ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ ДОНИШҶӮЁН БО РОҲИ ОМӮЗИШИ КИТОБИ «ТОЧИКОН»-И АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ

«Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷгузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 12.2019. 

Имрӯзҳо ташаккулёбии сифатҳои ахлоқию маънавии ҷавонони донишҷӯ яке аз муҳимтарин вазифаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки дар ин раванд нақши омӯзгор хеле муҳим аст.

Арзишҳои фарҳангии халқи куҳанпарасти тоҷик, мероси маънавии ӯ дар давоми ҳазорсолаҳо манбаи пуриқтидори маънавиёти халқҳои Шарқ ба ҳисоб мерафт. Инро бояд қайд кард, ки тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон, бахусус донишҷӯён дар тамоми ҳаёти инсоният мақсади аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро асоси ҷомеаро фарҳанг ва маънавият ташкил медиҳад. Омӯзиши асарҳои мутафаккирони тоҷик аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо бо мақсади тарбияи ҳаматарафаи насли наврас ба тарғиби масъалаҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва одоби хонаводагӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, инсондӯстӣ ва ҷанбаҳои дигари маънавиёти ҷавонон рӯ овардаанд.

Яке аз асарҳои бебаҳои шахсиятҳои бузурге, ки осори ӯ саршор аз масъалаҳои худшиносии миллӣ, таърихи бойи халқи тоҷик, ахлоқи баланди инсонӣ буда, маҳз ба ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва тарбияи инсони олиҳиммату ватандӯст бахшида шудааст, ин асари ходими намоёни чамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров  китоби «Тоҷикон» мебошад.

Чӣ хеле, олимон қайд кардаанд, китоби таърихии бебаҳои «Тоҷикон», аз муқаддима, 5 бахш ва 16 фасл (дар тоҷикӣ 6 боб; 17 фасл) ва замимаҳо иборат аст. Дар бахши якум аз ташаккул ва рушди сохти ҷомеаи ибтидоӣ дар сарзамини ниёгони тоҷикон, дар бахши дуюм аз ҳаёти онҳо дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ, дар бахши сеюм, чорум ва панҷум — аз таърихи ташаккули тараққии сохти феодалӣ сухан меравад.

Муаллиф бо истифодаи маводҳаои муътамади илмӣ тоҷикшиносиро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи умумиҷаҳонӣ таҳқиқ кардааст. Дар китоб проблемаҳои муҳими таърихи Шарқ, аз ҷумла баъзе масъалаҳои методологияи таҳқиқи илмии он, проблемаи ориёӣ ва бунёди нажодию забонии қавмҳои бостонии Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустони Шимолӣ ва Авруосиё; ташаккул ва таҳаввули зардуштия; таркиби анъанаҳои фарҳангии эронию ҳиндию юнонӣ; пайдоиши кушониён ва тамаддуни онҳо; сохти иҷтимоию иқтисодӣ; ташаккули таърихии халқияти тоҷик; маданияти асримиёнагии тоҷику форсҳо, аҳамияти ҷаҳонии он ва ғайра инъикос ёфтаанд.

