дунявӣ ҳеҷ гуна дин ба ҳайси дини расмӣ пазируфта намешавад ва ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд. Аммо ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти дини дошта ба ҳайси ҳизби қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, ки намояндагонаш дар мақомотҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла мақомотҳои қудратӣ, ба вазифа таъин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ҳолон ки ҳадафи ҷудо кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат аз он иборат буд, ки ташкилотҳои динӣ барои пиёда сохтани манфиатҳо вағаразҳои сиёсии худ аз мақомотҳои давлатӣ ва эътиқоди динии шаҳрвандон истифода бурда натавонанд. Вале ТЭТ ҲНИ дар низоми давлатдории дунявӣ ба ҷои ташкилотҳои динӣ ҳамчун як исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи ваҳдати дину сиёсатро пайваста тарғиб намояд ва аз ҳамин роҳ низоми давлатдории дунявиро бадном созадва аз мақомоти қонунгузорию қудратӣ барои амалисозии андешаҳо динӣ-сиёсии худ сӯиистифода карда, бо ҳамин амалҳосозишномаи сулҳро, ки мувофиқи он ТЭТ ҲНИ давлати дунявиро эътироф карда буд, зери шубҳа барад ва ниҳоят эътимоди мардумро нисбати худ коҳиш дода,боз даст ба ошӯб занад. Ошӯби ТЭТ ҲНИ бо сардории Ҳоҷиҳалим Назарзода дар шаби 4-уми сентябри соли 2015 намунаи равшани ҷузъе аз ҳамин пайванди дину сиёсат дар мисоли фаъолияти расмии ТЭТ ҲНИ дар сохторҳои давлатӣ мебошад, ки ба низоми давлатдории дунявӣ зид аст.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


23.04.2021     250
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php