Гурӯҳҳои ифротии динӣ маърифат, адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷиконро маҳкум карда, онро аз байн мебаранд

Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намекунанд. Хусусан,пешвоён ва назариясозони равияи салафияи такфирӣ ҳамеша тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатъии худро эълон намудаанд. Аз назари онҳо, пайравӣ аз тасаввуф як навъи “бидъат” буда, изҳори ишқу муҳаббат ба Худо ва пайравӣ аз пирони тариқат, ки аз сутунҳои асосии назарияи тасаввуф мебошад, як навъ “ширк” дар ақидаю ибодати мусулмон ба ҳисоб меоянд.

Дар бораи чӣ будани ҳукми равияи тасаввуф аз назари шариати исломӣ ва дар бораи арзиши воқеии осори илмию адабии ирфонӣ мулоҳизаҳо зиёд буда, он як мавзӯи бисёр тахассусӣ мебошад. Вале ин ҷо барои мо муҳимтар ин аст, ки ба муҳити динию ҷамъиятии Тоҷикистони муосир ворид шудани ин ақидаи бадбинӣ нисбати тасаввуф барои кишвари мо ва мардуми мо чӣ натиҷаи амалӣ хоҳад дошт? Дар ин масъала бояд ба се нуктаи зерин таваҷҷӯҳ намоем:

Нуктаи якум: Тасаввуф ва ҷаҳонбинии ирфонӣ дар тӯли садсолаҳо дар тафаккури динии мардуми тоҷик ҷойгоҳи амиқ пайдо карда, имрӯз низ миёни мардум ҳамчун фарҳанги ҷорӣ амал мекунад. Мардуми тоҷик имрӯз ба дин асосан аз назари тасаввуфӣ нигариста, ҷойгоҳи арзишҳо, рамзҳо ва пешвоёни сӯфия дар фарҳанги динии он ниҳоят муҳтарам мебошад. Ҳатто пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имом Абӯҳанифа миёни тоҷикон чун «Сӯфии куфӣ» шинохта мешавад.

Пирони тариқат ва пешвоёни таълимоти сӯфия ҳамчун Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, Абдулқодири Гелонӣ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Мавлавӣ Ҷунунӣ ва ғайра қаҳрамонони эътиқодии мардум буда, оммаи мусалмонон нисбати онҳо эҳтироми зиёд доранд. Эътиқоди ошиқона ба Худованд, тарбияту поксозии маънавии худ дар роҳи Ҳақ, мақоми пири тариқат ва пешвои маънавӣ ва ғайра дар фарҳанги диндорӣ ва боварҳои динии тоҷикон бисёр устувор мебошад. Дар баёни ин воқеият, зикри байти машҳури мардумии «Бе пир марав, ки дар бимонӣ, Ҳарчанд Сикандари замонӣ…»кофист.

Аз ин рӯ ҳуҷум ба ин низоми устуворшудаи эътиқодии мардум боиси баҳсу буҳрони амиқи фикрию динӣ дар ҷомеа шуда, пайомадҳои ногувор хоҳад дошт. Хусусан, дар шароити ноустувории идеологӣ ва иҷтимоии ҷомеа оғоз шудани ин баҳси шиканандаи ҳамаи арзишҳои эътиқодии мардумӣ ба зарари ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад.  

Нуктаи дуюм: Вале масъалаи ҷиддитари дигар, ҷойгоҳи имрӯзии ирфону тасаввуф, бузургони ин равия ва осори илмию адабии тасаввуфӣ дар таркибу сохтори ҳувияти миллии тоҷикон аст. Моҳияти масъала дар он аст, ки дар тӯли садсолаҳо адибону мутафаккирони классикии форсу тоҷик, ки аксар аз бузургони тасаввуф мебошанд, дар таркиби фарҳанги миллии тоҷикон ва дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи муҳим ва рамзӣ пайдо кардаанд. Мардуми тоҷик бахше аз арзишҳои эътиқодӣ ва миллии худро маҳз ба воситаи осори адабию ирфонии шахсиятҳое чун Аттору Саноию Мавлавӣ, Саъдию Ҳофизу Ҷомӣ, Бедилу Соибу Иқбол ва ғайра омӯхта ва ҳифз намудаанд.

