Саразм- маркази ташаккули тамаддуни тоҷикон

Саразм яке аз нахӯстин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳтарини тамаддун дар Суғд буда, соли 1976 аз ҷониби бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Ҳоло он яке аз қадимтарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар сари шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд, дар наздикии деҳаи Саразм, 15 км ғарбтари шаҳри Панҷакент ҷой гирифтааст. Шаҳраки Саразм дар мавзеи нисбатан баланд сохта шуда, ҳоло масофаи он аз ғарб ба шарқ ба 1500 метр ва бараш аз шимол ба ҷануб ба 400 метр (дар самти ғарбӣ), то 800 метр (дар самти шарқӣ) мерасад. Дарёи Зарафшон аз шимолтари Саразм ҷорӣ буда, сатҳи об аз шаҳраки Саразм 20 метр паст аст.
Мувофиқи маълумоти Абдуллоҷон Исҳоқов дар асараш “Саразм оғози тамаддуни тоҷикон” маълум мегардад, ки сокини деҳаи Авазалии Панҷакент, маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашӯралӣ Тайлонов бо духтараш Ҷамила ҳангоми боздид аз осорхонаи ба номи Рӯдакӣ дар Панҷакент ба нусхаи табари биринҷии аз деҳаи Ёрии ноҳия ёфтшуда дуру дароз нигоҳ карда, синну соли ин табарро пурсон мешавад ва изҳор мекунад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин табар ёфтааст ва метавонад онро ба осорхона тӯҳфа намояд. Ҳангоми боздид аз ин экспонат маълум гардид, ки майдони ёдгорие, ки аз он чунин экспонатҳо хеле зиёд аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ёфт шуданд, бо қадами ҳисобкардаи номзади илмҳои таърих Усмонҷон Эшонқулов ва А. Тайлонов тахминан 100 гектарро ташкил менамояд.
Мушкил он буд, ки менависад А. Исҳоқов болои ёдгорӣ аз асри 6 инҷониб деҳаҳои нав, биноҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ пайдо шуданд. Имрӯз бошад дар болои қабати маъдании ёдгорӣ деҳаҳои Раҷабалӣ, Авазалӣ, Ғурач ва Соҳибназар ҷойгиранд, ки дар натиҷа зиёда аз 40 гектари он осеб дидааст. Қисми дигари ёдгорӣ зери биноҳои мактабу фермаҳо ва киштзорҳои ҷамъиятӣ мондаанд.
Ҳафриёти Саразм тирамоҳи соли 1976 оғоз гардида, аввал ҳандақи ҳаҷмаш 2х4 метр канда шуд. Давраҳои таърихӣ ва ғафсии қабатҳои маъданӣ муайян гардид. Равшание дар қаъри таърих пайдо шуд. Аён буд, ки Саразм ба замони энеолит ва биринҷӣ мансуб буда, таърихи 5000-5500 сола дорад. Дар ибтидо ин маълумот фарзияеро мемонд. Барои далелҳои дақиқ дар якчанд ҷойҳои ёдгорӣ хандақҳо кофта, ҳафриётҳои бостонӣ гузаронидан лозим буд.
Дар муддати 20 сол аз ҷониби кормандони маркази бостоншиносии Панҷакент дар шаҳраки Саразм 12 шуфр ва 11 ҳафриётгоҳ таҳқиқ карда шуд. Соли 1991 бо забони русӣ бо номи “Саразм” китоби алоҳида чоп гардид.
Дар давоми солҳои 1977-1980 бостоншиносони шинохтаи шуравӣ А.М. Белинитский, В.М. Массон, Б.А. Литвинский, Р.М. Мунчаев, А.А. Аскаров, Н.Н. Неъматов, бостоншиносони хориҷӣ Филипп Колл (1979, ИМА), Анри Пол Фракфорт, Бертил Леоне (1979, Фаронса), К.К. Ламберг-Карловский (1983, ИМА) ва дигарон дохили димна, толорҳо, иморатҳо, маъбадҳои Саразм қадам зада, бо асрори ин шаҳраки қадима шинос шуданд. Дар натиҷа ин ёдгорӣ фарогири омӯзиши сарчашмаи тамаддуни тоҷикон гардида, аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кард.
