Сабақ аз осори Абдуллоҳи Раҳнамо

Китоби “Дидгоҳи давлатмеҳвар” барои доираи васеи хонандагон, махсусан ҷавонон баманфиат буда, фаҳмиш ва дониши онҳоро дар мавзӯҳои сиёсиву иҷтимоӣ мукаммал мегардонад. Китоби мазкур хусусияти тарбиявӣ дошта, мардумро ба зиракии сиёсӣ даъват намудаву ҳисси ватандустӣ ва ҳуввияти миллии ҷавононро мустаҳкам мегардонад. Он хонандаро дар рӯҳияи идеяҳои байналмилалӣ тарбия менамояд, барои нигоҳ доштани соҳибихтиёриву арзишҳои миллӣ, забон ва урфу одат кӯмак мерасонад. Дар масири расидан ба мавқеи миллӣ ва дидгоҳи давлатмеҳвар, такмили фарҳанги сиёсӣ ва муборизаи ҳизбию сиёсӣ, инчунин бартарӣ ёфтани мавқеи миллӣ бар мавқеи ҳизбӣ низ хеле муҳим аст. Дар он сурат ҳизбҳои сиёсӣ на доираҳои баста ва қутбҳои мухолифати қатъии зиддиҳамдигарӣ, балки воҳидҳои ҳамоҳанги як раванди калони сиёсӣ бар меҳвари давлат ва манфиатҳои миллӣ хоҳанд буд. Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибихтиёр дар арафаи ҷашни 30 солагии истиқлолият қарор дорад ва мо бояд ба тарбияи ҷавонон аҳамияти махсус диҳем, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ноором аст.

Дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии ин соҳаҳои барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол рушд кардаву ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Сарваре, ки ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшони давлати хешро таъмин менамояд ва заминаи устувори фарҳангӣ барои ташаккули насли наврас фароҳам меоварад.

Сарвари давлат пайваста аз он қаноатмандӣ менамоянд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд. Бинобар ин зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд. Таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

“Барои солимтар шудани нигоҳи ҷомеа ба ҳизбҳои сиёсӣ ва нигоҳи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷомеа таваҷҷуҳ ба як масъалаи сода: Аз нигоҳи аввал, «ҳизб» ба маънои гурӯҳ буда, дар таркиби ҳар ҳизбе гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвари мо ҷамъ омадаанд. Мафҳуми ҳизб ба маънои як неруи мавҳум ё абстракти сиёсие нест, ки бояд бо он то бениҳоят рақобат варзид, балки он созмони гурӯҳе аз ҳамватанон ва шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвари мост. Пас, агар як ҳизби сиёсӣ талаботи қонунгузории кишварро ба ҷой оварда, ба таври расмӣ иҷозати фаъолият дошта бошад, он ҷузви машрӯъ, қонунӣ ва баробарҳуқуқи фазои сиёсии ҷомеа мебошад. Вале гоҳе истилоҳи ниҳоят сиёсишудаи «ҳизб» моҳияти инсонию шаҳрвандии ин падидаро пӯшонида, имкон намедиҳад, ки мо дар паси ин мафҳум ҳамватанону ҳаммиллатони худ ва манфиатҳои муштараки миллию давлатии худро бубинем. Ин ҳолатро метавон боло гирифтани ҳувияти ҳизбӣ бар ҳувияти миллию давлатӣ номид, ки бешубҳа, ҳолати комил нест. Дар чунин суратҳо инсон як ҳамдину ҳаммазҳабу ҳамватани худро фақат ба хотири дар ҳизби сиёсии ӯ набуданаш барои худ бегона медонад. Пас инсонӣ ва шаҳрвандӣ шудани нигоҳи ҷомеа ба муборизаи сиёсӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ як зарурат барои солимсозии муҳити сиёсӣ ва муборизаи ҳизбӣ мебошад. Аз тарафи дигар, нигоҳи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷомеа низ бояд инсонӣ ва шаҳрвандӣ гардад. Бале, ҳар ҳизби сиёсӣ созмони бахше аз шаҳрвандон ва ҳамватанони комилҳуқуқи мост ва аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дигарон аз он бархӯрдоранд, бархӯрдор мебошад. Вале дар айни замон, ҳар ҳизби сиёсӣ бояд ин воқеиятро дарк намояд, ки фаъолияти он мавқеъ ва манфиатҳои фақат бахше аз шаҳрвандон ва ҳамватанонро ифода мекунад. Яъне худи «ҳизб» будан, пеш аз ҳама, ба маънои фақат як бахше аз ҷомеа, як гурӯҳе аз шаҳрвандон будан аст, яъне ба маънои ҳамаи ҷомеа ва ҳамаи шаҳрвандон набудан. Пас ҳамон гунае, ки ҷомеа бояд ҳуқуқи будан ва ҳуқуқи фаъолияти як ҳизби сиёсиро ҳамчун ифодагари мавқеъ ва манфиати бахше аз шаҳрвандон, эътироф намояд, ҳар ҳизби сиёсӣ низ бояд мавқеи фақат як бахше аз ҷомеа ва нигоҳи фақат як гурӯҳе аз шаҳрвандонро ифода кардани худро низ эътироф намояд. Вале мушоҳида мешавад, ки ҳизбҳои сиёсӣ гоҳе як ҳизб будан, яъне ифодагари назар ва манфиати фақат як бахше аз шаҳрвандон будани худро фаромӯш карда, ҳамагӣ ба таври мутлақ аз номи миллат ва мардуми кишвар суҳбат мекунанд. Аз баёнияҳои онҳо метавон чунин бардошт намуд, ки гӯё дар ин кишвар чандин «мардуми кишвар», чандин «миллати тоҷик», чандин «халқ» ва чандин «ҷомеа» вуҷуд дошта бошад. Пас, бисёр муҳим аст, ки ҳизби сиёсӣ низ «ҳизб» будани худро, яъне баёнгари мавқеи фақат бахше аз шаҳрвандон будани худро, дарк ва риоят намоянд. Ҳамин тавр, агар ин масъала ба дурустӣ дарк шавад, яъне агар ҷомеа ба ҳизбҳои сиёсӣ маҳз ҳамчун ифодаи созмонӣ ва қонунии мавқеи бахше аз шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвар нигоҳ кунад ва дар айни замон, ҳизбҳои сиёсӣ низ маҳз ифодакунандаи мавқеи фақат бахше аз шаҳрвандони кишвар будани худро дарк намоянд, фазои сиёсии ҷомеа ва фазои рақобати ҳизбӣ боз ҳам солимтар мегардад.”

