ҲЭТ ҲНИТ дар Афғонистон лона меҷӯяд

ҲНИТ ба ҳар роҳу васила барои расидан ба аҳдофи нопоки худ имрӯз низ роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ дорад. Инак, ин ҳаракати террористӣ чун қабл, ки бисёриашон ба Афғонистон дар солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози он барои дастгирӣ ёфтан рӯй оварда буданд, имрӯз низ ба ин кишвар бо истифода аз вазъияти фавқулода ногувори сиёсии он истифода намуда, дар ин ҷо ҳузур пайдо кардаанд. Бояд гуфт, ки вуҷуди ин гурӯҳ дар Афғонистон, на танҳо барои минтақа, балки барои кулли ҷаҳон хатарзо аст. Чун аз даҳони ҳар як аъзои он бӯйи хун меояд. Аз ришҳои онҳо хун мерезад, инҳо мисли Мулло Умар, Ҳусанма бинни Одам ва дигар ҷоҳилони номдор ҳастанд. Ин гурӯҳ барои расидан ба аҳдоф на аз хуни ноҳақ метарсанд ва на аз хуни модари бегуноҳ. Будани ин гурӯҳ исбот намудааст, ки онҳо осоиш ва амнияти кулли дунёро зери суол мебаранд. Ин гурӯҳ ба сари Тоҷикистон дар тӯли таърих рӯзҳои сахту сангинро таҳмил додаанд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуд, ки ба рехтани хуни онҳо ин гурӯҳи террористӣ ва эктсремистӣ сабаб гардид.

Ҳузури аъзони ҲЭТ ҲНИТ-ро чанде қабл сухангӯи Вазорати истихборотии Афғонистон (Вазорати амнияти Афғонистон) Аҳмад Зиё Сироҷ низ расман тасдиқ намуд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳаракати экстремистӣ – террористӣ, ки ҳамакнун дар Аврупо зиндагонӣ дорад, ин далелро рад мекунад ва иддао дорад, ки ҳаракти террористии ӯ дар Афғонистон ҳеҷ ҳузуре надорад. Чи гунае, ки мардуми тоҷик худ огоҳ ҳастанд, дар солҳои 90-уми асри гузашта низ аъзои ин ҳаракат бо роҳбарии домулло Абдураҳим (Раҳим Каримов) ба Афғонистон барои яроқ рафта буданд. Ин ҳолатро борҳо домулло Абдураҳим дар ВАО ба таври возеҳ низ баён кардааст. Ба гуфти ӯ аъзои ин гурӯҳ барои яроқ ба ҷиҳод дар Тоҷикистон ба Афғонистон рафта буданд. Ӯ гуфтааст, ки: “Он замоне буд, ки ман шаш моҳ пештар аз ҷониби тамоми мухолифини тоҷик ба Афғонистон рафта будам. Мо аз тариқи Дарвоз ба Афғонистон бо мақсади аз Афғонистон боз ягон дастгирӣ ҳосил намоему ҷиҳодро дар Тоҷикистон давом бидиҳем, гузашта рафтем. Мо дар Афғонистон шаш моҳ мондем. Дигар боқимондагон, аз ҷумла роҳбарони ҲНИТ – Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳимматзода, Тӯраҷонзода ва ҳамчунин дигарон ба Афғонистон баъди шаш моҳи рафтани ман рафтанд”. Ин ҳолатро якчанд нафар аъзоёни ин ҳаракати хатарзо низ бармало қайд кардаанд, яъне иқрор шудаанд. Сатторов Аёмуддин низ дар конфронси САҲА худ иқрор шуда буд, ки аъзои ин гурӯҳ дар Афғонистон қарор доранд.

Аммо имрӯз будани ин гурӯҳ дар хоки Афғонистон аз қабл дида хатарноктар аст. Имрӯз ҳолати сиёсии Афғонистон тамоман ранги дигар дорад. Худоро шукр, ки он замон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд зинда буданду пеши роҳи ин ҳаракатро дар Афғонистон гирифтанд, аммо ҳоло вазъият тамоман дигар аст. Ин гурӯҳи террористӣ мехоҳанд аз ин вазъияти ногувори кишвари ҳамсоя истифода намоянд. Ба гуфти домулло Абдураҳим вақте Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Бурҳониддин Раббонӣ суҳбат мекарданд, Бурҳониддин Раббонӣ борҳо таъкид кардааст, ки шумоён тамоман аз ислом хабаре надоред ва ин роҳи шумо роҳи нодуруст буда, барои кишвару халқатон хатарнок аст. Домулло Абдураҳим мегӯяд: “Боз Бурҳониддин Раббонӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пурсид, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон фаъолият доред. Устод Нурӣ ҷавоб дод, ки понздаҳ сол. Бурҳониддин Раббонӣ гуфт: “Пас понздаҳ сол боз хизмати Эронро карда истодаед”. Баъдан Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт: “Устод Бурҳониддин Раббонӣ ба шумо хеле бузургӣ карда пурсиданд, агар ман дар ҷойи он кас мешудам, аз шумоҳо намепурсидам. Пас, шумо дар тӯли ин понздаҳ сол дар хизмати шиамазҳабҳо будаед?”

Ин гурӯҳи ҷаҳолатхоҳу носипос аз таърих дарсе нагирифта имрӯз барои манфиати бегонагон ба чунин кирдорҳои ғайриинсонӣ даст мезананд. Барои худ роҳҳо ҷустуҷӯ кардаву лонаҳо эҷод мекунанд, ки ба аҳдофи нопоки худ бирасанд, аммо мардуми зираку ҳушёри тоҷик дигар ба онҳо ночизтарин имтиёзро ҳам намедиҳанд. Дигар мардуми тоҷик мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нестанд ва аз ҳадафу аъмоли ин нобакорон огоҳ мебошанд. Ба кабиричиён гуфтаниям:

Ифрити иртиҷо

Ҷаллоди куҳнакор

Худро нигаҳ дор, ки тӯфони хашми халқ,

Охир ба боди нобудӣ фурӯ мебарад туро.

Хадамоти ректори донишгоҳ


23.02.2021     156
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php