ГУРГЗОДА ГУРГ ШАВАД, ГАРЧӢ БО ОДАМӢ БУЗУРГ ШАВАД

Маврид ба ёдоварист, ки ба ҳизби собиқи наҳзат ба хотири таъмини сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. Ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар ба ҷараёни созандагӣ ворид шудаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи мӯътадилу созанда, ба ислом ҳамчун як фарҳанги маънавӣ-ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои ѓайрисуннатии ифротӣ дар хизмати давлатҳои қудратманди дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои геостратегӣ дошта қарор гирад. Агар ҳамин тавр намебуд, сарварони ТЭТ ҲНИ ҷангҳои дар Либияю Миср, Сурия ва дигар кишварҳо бо дасти бегонагон сурат гирифтаро дар матбуоти хеш ба мардуми кишвар пайваста ҳамчун «тазаҳуротҳои мардумӣ» ба қалам дода, аз ба Тоҷикистон интиқол ёфтани ин падидаҳои даҳшатбор пешгӯиҳо намекарданд. Чуноне ки дар низоми давлатдории дунявӣ ягон дин ба сифати дини расмӣ пазируфта намешавад,ба ҳамин тартиб низоми мазкурба ҳеҷгуна ҳизби сиёсии хусусияти динидошта низ ниёзе надорад. Давлати миллии тоҷикон ниёз баҳизби миллие дорад, ки ормонҳои садсолаҳо дар андешааш парваридаро пиёда созад, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллии худро ҳифз намояд.

Як нуктаи тааҷҷубовар он аст, ки ошӯби генерали наҳзатӣ дар замоне рух дод, ки дар он сӯи Ому ҷангиёни «Давлати исломӣ» кайҳост,ки кӯшиши ба Тоҷикистон ва ба Осиёи Миёна воридшавиро доранд, вале то ҳанӯз чунин имкониятро пайдо накардаанд. Шояд, агар Назарзода метавонист, ки фазои сиёсии Тоҷикистонро ноором созад, барои воридшавии ҷангиёни ДИИШ заминае фароҳам меомад, зеро хоҷагони ҳарду гурӯҳи ифротгаро ҳамон давлатҳои қудратманде мебошанд, ки дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои геополитикӣ доранд. Беҳуда нест, ки дар ҳамон шаби ошӯби Назарзода баъзе сафоратхонаҳои давлатҳои мазкур дарҳои худро бастанд ва чизеро интизорӣ мекашиданд. Бо шикасти ошӯби Назарзода дар айни ҳол нақшаи ҳамаи онҳо барбод рафт ва бори дигар ба мардуми Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҳатто камтарин пайванди дину сиёсат барои давлати миллие, ки дар иҳотаи давлатҳои қудратталаб қарор доранд, чӣ паёмадҳои манфие дошта метавонад ва исломи сиёсишуда чӣ чеҳрае дорад.

Нуктаи дигари муҳим он аст, ки давлатҳои қудратманде, ки дар Осиёи Марказӣ манфиати геостратегӣ доранд, ба вуҷуд доштани низомҳои сиёсии дунявӣ дар ин кишварҳо манфиатдор нестанд. Сабаб дар он аст, ки низомҳои дунявӣ ба паҳншавии ҳаракатҳо ва ақидаҳои дини-ифротӣ маҳдудият эҷод менамояд. Барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқанд, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таасуби динӣ вуҷуддоранд ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳаё месозанд. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд ва дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият кардани ташкилотҳои диниро талаб карда, аз мазҳаби суннати ҳифз менамоянд то ки заминае барои низоъҳои дини-сиёсӣ ба вуҷуд наояд, нороҳатӣ карда, ин амалҳои қонунӣ ва мӯътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд, ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геополитикӣ сӯистифода намоянд. Аз ин назар низ ҳузури ҳизби сиёсии динӣ дар сохтори давлатӣ барои давлатҳои миллии рушдкунанда метавонад манбаи хатар бошад.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


23.04.2021     207
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php