Мусулмонӣ ба идрок аст, дарки зоти он пок аст…

Саволе ба миён меояд, ки оё мазҳаб ё равияе дар дини Ислом аст, ки Худо ва паёмбари дини мубини Исломро инкор кунад? Ҳамаи мусулмонони дунё бар он ақидаанд, ки Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Худост. Қуръон китоби муқаддаси мусулмонон аст.

Ислом баробарии инсонҳоро дар се самт муқаррар намудааст.

1.     Баробарӣ дар асли инсоният

2.     Баробарӣ дар ҳукук ва таколиф

3.     Баробарӣ дар назди додгоҳҳо ва иҷрои қонунҳо

Ё худ Худованд дар китоби Қуръон мефармояд: «Эй мардум мо Шуморо мард ва зан офаридаем. Ва шуморо халқҳо ва қабилаҳо кардаем, то якдигарро бишносед» (Сураи «Ҳуҷурот» ояи 13)

Яке аз калонтарин хатарҳоеро, ки дар олами Исломи имрӯза пайдо гардидааст ва Исломро ба манфиати дигарон табдил додааст, ин равияи тундгарои Салафия мебошад. Бино ба шарҳи олимаи соҳаи сиёсатшиносӣ Гулчеҳра Муродова истилоҳи «Салафия»аз калимаи арабии «салафа», яъне «дар шакли аввала будан» гирифта шудааст. Аз назари фаҳму тафсири Ислом онҳо «аҳли зоҳир» буда, аз замони Паёмбари Ислом то имрӯз дар шаклҳои гуногун фаъолият доранд. Онҳо ба зоҳирии ояту ҳадисҳо такя мекунанд, на ба маънои амиқи динва иҷтимоии онҳо. Аз назари таърихӣ равияи салафия дар қарни 14- ум дар чаҳорчубаи андеша ва осори Ибни Таймия ҳамчун равияи мазҳабӣ рушд кардааст. Баъдтар таблиғгари ин равия Муҳаммад ибн Абдулваҳоб буда, пас аз ӯ ин равия асосан номи ваҳобияро гирифт. Ба ақидаи Акбар Тураҷонзода «..ваҳҳобия ба номи салафӣ дар ниқоби ҷадиде арзи ҳастӣ кардан мехоҳад. Амо ин салафиҳои имрӯза ҳамон ваҳҳобиҳои пешина мебошанд. Баъзе аз уламо онҳоро пайравони мазҳаби «ҳавою ҳавас» меноманд. Яке аз вазифаҳои асосии онҳо дар тамоми ҷаҳон мубориза бурдан бо пайравони мазҳаби шиъа аст. Аксари ин тарҳ ва супориши доираҳои ғарбӣ аст, ки натанҳо бар зидди Эрон, балки бар зидди ваҳдату қудрати мусулмонон равона карда шудааст. Пажӯҳишгарони таърихи салафия (ваҳҳобия) собит карданд, ки мароми асосии салафиён, яъне ихтилофандозӣ миёни мусулмонон, дар асли бо фармони вазорати умури мустаъмироти Биритонёи Кабир ба вуҷуд омадааст.

Ё мисоли дигар, ки ҳанӯз соли 1927 бо фишори ваҳҳобия шоҳ ибни Сауд фатвои маъмулеро баровард, ки тибқи он шиаҳо ё ба мазҳаби суннӣ рӯ меоварданд ё кишварро тарк мекарданд.

Имрӯз ҷаҳони ғарб Исломро айбдори он менамояд, ки он ташаккулдиҳандаи «тероризм» ва «ифротгароӣ» аст.

Сиёсишавии Ислом аз нигоҳи олими барҷастаи тоҷик Абдуллозода Ш аз замоне оғоз гардид, ки муборизаҳои миллию озодхоҳӣ бар зидди давлатҳо ва қудратҳои мустамликадорӣ оғоз шуданд. Нерӯи муборизи ислом дар ин задухурд коройии худро нишон дод. Вале бо ҳамин энерсия сиёсишавии ислом ба манфиати худи Ислом ва давлатҳои исломӣ нест.

