Рушноии хонаву дукон аст сарфа!

Истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимми стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад. Дар ҷумҳурӣ 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Гармшавии иқлим ва қариб 50 фоиз кам будани ҳачми боришоти барф, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад, боиси он гардид, ки имрузҳо об дар маҷрои дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Ҳамин аст, ки имрузҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта бамаротиб кам гаштааст. Новобаста аз шартномаҳои байнидавлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли барқро ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Афғонистон қатъ намуд, то мушкилоти фасли зимистони дарпешистода пешгирӣ карда шавад. Бо назардошти вазъияти боамаломада ҳар як шаҳрванд, ҳар оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корҳонахо сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.

Зимни баромадҳои хеш ба таври ҳамешагӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаи энергетика, махсусан дар раванди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи ин сарвати миллӣ ва интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ниёзманди энергетикӣ мебошад. Ҳамчунин, аз мардум даъват ба амал оварда мешавад, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи самараноки он аз таҷҳизоти каммасрафи барқӣ истифода намоянд. Маҳз, чунин иқдом имкон медиҳад, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ солҳои наздик муваффақ гардем. Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”. Дар натиҷа ин иқдом боиси коҳиш ёфтани ҳолатҳои садаманокӣ дар истгоҳҳои барқӣ ва кам гардидани серборӣ дар трансформатору дигар инфрасохтори интиқолдиҳандаи неруи барқ гардид, зеро гузаштан ба истифодаи таҷҳизоти каммасраф ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба корхонаву ташкилот самараи дилхоҳ бахшид.

Тайи чанд соли охир орзуи чандинсолаи мардуми Тоҷикистон ҷиҳати таъмини қувваи барқ дар фасли сармо ба шарофати талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст. Кишвари мо дар ин самт зина ба зина ба пеш меравад. Бино ба гуфти мутахассисон, баробари рушди энергетика соҳаҳои дигари иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар тараққӣ намудаву Тоҷикистон ба пешравиҳои бештари иқтисодӣ ноил мегардад. Аз ин рӯ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буда. моро водор месозад неруи барқро оқилона истифода барем ва ба сарфи ноҷойи он ҳаргиз роҳ надиҳем. Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи Тоҷикистон як даъватест, баҳри баланд бардоштани масъулияти сарфаю сариштакории истифодаи нерӯи барқ. Бинобар ин танҳо дар ҳолати сарфакории нерӯи барқ ва ҳисси масъулияти баланди ҳар як шаҳрванд ба татбиқи барномаҳои тарҳрезишудаи кишвар метавон ноил гашт.

Вобаста ба гармшавии иқлим, тирамоҳи бебориш ва бо фарорасии зимистони бармаҳал сатҳи оби обанборҳо паст шудаву хатари коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар назар аст. Аз ин сабаб мо бояд беш аз пеш сарфакор бошем ва қувваи барқро самараноку мақсаднок истифода намоем, вале ин набояд аҳолии мамлакатро нигарон созад. Роҳбарияти Ҳукумату давлати мо пайваста дар паи ғамхории аҳолии кишвар буда, ҳамаи чораҳои заруриро ҷиҳати таъмини қувваи барқ дар фасли сармо андешидаву тарҳрезӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд дар истифодаи қувваи барқ саҳлангорӣ накарда, дар пардохти саривақтии маблағи истифодаи қувваи барқ масъулиятпазир бошад. Ин аст масъулияти баланди шаҳрвандии мо.

        Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


26.01.2021     221
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php