Биё ин ҷаҳонро ба бад насупорем...

Сулҳ вожаест, ки бояд дар паҳлӯи Ватан ҷой шавад, вале қисмате аз соҳибватанони дунё, ин неъматро солҳост, ки аз даст додаанд. Ва пайи пойдорияш талош меварзанду мубориза мебаранд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беҳтарин шароит дар ҷодаи созандист.

Ҷаҳони мо пур аз ҳодисаву воқеъаҳои рўзмарра аст. Тараққиёти давлатҳои абарқудрат, ташкил ёфтани созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва амал кардани онҳо дар қаламрави мамлакатҳо, баҳри эҳё кардани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ҳар як минтақа аст.

         Ҳар як инсоне, ки ба олами ҳастӣ меояд, ҳуқуқи зиндагонӣ карданро дорад. Имрӯзҳо тамоми қишри сайёраро пайдо гардидани гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ташвиш андохтааст. Дар кашварҳои Араб, Афғонистон солҳои зиёд аст, ки мардум дар асари ин нооромиҳо сарсону овора, занҳо бешавҳару бефарзанд, кӯдакон беволидайн, бепарастор, маъюб гардидаанд. Ин дастаҳои бо ном “исломӣ” бо мақсадҳои гаразноки хеш ҷавонон гумроҳро ба ин роҳ кашида, ҳаёти ононро низ ба коми марг мепартоянд. Барои нагаравидани ҷавонон аҳли ҷомеа-муаллимону зиёиён, волидайну шахсони бомаърифатро зарур аст, ки бо онҳо машварату мулоқотҳо гузаронанд. Фирефта шудани як гурӯҳ ҷавонони кишвар, ки шомили Сурия гардида, ҷони ҷавони хешро қурбон намуданд, боиси нигаронии аҳли ҷомеаи Тоҷикистон гардида буд. Маҳз ғамхории падаронаи савари давлат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки фарзандони ин ҷавонони гумроҳгашта ба Ватан боз гардонида шуд.

Агар мӯшикофона ба оинаи таърих нигарем, маҳз чунин гурӯҳҳои ифротӣ буданд, ки солҳои навадуми асри ХХ дар кишвари осудаи мо –тоҷикон низ оташи ҷанги бародаркушро афрӯха буданд. Халқи тоҷик ҳам дар асари ин ҷанг рӯзҳои мудҳиштаринро аз сар гузаронид. Хушбахтона, дар он давра гурӯҳи калони зиёиёни тоҷик бо роҳбарии Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон барои дар арсаи байналхалқӣ нигоҳ доштани ҶЧумҳурии Тоҷикистон кушишҳои зиёде ба харҷ доданд. Маҳз сиёсати сулҳчуёна, хирадмандона ва халкпарваронаи сарвари давлатамон буд, ки ҷанги бародаркушӣ хотима ёфт ва дар мамлакатамон боз сулҳу амонӣй ҳукмрон гашт.   Боз дар кишвари зебоманзари мо боди форами сулҳу дустӣ мевазид. Мо, кули мардуми тоҷик, корҳои наҷҷиб ва андешаҳои окилонаи сарвари давлатро дар тарозуи акл санчида, бори дуввум ва саввум Эмомалй Раҳмонро Президент интихоб кардем ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки хато накардем. Акнун мардуми тоҷик бе тарсу ҳарос дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар гаштугузор мекунанд

                                   Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил  

                                   Бо тапиданҳои беорому рузафзуни дил.

       Дар баробари ин ҳама рушду такомул, мутаассифона, ҷаҳони имрўзаро як қатор мушкилиҳо фаро гирифтааст. Ин мушкилиҳо чун абри тираборе ба дунёи навин ворид гардида, торикии бузургеро таъсис додаанд. Ин зулмот метавонанд рафта - рафта тамоми дунёро фаро гиранд, ки боиси нобуд гардидани марзу бумҳо мегардад. Чунин ҳодисаҳои номатлуб дар қаламрави аксари давлатҳои рўйи олам ҳамарўза зиёд шуда истодааст. Ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани ҷомеаи навин гардидааст.

Пайдо гардидани гурӯҳҳои ба ном “давлатҳои исломӣ” дар кишварҳои хориҷӣ ҷаҳони муосирро ба коми оташи ҷанг кашида истодааст. Ҳар як шахси ватандӯсту сулҳпарварро зарур аст, ки барои ҳифзу нигоҳдошти сулҳу ваҳдат, оромию осудагии ҷаҳон саъюу кӯшиш намоянд.

      Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрўзҳо ҷомеаи муосирро ба ташвиш овардааст, ҳаракатҳои терроризм ва экстремизм мебошад.

       Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуб буда, боиси ба миён омадани нохушиҳо, бесару сомониҳо, ҷангу ҷидолҳо, парокандагию хонахаробии тамоми мардуми сайёра мегардад. Барпо намудани тарғибот, вайрон кардани сохтори конститутсионӣ, ташкил намудани ошўбҳои дунявӣ, барангехтани носозиҳои миллӣ ва ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он инҳо ҳама мақсадҳои ғаразноки террористӣ мебошад.

       Имрўзҳо ин ҳодиса қариб тамоми давлатҳоро фаро гирифта давлатҳои дигарро бошад ба доираи ташвиш вогузоштааст. Терроризм ба дунёи мо мисли як офати харобиовар ворид гаштааст, ки ҳар замон ба мо хисороти зиёде мерасонад.

