Рушди забони давлатӣ дар давраи Истиклолият

Забони давлатӣ яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол буда рушду ташаккули пайвастаи он муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ, пояи истиқлолҳои кишварамонро зина ба зина вусъат медиҳад.

Ҳамасола 5 –октябр рӯзи забони давлатӣ, ҷашн гирифта мешавад, ки он ба феҳристи   ҷашнхои миллӣ   ворид   гардидааст.

Забони тоҷикӣ тибки конуни Ҷумхурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 тахти раками №150 «Дар бораи забон» муайян   кардааст, ки хамасола то соли 2009- ум таҷлили он расман баргузор мегардид ва ба тавсиб расонидани конуни нав аз 5 – октябри соли 2009 тахти раками №553 ба забони тоҷикӣ макоми давлатӣ дода шуд, ки ин кадамхои ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забони тоҷикӣ асоси конуни пайдо кард.

Забони тоҷикӣ сарнавишти зиёда аз 3-ҳазорсола дошта дар таърихи худ давра ба давра тагйиротхои сиёсию фархангиро таҷдид кардааст. Забони тоҷикӣ яке аз гуруҳи забонхои ҳинду аврупоӣ буда ватанаш кишвархои Осиёи марказӣ ва бахусус Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон мебошад. Забони тоҷикиро то ташкил шудани Ҷумхурии Тоҷикистон дар замони пеш бо номи забони дарӣ ё худ хамҷун шевахои забони форсӣ номгирӣ менамуданд.

Имрӯзхо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 28 млн нафар одам дар як қатор кишвархои олам муошират менамоянд, ки аз он 8 млн дар Тоҷикистон, 5 млн дар Узбекистон, 10 млн дар Афғонистон ва дигар кишвархои дуру наздик мебошанд.

Бо забони тоҷикӣ адабиётхои таърихии зиёду бузурге то имрӯзҳо омада расидааст, ки бо он олимон, шоирони барҷаста аз ҷумла Сино, Рудакӣ, Ҷомӣ   ва дигарон гуфтору   меросгузорӣ кардаанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз кофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллохи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик каҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гуфтугую эҷод кардаанд, муаррифкунандаи хақиқии   миллати тоҷик дар ҷахони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ ин ёдгории маънавии миллиамон, хамҷун оинаи   таърихи   деринаи халкамон, инъикосгари   урфу   одат ва расму анъанахои милливу давлатдории мо мебошад.

Ба ин маънӣ забони давлатӣ, бешубха таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халки кӯханбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони хар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ,   равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ пойдор ҳаст». Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани забони давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад ва ин мо омӯзгоронро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин ҳифзу нигоҳ доштани асолату покизагии забони давлатӣ оқилона талош намоем. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, пок нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳои миллат ва ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.   

Ҷумаева М.И.     Ассистенти кафедраи беҳдошт ва экология


01.09.2020     2833
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php