Аз сӯйи дигар, давлати Тоҷикистон ҳам маҳз шахсият ва осори ин бузургони тасаввуфро ҳамчун пояи устувори фарҳанги миллӣ ва ному осори онҳоро ҳамеша ҳамчун сутунҳои ҳувияти миллии тоҷикон матраҳ менамояд. Дар натиҷа худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳувияти миллии мо ба ному осору афкори ин шахсиятҳо бунёд ёфта, бидуни онҳо тасаввур кардани ҳувияти имрӯзи тоҷикон имконпазир нест. Ҳатто, агар имрӯз аз тоҷике савол шавад, ки чанд фарди бузурги фарҳангу тамаддуни худро ном барад, аксари онҳо Синову Фирдавсию Мавлавию Саъдию Ҳофизу Ҷомию Бедилу ғайраро ном мебаранд, ки аксаран аз бузургони ирфону тасаввуфанд. Ин ҷо низ сухан дар бораи ҳақиқат ва дурустии ин масъала нест, балки сухан дар бораи воқеият будани он меравад.

Пас, агар ин дидгоҳи бадбинонаи ифротгароӣ нисбат ба тасаввуф вориди Тоҷикистон шавад ва шахсиятҳои ирфонӣ «бидъаткор»-у «мушрик» эълон шуда, осори онҳо ҳамагӣ «бидъат» ва «гумроҳӣ» дониста шаванд, дар фазои фарҳангию маънавии ҷомеаи мо чӣ тағйирот пеш меояд? Посухи ин масъала возеҳу равшан аст:

Аввалан, дар вазъияте, ки мардум аз таълимоти бунёдии динӣ ба андозаи кофӣ баҳраманд нестанд, агар рамзҳо, арзишҳо, шахсиятҳо ва боварҳои исломии тасаввуфии мардум якбора ботил ва беарзиш эълон шаванд, пас якбора мардуми аз назари эътиқодӣ холӣ ва саргумеро хоҳем дошт. Чунин ҳолати беназмии эътиқодӣ заминаи ҷиддии бунёдгароии оммавии динӣ ва ифротгароии авомонаи саросариро дар кишвар ба вуҷуд меоварад, ки он боиси худкушии миллии мо ҳамчун миллат мегардад.

Дуюм, агар тибқи ин назарияи ифротгароён, имрӯз ба мардуми Тоҷикистон талқин шавад, ки бузургони фарҳангу адабиёти шумо, яъне Аттору Мавлавию Саноиву Саъдию Ҳофиз ва Ҷомию Бедилу Иқбол ҳамагӣ «бидъаткор» ё «кофир» будаанд ва осори адабию ирфонии онҳо гумроҳӣ буда, хондани онҳо «куфр» аст, он гоҳ тамоми низоми ҳувияти миллии мо барҳам хоҳад хӯрд. Он гоҳ мардуми мо аз назари арзишӣ, маънавӣ ва ҳувиятӣ комилан холӣ хоҳанд гашт, ки он тамоми назми фарҳангу адабу маънавияту тарбияти ҳазорсолаи моро барҳам зада, як ҳолати ваҳшонияти фарҳангиро пеш меоварад. Дар сурати паҳн шудани назарияи ифротгароии динӣ, насли ояндаи мо тамоми осори таърихию фарҳангӣ, тамоми офаридаҳои илмию маънавӣ, тамоми осори ҷаҳоншумули адабиёти классикии форсу тоҷик, тамоми шоҳкориҳои низоми ахлоқию тарбиятии миллӣ ва тамоми ифтихороту арзишҳои миллиро бо дасти худашон ҳамчун «осори куфру бидъат» нобуд хоҳанд кард!   

Оё ба чунин ҳолати холигии фарҳангӣ расидани як инсон имконпазир аст? Барои эҳсоси ин даҳшат як мисоли ҳаётӣ меорем: Дар пойтахти Миср, шаҳри Қоҳира дар мулоқот бо як муаллими ҷавони донишгоҳ, ки соле пеш Донишгоҳи Мадинаи кишвари Арабистони Саудиро хатм кардаву ба Миср баргашта буд, сухан аз шахсият ва осори Имом Ғаззолӣ рафт. Зимни суҳбат аз ӯ пурсидам, ки эътиқоди динии Имом Ғаззолӣ чӣ будааст? Устоди ҷавон зуд ҷавоб дод, ки «Ғаззолӣ як кофир буд ва аз ин рӯ эътиқод ва назари ӯ барои мо аҳамияте надорад». Аз сабабе, ки дар низоми динии Миср муфтиён гоҳе аз мазҳаби ҳанафӣ ва гоҳе аз мазҳаби шофеӣ интихоб мешаванд, аз он муаллим барои маълумот савол кардам, ки муфтии ҳозираи Миср Шайх Алӣ Ҷумъа намояндаи кадом мазҳаб аст? Бо камоли оромиш посух дод, ки: «Ӯ мусулмон нест, ӯ сӯфӣ аст».