Пас аз он, ки соли 1984 бостоншиносони Фаронса Анри Пол Франкфорт ва Роланд Безенвал дар ин ҷо ҳафриёт карданд ва соли 1985 бостоншиносони Донишгоҳи Ҳарварди Массачусетси Амрико К.К. Ламберг Карловский ва Филипп Колл дар шаҳраки Саразм ду шурфи санҷишӣ гузарониданд, ба хулосаи он, ки тамаддуни Саразм таърихи 5000-5500 солро дорад, ҳамфикр шуданд ва дар мақолаи якҷоя чопнамудаи онҳо чунин сатрҳо дарҷ шудаанд: “Саразм на танҳо яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Марказӣ, балки тамоми Шарқи Наздик- Эрон, Балуҷистон, Афғонистону Ҳиндустон низ ба шумор меравад”.
Дар ҳафриётҳои солҳои 1976-1996 аз 100 гектар майдони шаҳраки Саразм ҳамагӣ як гектари он кушода шуда буду халос ва имрӯз аз ду гектари ҳафриётшуда зиёда аз 150 хонаҳои истиқоматӣ, 4 мубади оташ, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, як бӯстонсаро бароварда шуд. Сокинони Саразм дар ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳои пиёдагард ва кӯчаҳои аробагард рафтуо дошта, дорои фарҳанги баланди шаҳрсозӣ будаанд. Аз он лавозимоти рӯзгор, ороишоти тиллоӣ, нуқрагин, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун устухонҳои ҳайвоноту паррандаҳо, зарфҳои сафолини мунаққашу деворнигораҳо, ки аз санъати баланди ҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд, ёфт шуданд.
Асосан рушди ҷомеаи инсонӣ ба давраи энеолит рост меояд. Ҳамчун давраи ташаккули тамаддун бостоншиносон одамони замони энеолитро одамони бофарҳангу ботамаддун ном мебаранд, зеро онҳо дар дохили хона истиқомат намуда, дорои маданияти баланди чорводорӣ кишоварзӣ ва ҳунармандӣ дониста шудаанд. Аз ин ҷиҳат Саразмро ватани аввалин муҳандисони сарзамини Мовароуннаҳр номидан мумкин аст. Биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии шаҳраки Саразм аввалин осори санъати меъмории Мовароуннаҳр буда, ин ҷо ватани похсачиёну хиштрезон, биносозону дуредгарони аввалин ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумотҳои ҳафриётҳои Саразм бинокорон хонаҳои истиқоматии шахсӣ ва ҷамъиятиро бо похсаҳо ва хишти хоми калонҳаҷм месохтаанд ва барои мустахкам шудани хиштҳо, ба лой коҳи маҳини ҷаву гандумиро меандохтаанд.
Соли 1978 У. Эшонҷонов ҳангоми аз хоку партовҳо тоза кардани чоҳи хамба лойи хушкшудаеро дарёфт намуд, ки дар он донаҳои ҷав часпида буданд. Бо асбоби ҷарроҳии пинсет ҳар як донаи онро аз лой ҷудо намуданд. Дар натиҷа 221 донаи ҷав аз лой ҷудо карда шуд. Баъдтар дар рафти ҳафриёт ба лой часпидани пояи гандум низ пайдо шуд. Аз ин маълум мегардад, ки ғармичҳои аз Саразм ёфтшуда аввалин осиёбҳо буда, саразмиён яке аз аввалин офарандагони орду пазандагони нон дар сарзамини Мовароуннаҳр ба шумор мераванд.
