НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ яке аз масоилест, ки дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

Агар ба таърихи эътиқодоти башарият дида андӯзем, ҳамаи адён, аз ҷумла дини мубини ислом низ қатл ва ифротгароиро маҳкум намудаанд [1, сураи 17,31; сураи 17,33].

Бо таваҷҷуҳ бар ин нукта ҳамора қатл ва ифрот бани башарро дунболагир буда, имрӯз ба ҳадди аъло ва ашколи мухталиф доман густурда, пайи нобудии инсоният ҳамла гирифтааст. То ба ҳадде, ки ба қавли Пешвои миллат ба “хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ”табдил ёфтааст [4].

Мусаллам аст, ки ҷавҳари ҳама гуна қувва дар ҷомеа ба вуҷуди ҷавонон мутааллиқ буда, имрӯз низ дар баробари созандагию бунёдкории ҷавонон ба ифротгароӣ ва куштор низ маҳз ҳамин гурӯҳи иҷтимоии аҳолӣ муқаддамтар аз ҳама гом мебардоранд ва “қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа”мебошанд.

Пешвои миллат дар Паёми худ гуфтаанд, ки “терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи  ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд” [5].

Дарвоқеъ, имрӯз нооромии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз аз терроризм ва экстремизм сарчашма гирифта, боиси ҳалокати ҳамарӯзаи ашхоси зиёд гардида истодааст. Вазъи ноороми чандин даҳсола дар ҳамоякишвари мо Афғонистон бурҳони қотеи матлаби мазкур буда, Пешвои миллат гуфтаанд: “Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст” [5].

Дар баробари рушди рӯзгори инсонӣ вабоҳои зиёд ба ҳаёти хурраму шоистаи ӯ таҳдид карда истодаанд, ки ба қавли Президенти кишвар “терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст” [5].

Танҳо муборизаи дастаҷамъона ва муташаккилонаи ҳамаи давлатҳо бар зидди терроризм ва экстремизм ва ҳар гуна қувваи аҳреманӣ роҳи ягонаи раҳоии башарият аз дарду ғам ва дар маҷмӯъ, халосӣ аз вартаи ҳалокат аст.

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи қотеона бар зидди қатлу ифрот даъват карда буданд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд” .

Мутассифона дастаҳои террористӣ ва ифротгаро аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо маблағгузорӣ мешаванд, ки сари ин масъала низ Пешвои миллат изҳори нигаронӣ карда, моро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, арзишҳои миллию давлатиро пос нигоҳ дошта, ба қадри муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, амну оромӣ, якпорчагии кишвар ва амсоли онҳо расем.

Дар Паёми Пешвои миллат омадааст: “Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд” [5].

Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар масъалаит мубориза ба терроризм ва ифротгароӣ муносибати  «сиёсати дугона»-и баъзе кишварҳо ба чашм расида, бо ҳамин роҳ онҳо “самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад” [5].

Пешвои миллат дар ҳамаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалат мазкур фасли алоҳида бахшида, ба мардуми шарифи кишвар ҳамора дастур дода истодаанд, ки нисбати ҳамаи масоили мубрами рӯз, аз ҷумла хатарҳои ҷаҳонӣ беэътино набошанд ва ҷомеа, бавежа насли наврас ва ҷавонро аз таҳдиди ин гуна вабоҳо эмини нигаҳ доранд.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қабул гардид, ки он бо назардошти таҳаввулоти сиёсии ҷомеаи ҷаҳон марҳила ба марҳила такомул ва таҷдид гардида, дар банду басти тоза қабул мешавад [6].

Пешвои миллат доир ба мавзӯи мазкур ва моҳияти амиқи ҷаҳонӣ доштани он Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро таъсис дода, бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки бар зидди терроризм ва экстремиз муборизаи муташаккилона, ҷиддӣ ва дастаҷамъона баранд [4].

Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар суханронии худ дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Маттаҳид (19.09.2017.) бори дигар аз хатари ҷаҳонии ин ду вабои аз ҳама хатарноки ҷаҳонӣ ёдовар гардид [2].

Президенти кишвар на танҳо дар ҳамоиши хоса, паёмҳо ва минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, балки дар ҳамаи мулоқот, вохӯрӣ ва сафарҳои расмӣ доир ба ин масъала-муборизаи беамон ба терроризм ва ифротгароӣ  сухан мегӯяд [2,3,4].

Хулоса, мақоми байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар он зуҳур кардааст, ки:

1. Аз нахустин роҳбарони сиёсии ҷаҳонист, ки оғози фаъолияти роҳбарии худро дар самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ бахшида, то ба имрӯз аз муқаддамтарин сиёсатмадори ҷаҳонӣ дар ин масъала аст;

2. Дар дохили кишвар ҳамоишҳои байналмилалии алоҳида бахшида ба ин масъала даъват карда, дар ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд иштирок карда, суханронӣ менамояд;

3. Дар ҳамаи созмонҳои байналмилалии сатҳи баланд ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ изҳори ақида карда, ҷомеаи ҷаҳониро ҳамора ёдовар мешавад, ки бар зидди хатари ҷаҳонии нобудшавии инсоният муборизаи беамон ва дастаҷамъона баранд;

4. Пас аз ҳодисаи таркиши биноҳои баландошёна дар Амрико ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мазмуни даъватҳои Пешвои миллат бобати мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дақиқтар сарфаҳм рафта, ба қаве баъзе аз кишварҳо “аз хоб хестанд”.

5. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам на танҳо ба сифати сиёсатмадори ҷаҳонӣ ва ташаббускори масъалаи дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби тоза, таъмини некуаҳволии мардуми олам, балки ҳамчун яке аз ташаббускорон ва муборизони қотеи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм ва экстремизм шинохта шудааст. 

Адабиёт:

1. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронии Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Маттаҳид (19.09.2017.)

2. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронии Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат иҷлосияи фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (Арабистони Саудӣ, 07.12.2005), суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат, шаҳри Душанбе, 4 июли соли 2013

3. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 04.05.2018)

4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.01.2016

5. Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020.                       

 Калонова М.Ҷ.  -  мӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ н.и.ф.

                 



26.03.2021     343
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php