Масалан дар худи ватани Ислом Арабистони Саудӣ низ хонадони Оли Сауд аз хатари исломиёни худиву бегона бе ташвиш нест, аз ҳамин хотир як гарнизони низомиёни Амрико дар он ҷо ҷойгир аст, то ин, ки мусулмононро аз мусулмонон ҳифз намояд. Воқеаҳои баҳори араб- ҷангҳои Ироқу Сурия, воқеаи нангини давлати Яман худ мисоли таърихи муосиранд. Ин талош ва хоҳиши душманони Ислом аст, то Исломро дар ҷабҳаи хушунату зурӣ, дур аз нақши исломи маънавӣ нигоҳ доранд ва бо ин роҳ сиёсати исломҳаросиро ба роҳ монанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз дар асрҳои миёна дар давлатҳои Европа ифротгароӣ ба дараҷҷаи аъло расида буд. Ташкили инкивизитсия ё худ суди калисо, ки инсонияти солимфикрро дар оташ месузонданд магар ифротгарӣ ҳисоб намешавад? Масалан барои мавқеи худро нигоҳ доштани руҳониён дар назди ҷомеа қаҳрамондухтари фаронсавӣ дар ҷанги садсола Жана-д- Арк, ки барои ҳифзи ҳамватанонаш бархеста буд аз ҷониби ифротгароиён- руҳониёни католик дар оташ сӯзонида шуд. Ё худ зиндагур намудани занони протестантҳо дар давлатҳои асримиёнагии Европа аз даҳшати ифротигароиён дар асрҳои миёна дар таърих дарак медиҳад. Мақсаду баҳонаи юришҳои салибӣ ба давлатҳои Шарқ худ аз он дарак медиҳанд, ки ифротгароӣ на хоси мардуми мусулмон ва на хоси ягон дин аст. Он танҳо барои ба мақсади худ расидани алоҳида шахсиятҳое мебошад, ки мафкураи танги аҳли ҷомеаро ба манфиати худ истифода мебаранд.

Мувофиқи маълумотҳои гуногун дар ташкил намудани гуруҳои терористӣ ва аз он ҷумла «Давлати Исломӣ» кишварҳое чун ИМА ва Исроил меистанд. Арабистони Саудӣ ва Туркия бошад амаликунандагони мақсадҳои ин давлатҳо дар Осиё мебошанд. Масалан ҳуҷуми Арабистони Саудӣ ба муқобили шиамазҳабони Яман бозии пасипардагии ИМА худ гувоҳи дахолат ба давлати Эрон аст.

Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Vice News президенти ИМА Барак Обама изҳор кардааст, ки фаъолшавии гурӯҳӣ радикалӣ «оқибати ғайрихоҳиш»-и воридшавии неруҳои амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003-юм аст, вақте ки президенти ИМА Ҷорҷ Буши хурдӣ буд. «Давлати Исломӣ» шохаи «Ал- Қоида» аст, ки дар натиҷаи воридшавии мо аланга гирифт. Инчунин президент изҳор намудааст, ки « Ман хавф дорам, ки агар мо «Давлати Исломӣ»-ро мағлуб кунем, душвории асосӣ ин сунниҳои норозӣ дар тамоми ҷаҳонанд. Махсусан дар минтақаҳои муайян, ба шумули Либия ва Яман, ки ҷавонон дастрасӣ барои гирифтани таълимоти муосир дурнамо надоранд ва роҳи ягонаи эътироф, ҳокимият ва эҳтиромро дар ҷангӣ шудан мебинанд. Ва мо наметавонем дар бораи мубориза бо тероризм бидуни ба инобат гирифтани дипломатия, рушди маориф фйикр кунем».

Бояд хотиррасон кард, ки ҷавонон бояд аз он хулоса намоянд, ки касе заҳр мечошад, онро худ мечашад. Масалан баъди таркиши моҳи январ дар шаҳри Париж расонаҳои хабарии ҷаҳон ба таври ошкоро нисбати Фаронса, ки яке аз пуштибонони «Давлати Исломӣ» ба шумор меравад навишта буданд, ки «Фаронса дар қатори давлатҳоест, ки террористону исломгароиёнро дар Сурия дастгирӣ менамуд. Акунун дар ҷисми худ эҳсос намуданд, ки мубориза барои озодии онҳо чӣ маъно дорад. Ё худ дар телеканали Al Mayaddeen сиёсатшиноси ливанӣ Ҷорҷ Сисиан ҳодисаро чунин шарҳ медиҳад: « Ба Фаронса даҳҳо террористоне баргаштанд,ки дар ҷанги Сурия ширкат доштанд. Худ ба худ ин падида хатарзой аст. Фаронса ва дигар кишварҳои Ғарб, ки то ҳол барои идомаи мубориза бо ДИИШ шубҳа доранд, бояд ба як хулоса оянд. Акнун фаронсавиҳо дигар наметавонанд чун қаблан бар он қоим бошанд, қисме аз ҷангиёни ДИИШ хубанду қисме бад». Чун ин масъаларо таҳлил кардем ва ёдовар аз он «қаҳрамонҳо»- и тоҷик мешавем, ки барои «ҳифзи Ислом» ҷониби марг равон шуда буданд. Аввалан тариқи шабакаҳои интернетӣ садо баланд мекарданд, ҳоло бошанд фаҳмиданд, ки онҳо танҳо барои аз даст додани ҷони ҷавони худ омаданд хомуш гардиданд. Натиҷаи фаъолияти онҳоро дар боло зикр намуда будем.

