Сиёсати созанда

Сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои дунё гуногун буда, дар баъзе ҳолатҳо камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд, ки боиси нигаронии мардуми саёра гаштааст. Баъзе аз давлатҳои абарқудрат аз баъзе гурӯҳҳои ифродгаро ва террористон бо тарзи махфӣ дастгирӣ намуда, боиси нооромиҳо дар давлатҳои хурд мегарданд, ки ин аз рӯи адолат ва инсоф нест. Хушбахтона, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати тоҷикон сиёсати созанда буда, барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидани давлати мо мусоидат менамояд ва муарифгари хиради волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гаштааст. Аз ҷумла сиёсати давлати тоҷикон дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, ки душмани башарият ва таъриху миллат дар ҳама давру замон аст ва амалҳову ниятҳои нопоки харобкунандааш барои рушду пешрафти давлату ҳукумат монеа эҷод намуда, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад, мақбули ҷаҳониён гаштааст. Заминаи аслии террористиро дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии баъзе аз ашхосе медонанд, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Имрӯзҳо, ки калимаҳои терроризму экстремизм ҳамаро фаро гирифтаву ҳамарӯза аз ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва кинаву адоват мешунавему тариқи шабакаҳои иттилоотӣ мебинем, гувоҳ аз он медиҳад, ки мулк бе сиёсат пойдор намемонад. Хушбахтона, сиёсати давлати тоҷикон ҷанбаҳои хуби сиёсиро аз бар намуда, миллати моро ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ овардааст. Ин омили он аст, ки мардум аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари хирадманди хеш ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд.       

Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Пушида нест, ки терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули муборизаи сиёсӣ аст. Терористон бо истифода аз афкори тарсафкану даҳшатовар, бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зуроварӣ боиси бедор кардани тарсу ҳарос дар вуҷуди инсонҳо мебошанд. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона ноором кардани вазъи сиёсӣ, эҷоди бесарусомониҳо, коста намудани обрӯи давлат ва ҳамзамон ноором сохтани вазъи сиёсӣ буда, ҳамзамон шур барпо карданҳо миёни қишрҳои ҷомеа мебошад. Ба ақидаи қисме аз олимону донишмандони соҳаи ҷомеашиносӣ пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфнок пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии ҳаёти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагӣ дорад. Дар даҳсолаи охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардидаву ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд.

Дар замони муосир сафи террористон аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд, то аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Зеро суръатёбии раванди тундгароӣ, ифротгарроию даҳшатафканӣ яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ба ҳисоб меравад. Амалан ба назар мерасад, ки дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Руйдоҳои охир дар минтақаҳои ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои аврупоӣ терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ларза андохтааст. Домани фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Мутаассифона, аксари ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Дар бисёр маврид баъзе аз рӯзноманигорон, хизматчиёни давлатӣ, ки дар бораи ислом маълумоти дақиқ надоранд, суханони носанҷида мегӯянд, ки барои ҳамзистии осоишта ва ороми пайравони ислом ва дигар динҳо дар ин ё он кишвар халал ворид мекунанд. Ислом ба терроризм ҳеҷ муносибат надорад. Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ, дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 гуфта буд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст…ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд».

Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хело зиёданд, аммо беш аз ҳама ин ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтидан, соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосӣ - надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад. Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст. Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.

