Сарфаи нерӯи барқ-муҳимтарин омили рушд

Давоми чанд соли охир дар кишвар истеҳсоли неруи барқ ба маротиб афзуда, мадудият дар истифодаи он бардошта шуд. Ин вазъ боис шуд, ки аксарият аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид даст заданд. Чунончи, истифодаи нодурусти асбобҳои зиёди гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар кишвар таъсири манфии худро расонид.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сариштакорона истифода бурдани неруи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”.

Ба хотири садди роҳи исрофкорӣ шудан дар истифодаи неруи барқ ва пешгирии талафёбии буҷаи иқтисодии хонаводаҳо Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ислоҳот ворид намуда, низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти  нерӯи барқ, ҷорӣ намудани низоми нави электронии механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқ ва дигар чораандешиҳоро ба роҳ монд. Аз асоситарин фоидаҳои ин низом ҳамин аст, ки аъзои ҷомеа дар истифодаи неруи барқ сарфакор шуданд ва ба ин васила миқдори муайяне аз буҷаи иқтисодии оилавияшонро сарфа намуданд. Ва равшан аст, ки ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум таъсири хуб дорад.

Орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии боз ҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Ин орзуи сокинони кишвар ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф корҳои Ҳукумати кишвар назаррас ва қобили таваҷҷуҳи хоса аст. Дар баробари ин иқдомот ва роҳандозии босамари он ҳар як сокини кишвар бояд саҳмгузор бошад ва набояд канор нишинад. Ҳар як аз аъзои ин ҷомеа барои ноил шудан ба чунин орзуи нек ва мақсади судманди худ ва давлати худ бояд талош намояд. Аз он ҷойе, ки Ҳукумати кишвар барои расидан ба ин ҳадаф рушди соҳаи энергетикаро асоситарин роҳу усул муайян кардаву қарор додааст, пас мо бояд бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар самти амалӣ шудани ин ҳадаф саҳми худро гузорем.

Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад. 

Турсунова З. -  шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


21.12.2020     848
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php