Президенти Тоҷикистон дар анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «Мо борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки мақсади мо сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини Ислом заррае маҳдуд намекунем. Алҳамдуллилоҳ ҳамаи мо мусулмонем, фарзу суннатҳои Исломро то қадри ҳол медонем ва риоя мекунем. Анъанаҳои гузаштаи халқ, фарҳангу адаби ҳазорсолаи ниёгон дар алоқамандӣ бо суннатҳои Ислом густариш ёфтааст».

Яке аз маъруфтарин пешвои ҳаракати миллӣ озодхоҳӣ ва бузургони дини ҳиндуия Маҳатама Гандӣ, ки таъкид ба диндории амқии худ кардааст, дар арафаи ба дастории истиқлолияти Ҳиндустон гуфта буд: « Ман қасами вафодорӣ ба дини худ хурдаам. Ман ба марг ва барои вай ҳозирам. Аммо ин кори шахсии ман аст. Давлат ба ин ҳеҷ муносибате надорад. Давлат дар бораи некуаҳволии дунявии шумо, саломатии шумо, роҳву тароварии шумо, муносибатҳои хориҷӣ, асъор ва ғайраро ғамхорӣ мекунад, на дар мавриди дини ману шумо. Ин ташвиши шахсии ҳар шахс аст. Ё мисоли дигар нахуствазири Ҳиндустони соҳибистиқлол Ҷ. Неру секуляризмро чунин тавзеҳ дода буд: «Дар конститутсияи мо чунин навишта шудааст, ки Ҳиндустон давлати дунявӣ мебошад. Ин ба маънии бединият нест, балки фақат эҳтироми баробар ба ҳамаи динҳо ва имконияти якхела барои ҳамаи онҳое, ки ба ягон дин эътиқод доранд мебошад.

Дар китоби Қуръони карим оиди зиндагии инсонҳои пешин мисолҳо оварда шудаанд, ки ба паёмбарони хеш носипосӣ карда буданд ва сазовори ҷазо ва мусибат гардида буданд. Ва чи тавр мардуме, ки дар адл ва накӯи зистанд сазовори накӯи гашта буданд. Ин худ маънои он дорад, ки Худованд дар китоби хеш онро чун сарчашмаи зиндагии инсоният нишон додааст. Пас хулоса бояд кард, ки имрӯз Исломи пок барои ба даст овардани манфиати сиёсӣ равона шудааст ва аз ноогоҳии ҷавонон истифода карда мешавад ва он бар зарари ин дини таҳаммулпазир амалӣ мешавад идомаи тақдири дини Зардуштӣ дар он аён мегардад.

Ислом дини ақлу дониш аст ва онро бояд ба таври ҳақиқат пай бурд. Исломро замоне   ҳифз карда метавонем, ки он ба воситаи ақл ва таълимоти ақлигароёна пайдо шудааст ва онро инсоният қабул кардааст ва ҳақиқати онро пай мебарад , вале натиҷаи бо қатлу ғорат ва баҳонаи ғасб намудани ин ё он сарзамин ва бо зурӣ онро ҷорӣ намудан натиҷаи ифротгароиро пайдо менамояд. Ҷаҳони Ислом имрӯз ба илму дониш ва пешвое ниёз дорад, ки моҳияти ҳақиқии онро таълим диҳад.

Таърих гувоҳ аст, ки падидаи ифротгароӣ боис гардид, ки дар асри Х давлати абарқудрати тоҷикон давлати Сомониёнро аз байн бурда буд, ҳол он, ки он аз ҷониби ягон давлати абарқудрати он замон барҳам хурда натавонист. Бузургони он давра А. Берунӣ, А. Сино, А. Рудакӣ, А. Фирдавсӣ ва баъдтар Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ ва дигаронро аҳли куффор мехонданд. Замони ҳукумати сулолаҳои турк ифротгароӣ ба авҷи аъло расида буд. Ғазнавиёну Салҷуқиён ва Темуриён бо ҳар баҳона ва ифротгарои аҳли илми тоҷикро нест мекарданд. Ҳасани Сабоҳ, ки худ аз авлоди форсу тоҷик буд барои озодии давлати хеш мубориза мебурд, лекин аз ҷониби муаррихон ҳамчун «террорист» дар асрарҳои таърихӣ ёдовар мешавад. Лозим аст, ки ба ин гуна шахсиятҳо на аз рӯи дину мазҳаб, балки аз рӯи озодхоҳӣ ва ҷоннисорӣ дар роҳи Ватан бояд баҳои таърихӣ дод.

Дар ҷаҳони муосир ва бахусус дар марҳилаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми фарзандони он- бахусус ҷавонон бояд беназир бошад ва нақши онҳо бояд дар пешрафти ин марзу буми аҷдодӣ, ки на аз теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи Қутайба, на тохтутозҳои Чигизхону ва калламанораҳои Темур шикаста гардида буд, ҷовидона боқӣ монад. 

Шуъбаи тарбия


21.10.2020     820
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php