Ин назария ба бовари ӯ табдил гашта буд ва ӯ тамоми фарҳанги гузаштаи ирфонии исломӣ, тамоми адабиёти исломӣ, тамоми орифони бузургро аз ҳамин нигоҳ баҳо медод. Ин муаллими ҷавон ҳатто Донишгоҳи машҳури Ал-Азҳарро ба сабаби дар барномаҳояш ҷой доштани баъзе дарсҳо дар боби таърихи ирфону тасаввуф, бо тамоми собиқаи ҳазорсола ва бо тамоми хидмату осору заҳмату шайхону барномаю дарсҳояш ҳатто донишгоҳи исломӣ ҳисоб намекард. Агар ҳамин ҳолатро дар ҷомеаи Тоҷикистон тасаввур намоем, пеш омадани он барои мардуме, ки бинои ҳувияти динию миллию ахлоқии он рӯйи арзишҳои исломии ирфонӣ сохта шудааст, фоҷиае бузург хоҳад буд.

Пас хатари дигар ва бисёр ҷиддии ифротгароии муосири динӣ барои давлат, мардум ва фарҳанги мо дар он аст, ки агар он ҳатто бо роҳи осоишта ҳам паҳн шавад, боиси ба ҳолати холигии ақидатӣ ва буҳрони шадиди ҳувиятӣ рӯбарӯ шудани мардуми тоҷик ва дар ниҳоят, боиси марги фарҳангию маънавии миллати мо мегардад. Дарки ин хатари бузурги гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳастии фарҳангии миллати мо бояд ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик, хусусан, аҳли илму фарҳангу зиёи кишварро ба як муборизаи ҷиддӣ дар муқобили ин неруи торику ҷоҳил муттаҳид намояд.   

Нуктаи сеюм: Албатта, дар таърихи мавҷудияти худ баъзе фирқаҳои сӯфия гоҳе аз ҳадафи аввалияи тасаввуф, ки покии нафс ва шинохти амалии Худованд буд, хориҷ шуда, дучори инҳирофҳо гаштаанд. Баъзе аз онҳо гӯшанишиниро талқин намуда, боиси ғайрифаъол гаштани мардум ва аз талошу созандагӣ дур гаштани онҳо мешуданд. Дар баъзе шохаҳои тасаввуфӣ парастиши мақоми пир ва мазорҳои онҳо ба дараҷаи ифрот расида, дар ҳақиқат ба ширки ошкор табдил мегашт.Барои мисол, ҳатто дар Осиёи Марказӣ муридони Хоҷа Аҳмfди Ясавӣ эълон карданд, ки зиёрати мазори пири онҳо дар шаҳри Туркистон ҳукми «ҳаҷҷи асғар»-ро дорад. Дар Бухоро бошад, баъзе дарвешон бангию кӯкнорӣ шуда, бо қаландарӣ (дар асл талбандагию гадоӣ) рӯз мегузарониданд, ки дар ин бора метавон ба «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ муроҷиат намуд. Ва табиист, ки чунин мавридҳо худ як ифрот аст.

Тавре маълум аст, ин навъи сӯфигарӣ аз тарафи бузургони ирфону тасаввуф шадидан маҳкум шудааст. Агар Мавлоно Румиро яке аз пешвоёни тасаввуф донем, осори ӯ, хусусан, «Маснавии маънавӣ», пур аз танқиди сӯфиёни дуруғин аст. Аз ин рӯ танқиди амалҳои инҳирофии сӯфиён дар фарҳанги мо масъалаи нав нест ва онро, пеш аз ҳама, худи орифон ва сӯфиёни ҳақиқӣ оғоз намудаанд.

Вале дар ин миён ҷудо кардани шахсиятҳои илмию динӣ ва чеҳраҳои фикрию фарҳангӣ, ки дар таърихи тамаддуни исломӣ ва миллӣ хидматҳои бузург доштаанд, бисёр зарур аст. Зеро ирфону тасаввуф дар шакли солими он яке аз муҳимтарин равияҳои фикрӣ ва таҷрибӣ дар таърихи мо буда, аз назари тамаддунӣ ва фарҳангшиносӣ боиси ба вуҷуд омадани беҳтарин осори фикрию адабию ҳунарӣ гаштааст. Аз ин рӯ дар бораи заҳмату таҷрибаву натиҷаи ҳазорсолаи тасаввуфу ирфони исломӣ ба ин осонӣ ҳукм намудан дур аз инсоф мебуд. Пас мавқеи дуруст ин аст, ки бояд инҳирофу бидъати фирқаҳои алоҳидаи сӯфиён дар ҷояш маҳкум гарданд, вале ирфону тасаввуфи асил ва осори оламшумули ирфонии ниёгони мо шинохта ва қадрдонӣ карда шаванд. (Аз китоби олимони варзида Х.ХОЛИҚНАЗАР ва А. РАҲНАМО «Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар чист?, Душанбе-2016») 

Шуъбаи тарбия

 


29.12.2020     276
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php