САҲМИ АЛ- ХОРАЗМӢ ДАР ПЕШРАФТИ ИЛМИ РИЁЗИЁТ, ҶУҒРОФИЯ ВА НУҶУМШИНОСӢ

Абӯҷаъфар Муҳаммад Ибни Мӯсо- ал- Хоразмӣ- ( 780 – Хева, 850 Бағдод) яке аз забардасттарин   олимони соҳаи риёзӣ,   нуҷум ва ҷуғрофияи аввали асри   IX ба шумор   меравад. Фаъолияти   илмии Хоразмӣ   дар фарҳангистони илмии Бағдод   оғоз   шудааст. Дар замони худ ӯ ба илми риёзиёти ҷаҳонӣ,   усулҳои ҳисобкунии ҳиндӣ ва асосҳои алҷабрро дохил намуда, бо ин восита дар илми риёзиёт як давраи   навро кушод. Ин кашфиёти   ал- Хоразмро   машҳури ҷаҳон   гардонид. Яке аз таърихшиносони номӣ Сартон нимаи    якуми   асри IX-ро “ Замони ал- Хоразмӣ” номидааст.Дар соҳаи нуҷум ҳам ал- Хоразмӣ ҷадвалҳои пурқимате тартиб дода буд, ки онҳо асоси корҳои илмии бисёр мунаҷҷимони минбаъда гардида, аҳамияти худро то ба имрӯз гум накардаанд.Ал-Хоразмӣ аз ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои замонааш пардохта, барои   такмил додани дониш   аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба шаҳри   Бағдод   рафтааст. Сабаб дар он аст, ки дар   замони ҳукуматдории   Аббосиён Бағдод ба яке   аз марказҳои илмии асри миёна табдил ёфта буд. Яке аз китобҳои   аввалини ӯ “ Сурат-ул-арз” мебошад, ки он оид ба маҳалли ҷойгиршавии   шаҳрҳо, кӯҳҳо, дарёҳо, баҳру ҷазираҳо маълумоти   зиёде дорад. Инчунин   Хоразмӣ ҷадвали арзу тӯли шаҳрҳоеро тартиб додааст, ки паси   хати истиво (экватор)   ҷой гирифтаанд. Дар ҳамин   асар ӯ харитаҳоеро ҷой намудааст, ки онҳо бо забони арабӣ ба табъ расида, дар   илми ҷуғрофӣ қадимтарин   ба ҳисоб мераванд. Асари дигари ӯ “Зиҷи Хоразмӣ” ё бо номи   “Зиҷи маъмунӣ”   машҳур аст. Хоразмӣ ба масъалаи ситорашиносӣ бештар диққат додааст. Вай дар асари хеш “Амал-ул-устурлоб” оид   ба ин масъала    маълумотҳои дақиқ медиҳад. Ғайр аз ин Хоразмӣ яке аз асосгузорони асбоби ситорашиносии “секстант” мебошад. Ӯ онро дар расадхонаи “Шамсия”-и Маъмундар Бағдод истифода бурдааст.    Ал-Хоразмӣ яке аз асосгузорони   илми алҷабри асримиёнагӣ     низ ба шумор   меравад. Вай дар асараш “Алҷабр вал-муқобила” ҳалли муодилаҳои квадратиро   тадқиқ   намуда,   ба илми алгебра асос гузоштааст. Дар транскрипсияи лотинӣ   номи ӯ ( Алгоритмус ) бошад, истилоҳи   ҳозираи   илмӣ алгаритм   ба   вуҷуд   омадааст, ки яке    аз   мафҳумҳои   асосии математика,   ҳисоббарор   ба   шумор    меравад. Хоразмӣ    асосан   тавассути   ду    асараш , “ Китоб-ул ҷамъ ва ут-тафриқ   би-ҳисоб   - ул- ҳинд”   ва   “ Китоби-ул-ҷабр   ва л-муқобала”   ҳамчун   риёзидони   машҳур   ном   бароварда,   дар ин   китобҳо   асосҳои   арифметика ( ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим ) ва   решабарориро    ҳаллу фасл    намудааст. Системаи ҳисоби нӯҳрақама   бошад, ба   востаи    асарҳои ӯ   дар    алгебра   роиҷ   гардида ва   ҳамон   мафҳуми   алгебра   низ аз   номи   асарҳои ӯ   “ Китоб- ул –ҷабр ва   ул-муқобила” ном гирифта   шудааст.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


24.02.2021     448
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php