Ба раҳгумкардагон аз маънии ҳамроҳ бояд гуфт!

Ҳангоми баррасии ин ё он падидаи иҷтимоӣ мо мехоҳем ба моҳияти он сарфаҳм равем, нишонаҳои фарқкунандаи онро аз дигар падидаҳо мушаххас намоем. Мо, пеш аз ҳама, кӯшиш менамоем мафҳуми он падидаро муайян кунем. Ин ба падидаи терроризм ҳам пурра дахл дорад. Аммо ин кор бисёр мушкил аст, зеро терроризм бисёр сохтори мураккаб дорад, чандрӯя аст, ҳар замон рӯи дигарашро нишон медиҳад, ки дар назари аввал ба ҳамдигар ҳеҷ монандӣ надоранд. Яъне тер-роризм унсурҳои идеологӣ, сиёсӣ, қавмӣ, динӣ ва бисёр дигар унсурҳоеро дорад, ки посух ба саволи «Бо кадом навъи терроризм мо сару кор дорем?»- хеле мушкил аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» экстремизмро – «изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ» муайян намудааст. Зуҳури экстремизмро омилҳои гуногун ба бор меоранд: шикаста шудани сохторҳои иҷтимоии ташаккулёфта, муфлис гардидани оммаи ҳалқ, бӯҳрони иқтисодию иҷтимоӣ, ки сатҳи зиндагии оммаи асосии мардумро бад мекунад, суст гардидани ҳокимияти давлатӣ ва беобрӯ шудани сохторҳои он, паст гардидани интизоми иҷроиявӣ, аз байн рафтани низоми арзишҳои вуҷуддошта дар ҷомеа, эҳсоси маҳдуд гардидани иззату номуси миллӣ, ба назар нагирифтани раъйи мардум ё вайрон кардани сиррӣ будани овоздиҳӣ ва ғайра.

Ба ғайр аз ин, таҳаввулоти ин падида дар солҳои охир хеле назаррас аст: шакли амалӣ намудани амалиёти террористӣ тағйир меёбад, методҳои кор сохтори ташкилотҳои онҳо такмил меёбанд. Як чизи дигар ҳам қобили ёдоварист, ки терроризм бо шаклҳои дигари эътирози иҷтимоӣ ва зӯроварӣ: таҷовуз, муборизаи мусаллаҳона, низоъҳои мусаллаҳона, фаъолиятҳои партизанӣ, тахрибкориҳо ва ғайра умумиятҳо дорад.

Аз ин рӯ, табиист, ки террризм таърифҳои бисёр дорад. Дар адабиёти имрӯзаи Ғарб ҳудуди 100 таърифи терроризм вуҷуд дорад. То ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ натавонистааст таърифи ягонаи ҳуқуқии терроризмро қабул кунад.

Барои аввалин бор истилоҳи терроризм дар «Конвенсияи оид ба пешгирӣ ва ҷазо додани амалҳои терроризм» соли 1937 аз тарафи Лигаи миллатҳо пешниҳод гардид. Дар ин ҳуҷҷат гуфта шуда буд, ки амалҳои террористӣ «аъмоли ҷинояткоронае эътироф мегарданд, ки ба муқобили давлати дигар ва ё аҳолии ин ё он давлат барои эҷоди тарсу даҳшат дар миёни шахсони алоҳида, гурӯҳи шахсон ва ё аҳолӣ амалӣ мегарданд». Аз он замон то имрӯз беш аз 115 таърифи терроризм ба вуҷуд омадаст.

Маълум аст, ки таърифи ин ё он падида бояд нишонаҳои асосии онро дар бар гирад. Барои ин нишонаҳои аслии терроризмро аз ду нуқтаи назар бояд баррасӣ кунем: аз нуқтаи назари этимологӣ ва аз нуқтаи назари таърихӣ.

Дар сарчашмаҳои забоншиносӣ на ҳамеша ҷавоби мушаххас дар шарҳи ин ё он мафҳум бо назардошти вежагиҳои он илм пайдо кардан мумкин аст, вале онҳо мазмуну муҳтавои онро муайян мекунанд. «Современный словарь иностранных слов» («Фарҳанги муосири истилоҳоти хориҷӣ») мафҳуми терроризмро ҳамчун сиёсат ва тактикаи террор ва террорро (аз лот. Terror - тарс, ваҳшат), сиёсати тарсонидан, пахш намудани мухолифони сиёсӣ ба воситаҳои зӯроварӣ) шарҳ додаст.

Ҳамин тавр, аз нигоҳи этимологӣ ду нишонаи муҳим дида мешавад:

а) зӯроварӣ;

б) ваҳшату тарс, ки дар таърифҳои зиёди терроризм ифода меёбанд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида истодааст. Дар баробари ин ҳама саъю талош боз бедордилӣ ва эҳсоси баланди ватанхоҳиву ватандӯстдории мардуми кишвар роҳи беамони мубориза ба муқобили ҳамагуна ифроту зӯровариро мустаҳкам менамояд. Мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум, хоса ҷавонон имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. 

Таибов С. А. -  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.Г. -  мутахассиси шуъба


08.12.2020     179
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php