Дар китоби «Тоҷикон» ба проблемаҳои этногенез диққати махсус дода шудааст. Муаллиф ташаккули халқияти тоҷикро дар ҷараёни алоқамандии этникию фарҳангии он бо халқиятҳои ҳамсоя (хоса ӯзбекон) тадқиқ кардааст. Дар худи асрҳои 7—6 то мелод дар Осиёи Миёна қавмҳои эронинажод — суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиён, фарғонагиҳо, портиҳо ва тоифаҳои саккоиҳо мезистанд, ки аз ҷиҳати маданият, урфу одат ва забон ба ҳам хеле наздик буданд (махсусан суғдиён ва бохтариҳо). Маҳз дар заминаи қавмҳои мазкур, махсусан суғдиён, хоразмиён ва бохтариҳо халқи тоҷик ташаккул ёфтааст. Ин ҷараёни этногенетикӣ аз охири асри 5 cap шуда, дар асрҳои 9—10, дар замони ташаккул ва рушди нахустин давлати тоҷикон анҷом пазируфтааст. Дар ин марҳилаи муҳим таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ба расмият даромада, нашъунамо кард. Забони ин адабиёт забони порсии дарӣ буд, ки бо он халқи маҳаллии тоҷикони Самарканду Бухоро, Балху Хуҷанд, Марву Нишопур, Тӯсу Ҳирот ҳарф мезад. Лекин замон ва маҳалли пайдоиши ин забон ҳануз ҳам мавриди мубоҳисаҳои илмӣ мебошад. Дар ин боб ду ақида ҳаст. Аксарияти муаррихони адабиёти классикӣ (Маликушшуаро Баҳор, Абдулганӣ Мирзоев, Забеҳуллоҳи Сафо, Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский ва диг.) собит мекунанд, ки забони порсии дарӣ-тоҷикӣ дар байни эрониёни шарқӣ — сокинони муқимии Хуросон ва Мовароуннахр ташаккул ёфта, сипас ба маҳалҳои ғарбӣ (ҷойҳои эрониёни имрӯза) паҳн шудааст. Муҳаққиқони дигар (В. В.Бартолд, А. А. Фрейман, В. Ҳайгер, Р. Фрай), баръакс, забони дариро зодаи маҳалли эрониёни ғарбӣ эълон карда, ақидае пеш меоранд, ки ин забон дар заминаи шеваи ҷануби ғарбии вилояти Форс ташаккул ёфта, дар ҷараёни паҳншавиаш ба мавзеъҳои шимолӣ ва шимолу шарқӣ бисьёр унсурҳои забонҳои маҳаллиро аз худ кардааст. Мавқеи фарҳангии забони тоҷикӣ на танҳо ба мавқеи забони арабӣ баробар шуд (дар асрҳои Х11—Х111), балки рафта-рафта ҷойи онро гирифт. Забони тоҷикӣ, сарфи назар аз тағйироти ҷиддии сиёсие, ки дар тӯли ҳазораи охир дар сарзамини ситамдидаи Аҷам муттасил рӯй додаанд, мақоми маданӣ ва мавқеи расмии худро аз даст надодааст. Гузашта аз ин, дар асрҳои ХУ –ХУ11 вай доираи эътибори худро хеле васеъ карда, дар ҳудуди Ҳиндустону Покистони имрӯза нуфуз пайдо кард ва дар зарфи 300 сол вазифаи забони давлатӣ ва маданиро адо намуд. Забони давлатию фарҳангии чӣ Темуриён ва чӣ амирони манғитияи Бухоро тоҷикӣ буд. Дар китоби «Тоҷикон» марҳалаҳои асосии ташаккул ва тарақкии тамаддуни тоҷикон, аз ҷумла адабиёту санъат ва илму фалсафаи аҷамиён ҳаллу фасл ёфтаанд. Таърихи интелллектуалии халқи тоҷик аз се ҳазор сол кам нест. Афкори илмию фалсафии эронӣ, ки решааш аз сарчашмаҳои Авесто (аз 1Х –У1 то мелод) сарчашма мегирад, дар асрҳои миёна (Х—Х111) ба авҷи тарақкиёт расидааст. Бояд кард, ки Б. F. Гафуров дар китоби «Тоҷикон» силсилаи масъалаҳои муҳим ва актуалии таърихи тоҷикон ва халқҳои ҳамсояро ба доираи таҳқиқу тадқиқ кашида, онҳоро мавриди муҳокима ва мулоҳизаҳои доманадоре қарор додааст. Хулоса ва андешаҳое, ки дар китоб зимни таҳлилиҳаматарафаи сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои муаррихони шӯравию хориҷӣ баён намудааст, ба вусъати минбаъдаи афкори шарқшиносӣ ва махсусаи эроншиносӣ мусоидат намуд.[1,429- 430].

Қобил зикр аст, ки худогоҳӣ ба фаъол гаштани нақши шахс дар рушди ҷомеа мусоидат менамояд. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин иброз доштанд: “Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд”, ки дар тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб ва ба ин амали нек бештар ҷалб кардани тамоми қишрҳои ҷомеаи тоҷик таъсири самарабахш расонида, ҳамовозию ҳамраъйии оммаи васеи шаҳрвандони кишварро фароҳам овард.

Инчунин зикр кардан бамаврид аст, ки иқдоми шоиставу сазоворе, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод карданд, ин нашри махсуси шоҳасари бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров "Точикон" аз ҳисоби Фонди    Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то Ҷашни умумимиллии 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи сарбаланди диёр ҳамчун туҳфа тақдим кардани он мебошад. Чӣ хеле ки дар Паёми Пешвои миллат зикр шудааст, «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми чаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард»[2, 12].

Имрӯз Пешвои миллат барои шинохти гузаштагонамон китоби «Точикон» - ро ба чоп расонида, ба ҳар хонадон пешкаш намуданд, ки боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад. Ин иқдом ҳамчун раванди татбиқи мақсадҳои наҷиби Пешвои миллат ҷиҳати бо таърихи бостонии миллати хеш бештар ошно кардани аҳолӣ ва дар ин замина, дар замири ҳар як шаҳрванди кишвар талқини худшиносию парваридани меҳру муҳаббати самимӣ ба сарзамину давлати соҳибистиқлол маънидод гардида, онро метавон ҳамчун таҷрибаи пурарзиши ватанпарастӣ бо таърихи пурғановати миллати хеш ифтихори воқеӣ доштан, арзебӣ намуд. Баъди ба сокинони ҷумҳурӣ дастрас намудани ин асари пурарзиш боварии комил дорем, ки хурду калон онро бо шавк мутолиа менамоянд аз таърихи бой ва рангини даврони пешдодиёну шоҳони каёнй, шукӯҳи сулолаи Сомониён, аз таърих, адабиёти ғанӣ, фарҳанг ва ахлоқи шоистаи тоҷикони бостонӣ хубтар воқиф мегарданд ва ин, албатта, ба баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба таърихи бойи халки точик башида шудааст ва масъалахои хештаншиносиву ватандӯстиро ифода менамояд барои тарбияи наслҳои имрӯзу фардо ва маънавиёти баланди онҳо созгор мебошад.

Манижа Умарҷоновна  Юлдошева  -  омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 1



18.05.0202     621
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php