Амалҳои ваҳшиёна

Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меорад. Ташкил кардани ошӯбҳои хунини баҳманмоҳаввалин амали калони террористию тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ буд.Роҳбарону масъулони наҳзатӣ бо истифода аз ҳолати ба миён омада ба амалҳои пасту разилона ва хоинонаю душманона даст зада, мехостанд дар ҷомеъа нуфуз пайдо кунанд ва ҳокимияти сиёсиро ба даст оранд.
Издиҳоми тазоҳургаронро дар он солҳо муллоҳову рӯҳониёни ифротӣ ва манфиатҷӯю фурсат­талаб, махсусан масъулони ТЭТ ҲНИТ ба майдон каши­да буданд, тавассути ин амалашон мехостанд ҳадафҳои душманонаю хоинонаи хешро татбиқнамоянд.
Он замон наҳзатиҳо бешарафонаю ноинсофона фазои ороми Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаю хурсандонаи мардумро бо амалҳои ноҷавонмардона ва рехтани хуни инсонҳо халалдор карданд.
Онҳо ба хотири расидан ба ма қсади нопокашон аз зишттарин амалҳо ва ҷинояти мудҳуши қатлу ғорати инсонҳои бегуноҳхуддорӣ накардаанд.
Ҳамагон ба хубӣ медонанд, ки дар интиҳои солҳои 80-уми асри ХХ дар тамоми қаламрави собиқИҶШС мавҷи исти қлолу озодхоҳӣ паҳн гардид ва то марзи Тоҷикистон низ расид. Ба ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин монанд дар ҷумҳуриҳои дигар- Озорбайҷон, Арманистон ва Гурҷистону Қазо қистон ҳам рух доданд. Аммо ҳаво­диси баҳманмоҳаз во қеъоти он кишварҳо фарқмекард. Яъне давоми баҳманмоҳи хунин ҷанги шаҳрван­дии Тоҷикистон буд.
Маҳз ҳамин ТЭТ ҲНИТ буд, ки мардуми Тоҷикис­тонро ба майдону сангарнишинӣ даъват намуда, байни таба қаҳои мухталифи ҷомеъа ҷудоӣ андохт ва мавҷи озодихоҳию исти қлолро ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардонид.
Моҳи апрели соли 1992 ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аввалин амали ҳизб ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави ҳизб дар минта қаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд.
Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шикан­ҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъди озод намудани ин минта қа аз дасти аъзои ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи ҳизб пайдо гардидааст.
Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуайян бо қӣ монд. Дар дигар минта қаҳои ҷумҳурӣ ҳазорон касонро сар буриданд ба даҳонашон асфалти ҷӯшонро рехтанд, шиками кӯдаконро чок карданд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардаҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гӯшаи маҳбас ба назар мерасид. Аз ин рӯ, ва қте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Иро қ, Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд.
Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзои Ҳизби наҳзат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “Ҷиҳод дар роҳи Худо” бар зидди ҳукуматҳои кофир дар Сурия, Ироқва Либия меҷанганд, ошкор гардидааст. Онҳоро дар бетартибиҳои “Баҳори араб” ширкат варзидаанд.
Хатари эҳтимолии таҷовуси “Давлати исломӣ” аз ҳудуди Афғонистон қалбҳоро дар Осиёи Миёна ва Қазо қис­тон ба изтироб овардааст.
Одинаев .И.С. Директори МТК “Стоматология”

04.06.2020     241
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php