Ниқоб аз рӯйи ҳизби наҳзат бардошта шуд

Имрӯз Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол баҳри татбиқи ҳадафҳои неки миллати озодандеши хеш ба сӯи фардо қадамҳои устувореро бо роҳбарии Сарвари худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳода истодааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҳаввулоти фоҷиабарангези замони муосир баҳри аз байн бурдани Истиқлолияти комили даҳҳо мамолик ва сабаби оғоз гардидани ҷангҳои шаҳрвандиву мазҳабӣ гардидаанд.
Бо гузашти солҳо аз таърихи соҳибистиқлолии кишвар равшан мегардад, ки маҳз наҳзатиён дар солҳои 90-ум сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ, боиси пароканда шудани халқи азияткашидаи тоҷик гардиданд. Гӯё ба хотири нигоҳдории якпорчагии Тоҷикистони азизамон роҳбарони ТЭТ ҲНИ худро пуштибон меҳисобиданд. Аммо, динро ниқоб намуда, ақидаи аҳли ташайюъро ба таври фаъол амалӣ менамуданд. Дар муқобили ин хиёнат маблағҳои муфти хоҷагонашонро ба даст оварда, зиндагонии хешро пеш мебурданд. Ошкоро ба назар мерасид, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар зери шиорҳои динӣ ҳадафҳои худро пиёда сохта, фармонҳои худро аҳкоми динӣ меномиданд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум сурат гирифта, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надошт. Ончунон моҳирона суханпардозӣ менамуданд, ки баъзе афроди он солҳо дар мушкилот саргум, суханҳои онҳоро тасдиқ мекарданд.
Халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки онро низ роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкил карда буданд. Наҳзатиён мехостанд бо роҳи зӯрӣ мардуми озоду оромро мутеъ намуда ғуломи худ созанд, мехостанд ҳокимият ва сохти давлатдориро тағйир диҳанд. Аммо нақшаҳои онҳо абадан зери хок рафт. То ташкил гардидани ин гурӯҳи террористӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон оромию осудагӣ ҳукумфармо буд ва мардум ҳатто аз ин ҷиноятҳои зикршуда хабаре надоштанд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта, моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шуд. ТТЭ ҲНИ ҳамчун нерӯи аҳримании харобкор дар кишвар ва арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Аз дасти ин хиёнаткорон чизе намеомад, намеояд ва нахоҳад омад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.
Имрӯз на танҳо мардуми кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ – ро ҳамчун гӯруҳи террористӣ ва экстремистӣ мешиносад. Асосан қурбониёни ҲНИ ҷавонони гумроҳгашта мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракиро аз даст надода, кўшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Ҷавонон ояндаи миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, худро аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, эмин нигоҳ доранд.
Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.
Ҳоло бошад, ин гурӯҳи хиёнаткорон ва ба ном мухолифин ҷиҳати амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки хеш бо ниқоби «Паймони миллии Тоҷикистон» суханронӣ намуда истодаанд. Агар ба таърихи начандон дур назар афканем баръало эҳсос мегардад, ки ҳизби наҳзати ислом аз ибтидо дар меҳвари фаъолияти хеш қатлу куштор, хиёнату даҳшатафканиро пеша намудааст. Дарвоқеъ бо омезиш ба номи поки дини мубини ислом анҷом додани ҳар амалу кирдори разилона боис ба он гардид, ки кулли мардуми мусалмони сайёра бо нафрат ба ин ҳизб назар намоянд.
Акнун баҳри амалӣ намудани нақшаҳои нопоки хеш ин қабил афроди ҷинояткор барномаҳои гуногуни иғвогаронаро таҳия намуда, хостори ҷалби бештари ҷавонон ва мардуми осоишта ба сафҳои хеш мебошанд. Ҳоло ки амалҳои нопоки ин хиёнатпешаҳо ошкор гардидааст, кулли мардуми огоҳи тоҷик садо баланд мекунанд, ки бо баргузор намудани ҳазорон митингу раҳпаймоӣ ва иваз намудани номи ташкилотҳои ифротии хеш шумо нохалафон дигар имкони ба боварии мардуми тоҷик сазовор шудан ва ба сафҳои нопокатон шомил намудани ҷавонони саодатманди моро надоред.
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳиштосояш имрӯз новобаста аз найрангҳои бамиёномада дар ҷаҳон мавқеи асосӣ дорад ва ҳар як фарди он барои посдории сулҳу ваҳдат ва арзишхои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.06.2020     216
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php