Фаъолияти разилонаи Ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби назҳати исломӣ зери ниқоби номи Ислом

Воқеаҳои сиёсии имрӯзаи дунё бо вуҷуди гурӯҳҳои ифротӣ ва бунёдгаро ба дили инсон ҳарос андохта, аз як нигоҳ ояндаи ҷаҳонро зери суол мебарад. Чунин гурӯҳҳои ифротӣ аз ҳар васила барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода намуда, ҷомеаи маданӣ ва давлати осоишро ба нооромӣ табдил медиҳанд. Дар ин асно, Тоҷикистони азизи мо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чунин рӯзҳоро паси сар намуда, талафот ва қурбониҳои зиёдро дидааст. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳҳои ифротӣ барои вайрону валангор кардани Тоҷикистон ва ба тасарруфи худ даровардани ҳукумати Тоҷикистони азиз иқдомҳои нобахшидании сиёсиро анҷом додаанд. Ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби назҳати исломӣ (ТЭТ ҲНИ), ки худ низ иқрор менамояд, аз солҳои 70-уми қарни гузашта омодаи ҳукуматварзии ифротӣ буданд ва пинҳониву оҳиста - оҳиста барои пиёда кардани ҳадафҳои худ васила меҷустанд. Василае, ки кӯмакҳои пуливу молӣ намояду оқибат онҳоро ба ҳадафҳои нопокашон бирасонад.
«Омодагӣ ва тайёрӣ ба таъсиси созмони мазкур аз соли 1971 шуруъ шуд ва дар охири моҳи феврали соли 1973 ин созмони экстремистӣ-террористӣ зери ниқоби номи Ислом созмон гардид».
Албатта онҳо дар чанд давра ба ҳадафҳои нопоки террористӣ-экстремистии худ муваффақ гардиданд. Чаро ки замонҳое буд, ки Тоҷикистон аз дасти чунин гурӯҳҳо ба гирудори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гирифтор буд.
Гурӯҳҳои сиёсӣ чӣ гунае, ки баъзеашон ба номи либерализм дар Афғонистон, сотсиализм дар Шӯравӣ ва имрӯз ба номи Ислом дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна сиёсатварзӣ менамоянд, либерализм, сотсиализм ва исломро сиёҳ намуда, бадӣ эҷод кардаанд. Аз дасти чунин гурӯҳҳо сотсиализм, либерализм ва ислом бадном гардид. Дар гузашта дар Тоҷикистон низ, ки аксари мардумаш мусалмон аст, баъзе аз онҳо ба ваъдаҳои бардуруғи гурӯҳҳои ифротӣ дода шуда, дунболи онҳо рафтанд.
Бояд гуфт, ки ТЭТ ҲНИ аз ислом тафсири вежа аз динро дорад, яъне як тафсири хоси худро доро мебошад. Ин тафсир зоҳиран чунин аст, гӯё онҳо аз садри Ислом пайравӣ мекарда бошанд ва шариатро ба маънои воқеияш сад фисад татбиқ мекарда бошанд. Дар натиҷа ҳокимияти исломиро дар чорчӯби адли илоҳӣ, яъне татбиқи Қуръон муаррифӣ мекунанд. Вале мо инро дар воқеаҳои Тоҷикистону Афғонистон дидем. Онҳо фақат ва фақат ба корҳои ифротӣ ва вайрон кардани ҳар гуна режим даст мезананд. Онҳо чун Абулаҳаб ва Фиръавн ҳастанд. Аз риши онҳо хун мерезаду корашон ҷуз қатлу куштор ва фиреб додани мусалмонон дигаре нест.
Худ оиди гуфтори яке аз пайравони ТЭТ ҲНИ Аёмиддин Сатторов дар бораи роҳбари ин гурӯҳи ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки худ иқрор шуда, баён кардааст, қазоват кунед: «Барои иҷро намудани нақшаҳои фасоди худ Муҳиддин Кабирӣ шахси боэътимодаш Кузов Мирзораҳим (бо лақаби Шонаим)-ро масъул оиди омода намудани ҷавонони тоҷик ба “даргириҳо”дар хориҷа таъйин намуд. Кузов Мирзораҳим Наимович маро ба Эрон даъват кард, мегуяд Аёмиддин Сатторов, вақте ки манн ба Эрон рафтам, маро бародараш Кузов Рустам пешвоз гирифта, ба назди Шонаим бурд. Дар он ҷой бо ӯ вохӯрдам, дар он ҷо Шонаим вазъиятро ба мо фаҳмонид. Гуфт, ки мо дар пойгоҳҳои низомии Мозандарон, Ароқ, Парвиз, Гумиҳан ҷавононро ҷамъ кардаем ва онҳоро таълимоти низомӣ додаи стодаем, вазифаи шумо-домулло ин аст, ки онҳоро аз лиҳози рӯҳӣ ва маънавӣ барои ҷиҳод омода намоед. Баъдан ман бо Сафаров Шермаҳмад (бо лақаби “шерри Язғулом” ёд мешуд) вохӯрдам, чанде мо дар он ҷой ба ҷавонон таълим додем. Ӯ бо ҳамроҳии ҳафт нафар ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон интиқол дода шуд, то ки дар он ҷой рафта пойгоҳҳои низомии худро мустақар кунад ва бо воситаи ҷангҷӯёни “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои террористии тундраве, ки дар он макон ҷамъ шудаанд, алоқа барқарор карда, омода шаванд, то замоне, ки дигар қувваҳо расида дохили Тоҷикистон гарданд ва вазъияти Тоҷикистонро ноором созанд».
