Сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке аз чораҳои таъминкунандаи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Бо истифода аз ин фурсат гурўҳҳои ҷиноятпеша ба ворид намудани маводи нашъаовар аз Афғонистон ба кишвар шурӯъ намуданд. Бори аввал ҳолати хариду фурўши маводи мухаддир дар Тоҷикистон соли 1991 ошкор ва ба қайд гирифта шуда, аз гардиши ғайриқонунӣ 10 кг 910гр маводи нашъаовар мусодира шудааст. Маводи сахттаъсири героин соли 1996 дар кишвар бори аввал мусодира гардид. Шумораи нашъамандони дар қайди расмӣ қарордошта дар соли 2008 ба зиёда аз 8800 нафар расид.

Ҷиҳати андешидани тадбирҳои саривақтӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар”аз 12 апрели соли 1996 ба имзо расонида шуда, дар партави Фармони мазкур Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар таъсис ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1999 ба 3 Конвенсияи СММ ҳамроҳ гардида, ба такмили қонунгузории кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар оѓоз намуд. Бо ин мақсад дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ(боби 22 ҷиноятҳо ба муқобили саломати аҳолӣ) ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар намудааст.

Моҳи июни соли 1999 дар заминаи Комиссияи давлатї Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 10 декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” қабул карда шудааст.

Ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои сиёсати зиддимухаддиротии кишвар то имрӯз якчанд барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардидаанд.

Айни ҳол муҳлати иҷрои Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ба итмом расида истодааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 1994 то соли 2019 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар 125 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла афюн – 42 тонна, героин – 35 тонна, гурўҳи бангдона 47 тонна ва 1 тоннаю 292 кг дигар намуди маводи нашъадор мусодира шудааст.

Борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, ки “Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генафонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод мекунад”.

Татбиқи ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бар он мусоидат намуд, ки як қатор дастовардҳои назаррас дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии  маводи нашъаовар, коҳиши сатҳи нашъамандӣ ва пешгирии афзоиши он ба даст омада, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари муваффақ муаррифӣ намояд. Аз ҷумла:

–дар 5 соли охир дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷа 2,5 маротиба (750/308) ва ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар 8 маротиба (1299/166 кг) кам шудааст;

– ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҷиноятҳои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамоянд. Танҳо дар соли 2019 582 ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд (соли 2018-812 ҷиноят);

– дар Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдор ҳамасола аз муомилоти ғайриқонунӣ аз 2 то 5 тонна маводи мухаддирро мусодира менамоянд. Танҳо дар се соли охир (2017-2019) аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб 10 тонна маводи мухаддир мусодира гардидааст. Солҳои охир коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад, мисол ҳаҷми мусодираи он дар соли 2018 29 фоиз ва соли 2019 2,2 маротиба кам гардидааст. (соли 2019-1 т 637,5 кг);

–Дар панҷ соли охир (2015-2020) сатҳи нашъамандӣ 29 фоиз кам шудааст;

– дар давоми солҳои 2017-2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 35 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шуда, 84 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли онҳо ба ҳабс гирифта шуданд;

– дар ин давра ягон ҳолати ошкори қочоқи прекурсорҳо тариқи сарҳади Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст;

– фаъолияти муназзами Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ мусоидат намуданд, ки дар Тоҷикистон ба кишт ва истеҳсоли маводи нашъаовар роҳ дода нашуд ва ғайра.

Маводҳои аз мумомилоти ғайриқонунї мусодирашуда, метавонист миллионҳо сокинони оламро водори нашъамандӣ созад.

(дар маърузаи мазкур аз маводҳои сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷаллаи 20- солагии Агентии болозикр васеъ истифода гардидааст). 

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ  -  Н.М. Шарифзода


17.05.0202     311
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php