Аз ин гуфтаҳои муаллифи “Дидгоҳи давлатмеҳвар” моҳияти ҳизб, вазифаву уҳдадориҳои ҳизб ва дар маҷмӯъ ба хубӣ огаҳ мешавем. Абдуллоҳи Раҳнамо мафҳуми “ҳизб”-ро бисёр возеҳу равшан барои хонандаи худ шарҳ додааст, ки донистани ин барои ҳар як шаҳрванд зарур аст, зеро дар замони ҳозира ҳизбу ҳаракатҳое мавҷуданд, ки ҷавононро ба роҳи нодуруст бурда, ба мушкилоти зиёди зиндагӣ дучор менамоянд. Огаҳ набудан аз сиёсат, надоштани ҳисси миллӣ ва зиракии сиёсӣ боис гардидааст, ки ҷавонони раҳгумзада дар давлатҳои Сирия, Ливия, Ироқ, Афғонистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шомил шудаанд ва боиси нооромии ҷомеаи шаҳрвандии ин давлатҳо ва парокандагии мардумашон гаштаанд. Аз ин рӯ ҷавонони тоҷикистониро зарур аст, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҳамеша баҳри илм омӯхтан ва такмил додани ихтисосҳои доштаи хеш дар талош бошанд. Аз омилҳое, ки боиси норозигии ҷомеа мегарданд ба мисли маҳалгароӣ, ҳамеша дар канор бошанд.Зеро маҳалгароӣ чун теғест, ки пояҳои давлатро заиф гардондаву метавонад ба мафкураи ҳамдигарфаҳмӣ халал расонад, нобоварии одамонро аз ҳамкору рафиқ дур намояд, иттифоқи ҳамкоронро вайрон кунад. Ин падида дар китоби “Дидгоҳи давлатмеҳвар”-и Абдулоҳи Раҳнамо хуб дарҷ гардидааст: “Маҳалгароӣ на танҳо дар муносибати шахс бо инсонҳои дигар, балки дар муносибати ӯ бо равнадҳо, падидаҳо, манфиатҳо ва тасмимгириҳо низ таъсири ҷиддӣ мегузорад. Чунин шахс дар тамоми ҳолатҳо манфиатҳои маҳалли худро дар авлавият гузошта, пеш аз ҳама, ба нафъи маҳалли худ тасмим мегирад ва масъалаҳоро ба нафъи маҳалли худ ҳал мекунад. «Маҳалгароӣ» дар асл ба маънои минтақагароӣ, яъне ғолиб будани ҳисси тааллуқи шаҳрванд ба минтақаи зодгоҳи худаш ё аҷдодаш аст, аммо бар истилоҳи роиҷшудаи тоҷикӣ ин маъноро маҳз калимаҳои «маҳалгароӣ» ё «маҳалчигӣ» ифода мекунанд. Аз ин назар, маҳалгароӣ боиси парокандагӣ ва заифии потенсиали миллӣ мегардад, ки он ба рушди неруи инсонӣ ва рушди умумии кишвар зарбаи шадид мезанад. Аз ин рӯ, гузаштан аз сатҳи ҳувияти маҳаллӣ яке аз заруратҳои ҳатмии ташаккули ниҳоии худи миллат, ташаккули сатҳи миллӣ ва мавқеи миллӣ мебошад. Ин вазъ ҳокимияти сиёсиро аз имкони умумимиллӣ шудан маҳрум сохта, ба ноустувории ҳамешагӣ рӯбарӯ мекунад. Аз ин сабаб, маҳалгароӣ метавонад яке аз монеаҳои аслии устувории ваҳдати миллӣ ва низоми сиёсӣ гардад.”

Ба андешаи мо, мутолиаи ин китоб дар кори решакан кардани пояҳои маҳалгароӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа, густариш додани ғояҳои худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Бояд қайд кард, ки муаллиф дар масъалаи эҳсоси масъулияти миллӣ, масъалаи муносибат ба арзишҳои пазируфтаи низоми давлатдорӣ, масъалаи фарҳанги муколама ва гуфтумони солими сиёсӣ, масъалаи парҳез аз хушунат дар муборизаи сиёсӣ ва боз чанди дигаре низ сухан рондааст. “Дидгоҳи давлатмеҳвар”, чуноне, ки худи муаллиф ишора мекунад: “қолабиву тақлидӣ набуда, сабти як таҷриба, ҷамъбасти як марҳала, шарҳи як муаммо, тарҳи ҳалли як мушкила ё барномаи як самт аст, ки бар меҳвари ватандориву давлатмеҳварӣ иншо гаштааст.”

Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Муҳидинова М. – мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”


06.04.2021     530
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php