        Барои ба ҳадаф расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсири манфӣ расонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд ва ғаразҳои нопоки хешро пиёда месозанд. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст ва минтақаҳои ороми дунёро ба нооромӣ табдил додааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо, хусусан Тоҷикистони азиз, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим - ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид ва бо роҳбарии сарвари арзандаи хеш роҳи ҳалли ин масъаларо ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои мубориза бар зидди экстремизм барои пешгирӣ аз ин тамоюл тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Аз ин рӯ, давлати моро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигаҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинони ҷумҳурӣ ва наслҳои оянда бо дилу нияти нек дар як замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, давлатдориро ба ӯҳда гирифта, дар як муддати кӯтоҳ шӯълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Агар ба таърихи начандон дури хеш назар афканем, маълум мегардад, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт ва кишвари мо дар ҳолати ногувор қарор гирифтаву иқтисодиёти давлат хароб гашта буд. Аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Аз тарафи дигар гусасташавии риштаҳои хамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида, сатҳи камбизоатӣ ба 80 % расид. Дар маҷмӯъ ин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллии кишвар ба миён овард ва дар он давраи мушкил ва ҳассос, ки тақдири миллатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зима гирифтанд, ба ёд меояд, ки касе аз намояндагони мардум намехост зимоми давлатдориро ба души хеш гирад ва мо ҳеҷ гоҳ инро фаромӯш карда наметавонем. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, ки вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боздоранд ва иқтисодиёти кишварро ба эътидол оваранд, то ин ки кишварамон аз ин вазъи номусоид берун ояд. Дар ин давра тамоми корхонаҳо валангор буданд ва давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист. Роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд. Меҳмонхонае набуд, ки барои қабули меҳмонони хориҷӣ омода ва ба талаботи замона ҷавобгӯ бошад. Мардум норасоии обу барқро ба куллӣ эҳсос менамуданд.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Бо шарофати қудуми неки ин марди сипоҳсолор ва хирадпеша мо ба ин рӯзҳои неки зиндагӣ расидем. Ба мо муясар гашт, ки соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, инчунин Артиши миллӣ гардем. Муҳимтар аз ҳама дар давраи соҳибстиқлолӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатиро сазовор гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 145 кишвари дунё ҳамчун давлати мустаққил мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷумҳурии мо бо як қатор давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Файзи истиқлол, сиёсати хирадмандона ва кӯшишу ғайрати беандозаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки соҳаҳои иқтисодиёту маориф, тандурустиву кишоварзӣ давра ба дара рушд ёфта, мустаҳкам гардида истодаанд. Маврид ба зикр аст, ки таи чанд соли охир сатҳи ҳаёти мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳодаву гӯшаву канори диёрамон боз ҳам ободу зеботар мегардад. Аз ҷумла, амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлат: баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмин намудани истиқлолияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергитикӣ ва ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистони азиз самараи соҳибистиқлолии Ватан аст. Мардуми тоҷик имрӯз ифтихор аз он доранд, ки дар интихоби сарвари хеш хато накардаант ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун сохтмони НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2, “Нақби Истиқлол”, Роҳи мошингарди Бадахшон, Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб ва як қатор иншоотҳои бузурги кишвар истифода мебаранд. Ин ҳама ободиву муваффақиятҳо ба руҳу ҷони ҳар фарди Ватан илҳоми тозаеро баҳри   некуаҳволии халқу диёрамон бахшида, дилро ба ваҷд меоварад ва мо беихтиёр нидо мекунем:

Бар ватандории мо ҳар кас, ки варзад душманӣ,

Бемуҳобо то кунун дар рахти хоби ғафлат аст!

Имруз, ки ҷаҳони муосирро муборизаҳои шадиди итилоотӣ фаро гирифтаасту дар шабакаҳои иҷтимоӣ давлату миллати моро баъзе гурӯҳҳои аз сиёсат бехабар санги маломат мезананд, мо бояд бетарафӣ зоҳир нанамоем. Дар баробари ин, ҳамаи мо вазифадорем, ки Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат будаву нангу номуси ватандорӣ дошта бошем. Мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирем. Барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда, ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамоем. Воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос намуда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем! Халқи тоҷик дар фазои ором, озоду обод зиндагӣ дорад ва давлату Ҳукумате дорад, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Мо бояд шукургузор бошему ифтихор намоем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем. 

Носирӣ Қ. Н. – н.и.т., дотсент, сардори хадамоти ректори МДТ „ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино“

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МДТ „ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино“


31.03.2021     376
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php