«Дар соли 2015 ман ҳамчун яке аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ, шоҳиди ҳол будам, вақте ки Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи 2015 муваффақ нашуд, ба аъзои ҳизб Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода амр карда, гуфт ки «Мо бо роҳи қонунӣ натавонистем, бо роҳи зуроварӣ табаддулот карда, ҳокимиятро ба даст мегирем”. Сатторов Айёмиддин мегӯяд, “вақте ки гуреза шудем, ҷавононро ҷамъ карда ба дасти онҳо силоҳ додем, ба воситаи ҷавонон мехостем, ки боз дар Тоҷикистон нооромӣ биёварем, тибқи нақшаҳои ғализи гуруҳҳои ифротии Эрон, ки дар зери ниқоби дустӣ амал мекарданд, мо дӯсти Тоҷикистон ҳастем гӯён дар Тоҷикистон амалҳои ифротӣ мекарданд».
Аёмиддин Сатторов мегӯяд, ки ин гурӯҳи экстримистӣ-террористӣ солҳои зиёд дар таълиму тарбияи ифротии ҷавонон чӣ дар дохил, чӣ дар хориҷи кишварамон кӯшишҳои зиёде кардаст. ТЭТ ҲНИ барои осоиштагӣ ва оромии миллати тоҷик ҳамеша хатар эҷод мекард ва мекунад. Далел ин аст, ки имрӯз раиси он Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷа истода мехоҳад, ки дасисаву фитнаҳои худро ба воситаи меросбарони ҳизби нохалафи исломӣ амалӣ намуда, дар Тоҷикистон нооромӣ ба миён орад.
Аз гуфтаҳои Аёмиддин Сатторов, замони ҷанги шаҳрвандӣ Раҳим Каримов яке аз аъзои барҷастаи ТЭТ ҲНИ буд ва чунин иброз менамояд: «Ман гуфтаҳои Сатторов Аёмиддинро тасдиқ мекунам, вале дар баъзе гуфтаҳояш нофаҳмиҳо ва ноаёниҳо ниҳон аст. Ба қавли Айёмиддин Сатторов гӯё то омадани Муҳиддин Кабирӣ ТЭТ ҲНИ дар з амони Абдуллоҳи Нуриву Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар чорчӯбаи ислом сохта шуда буд ва амал мекард. Ин комилан нодуруст аст. Дурусташ ин аст, ки дар равияи шиаи дувоздаҳимома будани ҳизби насҳати исломро дар ҳоле фаҳмидам, ки шаш моҳ пеш аз дигарон манн ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафтам, бо марҳум устод Раббонӣ ва марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигарон шиносоӣ пайдо кардам. Вақте, ки боқимондаи аъзоёни ҳамонвақтаи ТЭТ ҲНИ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омаданд, хостанд, ки бо марҳум устод Раббонӣ ва марҳум Аҳмадшоҳ Масъуд вохурӣ намоянд. Ман онҳоро ба назди марҳум устод Раббонӣ ва марҳум Аҳмадшоҳ Масъуд бурдам. Устод Рабонӣ пурсиданд: инҳо кистанд? Домулло Муҳаммадшариф гуфт, ки манн раиси ҳизби насҳати ислом дар Тоҷикистон ҳастам, боз ба тарафи Абдуллои Нурӣ нигариста пурсид шумо кӣ ҳастед?, оё шумо муовини раиси ҲНИ дар Тоҷикистон ҳастед? Мулло Абдуллои Нурӣ ҷавоб дода гуфт: не, ман раҳбари рӯҳонии ҲНИ ҳастам, инҳо ҳама маро итоат мекунанд. Марҳум устод Раббонӣ ба онҳо гуфт, ки ташкилоти шуморо барҳам дода, азнав месозем, барои он, ки бо ин сохтори ташкилотӣ шумо дар Афғонистон рӯз гузаронида наметавонед. МуллоАбдулло гуфт: чаро? Марҳум устод Раббонӣ ҷавоб дод, ки барои он ки сохторе, ки шумо истифода мекунед, аз сохтори ташкилотҳои шиаҳоид увоздаҳимома аст. Ман дар ҳамон вақтфаҳмидам, ки ин ҳизб бо таъсиси шиаҳои дувоздаҳимома ба дасти Абдуллои Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст».