Ҳангоми ҳафриёт дар бинои 7-и ин ёдгорӣ бостоншиноси фаронсавӣ Ронал Безенвал 8 хамбачаи дарозшакли дар як қатор ҷойгиршударо кушод, ки тахмини бостоншиносонро дар бораи мавҷуд будани ғалладонагиҳои гуногун дар Саразм асоснок намуд. Ин кашфиёт собит намуд, ки саразмиён дар рӯзгори худ 8 намуди ғалладонагиро истифода бурда, бо болоравии кишоварзӣ солҳои дароз дар як маскан зиндагӣ карда,фарҳанги худро такмил дода, шаҳру деҳот бино намоянд ва ҳунармандиро рушд диҳанд.
Бостоншиносон дар натиҷаи ҳафриёти Саразм чор тарзи биносозиро муайян намуданд. Инҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ, анборҳои махсуси ғалланигоҳдорӣ, ибодатхонаҳо ва қасрҳо мебошанд. Мувофиқи маълумотҳое, ки дар ду гектар ҳафриётшиносон ҳафриёт гузарониданд, маълум мегардад, ки саразмиён чор давраи зистро аз сар гузаронидаанд ва он зиёда аз ҳазор сол тӯл кашидааст. Ҳар як давраи зист аз 150 то 300 сол, дар баъзе ҷойҳо то 400 сол давом кардааст. Ин давраҳо аз рӯйи қабатҳои археологӣ исбот намуд, ки ҳар як давра бо тарзи иморатсозӣ, кулолгарӣ ва намудҳои алоҳидаи ҳунармандӣ аз якдигар фарқкунандаанд. Дар давраи аввал истиқоматгоҳҳои мардум аз биноҳои номустаҳками похсагин иборат буданд, дар давраҳои дуюм ва сеюм бошад, аз хиштҳои бузургҳаҷм бо деворҳои паҳну баланд сохта шудаанд. Дар истеҳсоли неъматҳои моддӣ, ашёи рӯзгор ва фарҳанги зист саразмиҳо дар замони ибтидои рушди зарфҳои сафолӣ ва олотсозӣ қарор дошта, аввалин маъданҳое, ки сокинони Саразм дар ҳаёти фарҳангии худ истифода намуданд, мис ва тилло будааст. Онҳо аз ибтидои ҳазорсолаи III-юми пеш аз мелод аз қаъри кӯҳҳо роҳи кандани сангҳои гуногуни қиматбаҳо ва маъдандорро ба хубӣ азхуд карда, дар замони мису биринҷӣ зиёда аз 15 намуди ашёи истеҳсолию хоҷагиро сохта метавонистанд.
Ҳамчунин дар ҳафриёти Саразм зиёда аз 500 дона сари урчуқҳои ресандагӣ, даҳҳо дирафшу сӯзанҳо ва дигар олоти бофадагию дӯзандагӣ дарёфт шуданд. Умуман, ниёгони мо дар осори тамаддуни Саразм аз худ касбу ҳунарҳои гуногунро мерос гузоштаанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо такмил ёфта, то имрӯз аз он оҳангарӣ, чармгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ, наққошӣ ва ҳ.к. боқӣ мондааст.
Бо мақсади нигоҳ доштан ва рушди анъанаҳои ҳунарҳои ниёгонамон ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардидани осори тамаддуни тоҷикон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ декабри соли 2018 бо пешниҳод ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Ҳоло дар замоне, ки ҳар як халқу миллат дар ҷустуҷӯи сароғози таърихи худ қарор доранд, дар доираи худшиносии миллӣ мо тоҷиконро зарур аст, ки осори моддӣ ва маънавии худро дарёфт намуда, дар талош ва омӯзиши таърихи гузаштаи худ бошем. Ҳамчунин ёдгории Саразм, ки таърихи беш аз 5500 солро дорад, инъикосгари тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар арсаи ҷаҳони эътироф гардидааст.
Р.С.Қиматзода, М.З.Фозилова, дотсентони Маркази омодагии қаблӣ.


15.02.2020     1517
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php