       Аз рўйи нуқтаи назари ҳуқуқӣ, терроризм ин ҳаракати таблиғгаронае ба ҳисоб меравад, ки боиси нест гардидани қувваҳои олам мегардад. Мақсади ягонаи ғаразноки онҳо ин барпо намудани ҳокимияти худ бо роҳи ҷиҳод дар саросари олам мебошад. Террористон амалҳои нопоки худро бо мақсади тарсонидани одамон ошкоро анҷом медиҳанд. Худи калимаи «террор» лотинӣ буда маънояш «тарс», «ваҳм» мебошад.

       Таърих гувоҳ аст, ки терроризм дар ҳама давру замона вуҷуд дошт. Дар замони муосир ин ҳаракати нопок мушкилии калонеро дар ҳама минтақаҳои рўйи олам ба бор овардааст. Мубориза бар зидди террор аз ҷониби ҳамаи давлатҳои пурзўр гашта истодааст. Аммо аз чӣ бошад, ки терроризм на пайдоиши асосӣ дораду на ҳолати нестшавӣ. Коршиносон бар он ақидаанд, ки пайдо гардидани чунин равияҳои ифродгаронӣ пеш аз ҳама аз набудани сохти мустаҳками давлатдорӣ ва пайдо гардидани ҳолати беадолатӣ идоракунии давлат мебошад. Чунин аст, ки аз ин вазъият истифода бурда саркардагони пинҳонӣ ин гунна давлатҳоро бозичаи дасти худ қарор медиҳанд. Солҳои охир терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷаҳони муосирро ба ташвиш гузоштааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта рўз то рўз домани худро рўи олам паҳн карда истодааст. Аз чунин вазъиятҳо ҳамагон дар андешаи раҳоӣ мебошанд. Бо ин мақсад аз тарафи тамоми давлатҳо дархосту фармонҳо ба созмонҳои бонуфузи олам пешниҳод гардида истодааст. Зеро ҳар чӣ зудтар бояд пеши ин вабои аср гирифта шавад.

         Мушкилии асосӣ дар ин самт ин ҳамроҳ гардидани ҷавонон ба чунин равияҳои ифродгароӣ мебошад.

         Ҷавонон нерўи созанда ва пешбарандаи ҳар як давлат мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир таваҷҷуҳ нисбати онҳо ҷиддӣ гузошта шудааст. Аммо, мутаассифона, маҳви фикронӣ, бесаводӣ, бефарҳангию бемаърифатӣ баъзе аз ҷавононро водор кардааст, ки аз чунин равияҳои номатлуб ҳамроҳ гашта ҷони азиз худро қурбони амалҳои нопок гардонанд. Маҳз набудани тафаккури ахлоқӣ, дарки дурусти маърифати ҷавонони моро гумроҳ кардааст. Онҳо зудбовар ва заиф гаштаанд, ки қобилияти сарфаҳмравии чизе шуда наметавонанд. Аз ин хотир қурбони чунин фирефтаҳо мегарданд. Ба ин хотир ба ин масъала аҳамияти махсус дода шуда як қатор чораҳоиҳои зарурӣ андешида шудааст. То ин ки сатҳи маърифатӣ ва ахлоқии ҷавонон беҳтар карда шуда, дар дили онҳо меҳри инсондўстию инсонпарварӣ ва меҳри модару ватан эҳё гардад. То ин ки барои амнияти давлати худ ҳама вақт омода бошанд ва дар пешрафту созандагии ў хизматҳои фидокорона анҷом диҳанд.

       Имрўзҳо дар аксари давлатҳои исломӣ амалҳои террористӣ баръало мушоҳида мешавад, ки мардуми осоишта дар пайи таҳкиму таҳлукаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Хусусан давлатҳои исломии Ироқ, ки дар қаламрави Сурия ва Ироқу Яман аз ҷониби абарқудратҳо таъсис дода шудаанд, ҷомеаи навинро барои амнияти пурзўр маҷбур мекунад. Давлати исломӣ аз ҷониби баъзе аз абарқудратҳо пинҳонӣ идора карда мешавад, ки дар зери ғояи дини поку муқаддас, ислом амалҳои ғаразноки худро анҷом медиҳанд. Ин ҳодисаҳо баъзе аз мусалмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «Бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусалмонон таҳким ёбад ва номи дини мубини Ислом зиёне нарасад. Зеро хоинони Ислом дар каминанд, то нақшаҳои нопоки худро нисбат ба дини раҳмату таҳаммулгароӣ амалӣ созанд.

        Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил имрўз дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи худро дарёфт кардааст. Ин ғарази нопок, ватани азизи моро низ дар солҳои 90-уми асри ХХ фаро гирифта буд. Хушбахтона, Тоҷикинстон дар кўтоҳтарин муддат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст гардида чунин ҷиноятҳоро маҳкум ва нобуд сохт.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи олам таъқид менамоянд, ки тоҷикистониён ва Тоҷикистон дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм, экстремизм буданд ва ҳастанд.

        Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабли ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷомеъа чораҳои махсуси давлатӣ андешида истодаанд. Аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ватандўстию ватанпарастӣ. Пас меъёри аслии миллӣ, динӣ ва фарҳангиамон бошад.

        Аз ин хотир, мо ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳама ҷониби дастгирӣ намуда, баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин амалҳои номатлуб ва таҳкими сулҳу суббот дар мамлакат саҳми худро мегузорем.

Р.Ё.    Шарипова, дотсенти кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ, н.и.х.

 

           


17.08.2020     762
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php