Аёмиддин Сатторов доираҳои ифротии мазҳабии кишвари Эронро дар чунин кирдорҳо гунаҳкор дониста, сахт мутаассиф мегардад: «Мутаассифона, доираҳои ифротии мазҳабии кишвари Эрон аз “вазъияти мусоид” истифода намуда, равия ва ҷараёнҳои динӣ-мазҳабии барои мардуми мо бегона ва хатарнок дар дину зиндагиамонро вориди кишвари азизамон намуданӣ шуд. Баъзе аз доираҳои ифротии мазҳабии Эрон гурӯҳе дар зоҳир аз пайравони Исломро дар доираи ТЭТ ҲНИ муттаҳид ва маблағгузорӣ намуда, мавриди истифода ва татбиқи манфиатҳои ифротии хеш қарор дода истодаанд. Бояд қайд кард, ки аъзои ТЭТ ҲНИ ва саркардагони ӯ зери роҳбарии бевоситаи доираҳои ифротии мазҳабии Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолият намуда буданд, то ҳол фаъолият карда истодаанд ва дар оянда низ фаъолият карданиянд, вале ҳеҷ вақт ба мақсади худ намерасанд, зеро ки бори каҷ ба манзил намерасад. Айни замон ТЭТ ҲНИ яке аз муҳимтарин ниҳоди доираҳои ифротии мазҳабии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳисобида шуда, ҳифзу нигоҳдории режими исломӣ, интиқоли инқилоби исломӣ ва паҳнсозии мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ба кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи ин сохтори экстримистӣ-террористӣ мебошад, ки ба воситаи ҷангҷӯёни фитнаангез мехоҳад фикру ақидаи шуми шиагароии худро амалӣ намоянд».
Роҳбарону пайравони гурӯҳи экстримистӣ-террористии ҲНИ боре ҳам ба худ суол кардаанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Афғонистону Сурияро ба сари миллати худ меоранд? Оё хабар доранд, ки дигар бо ин афкору ақидаи бегонаашон аз эътимоди мардуми босаводу бофарҳанг сӯистифода карда наметавонанд. Мехостанд бо зӯрӣ ҳокимиятро ғасб намуда, манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро татбиқ созанд, аммо ин фикри онҳо хаёли хом мебошаду бас, чунки мардуми мусулмони тоҷик дигар ба доми чунин хиёнаткорони ватанфурӯш намеафтанд, зеро онҳо сарвари хирадманду худододе ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки бисёр оқилу доно ва воқеан ҳам, ватандӯсту қавиирода мебошад. Пешвои муаззами миллат пайваста шабурӯз барои рушди ватани азизамон ва баланд бардоштани шароити арзандаи зиндагии мардумаш заҳмати беандозаю бемисл кашида истодааст. Мардум бошанд, дар атрофии Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида, кишвари азизи биҳиштосои худро боз ҳам ободу зеботар гардонида истодаанд.
Феълан, ин гурӯҳҳои ифротии ғуломони хоҷагони берунаи худ дар кишварҳои аврупоӣ бо туҳмат ва суханҳои бардурӯғ ҳақиқатро рӯйпуш намуда, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ худро мӯсичаи бегуноҳ вонамуд мекунанд. Бо ин ҳаракатҳои худ роҳбар ва аъзои ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, ки гурӯҳи экстримистӣ-террористӣ будани худро инкор намуда, барои ҷиноятҳои содир намудаи худ аз ҷавобгарӣ дар канор монда, фаъолияти тахрибкорӣ ва иғвоангезии худро идома диҳанд. Вале, таърих гувоҳ аст, ки ягон ҷиноят, хусусан хиёнат ба халқу ватани хеш ҳеҷ вақт бе ҷазо намемонад.
Шиори онҳо «нифоқ барангезу ҳукумат кун» аст ва бинобар ин, аз мардуми ватани азизамон тақозо менамоем, ки ба гуфтаҳои бардурӯғу фитнагаронаи ин гурӯҳи разили ифротӣ - ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби назҳати исломӣ дода нашуда, ба ақида ва хиради солиму одилонаи худ андешанд ва аз нақшаҳои нобакоронаи онҳо дар камин бошанд. Роҳи онҳо тӯлонӣ набуда, онҳо бардаи разиле беш нестанд.
Чӣ тавре, ки Пешвои худододи миллати тоҷик мегӯянд, «Шукрона кардан лозим, ки мо чунин ватани озоду ором ва биҳишотосо дорем». Дар ҳақиқат, мо бояд аз ватандор буданамон, озод буданамон, аз тинҷию оромӣ ва осудагӣ, осмони софу беғубори Тоҷикистон, аз рушди кишвари азизамон, рӯз то рӯз беҳтару хубтар шудани шароити кор ва сатҳу сифати зиндагии мардумамон шукрона кунем. Ҳар яки мо бояд ба қадри ин ҳама неъматҳое, ки бо шарофати заҳматҳои беандозаи марди асилу бузург, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст аомадааст бирасем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва онҳоро чун гаҳвараки чашм нигоҳ дорем.
Шукуров Қ.Б. Мутахассиси пешбари Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибниСино.

01.05.2020     318
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php