МОДАР – ОФАРАНДАИ ҲАЁТ ВА РОҲНАМОИ БАШАРИЯТ

Модар неъмати бебаҳо, сарчашмаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёлҳои мост. Манзалат, қимат ва муҳаббати гаронбаҳои модар дар шаҳдрези каломи шоирону орифон, фозилону олимон бараъло равшану ҷилвагар аст. Аз ин ҷост, ки модар инсониятро ба дунё оварда, ба камол мерасонад. Зери калимаи модар махзани меҳру муҳаббат, хушгуфториву хушрафторӣ, гавҳари ноёбу бузургӣ ва муҷассамаи хоксорӣ нуҳуфтааст. Ҳеҷ арзише баробар ба арзиши модар нест. Тамоми ҳастии мо, вуҷуди мо аз модар аст. Модар офарандаи ҳаёт аст. Модар барои фарзанд роҳнамову роҳкушо ва омӯзгори соҳибхирад аст. Ҳар як нафаре ба камол расидаву мақомеро соҳиб гаштааст, маҳз ин ҳам маҳсули ҷонисориҳои модар аст. Модар ситораи пурҷилои зиндагӣ, офтоби дурахшони ҳаёт, нахустомӯзгор ва беҳтарин ашхоси пушту паноҳи башар аст. Чунончӣ шоири маъруф Эраҷ Мирзо мефармояд:
Шабҳо бари гавҳораи ман,

Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам,

Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Оре, дасти дуои модар ва суханони самимонааш роҳи ҳаёти моро равшан мегардонад. Модар чун дарахти пурсамарест, ки фарзандони парваридааш чун меваҳои ширин ба камол мерасанд. Модарро чи қадаре ситоиш кунем, кам андар кам аст. Қадри модарро танҳо ба куллӣ тифли бемодар эҳсос карда метавонад:
Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,

Аммо ба рӯзи сахти холист ҷои модар.
Модарони тоҷик аз зумраи занони хушбат ва саотаманди ҷаҳонанд. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии бонувону занон беҳтарин шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Эълон доштани 8-март ҳамчун «Рӯзи бонувону модарон», ҷорӣ намудани талаботу меъёрҳо дар қонунгузории мамлакат дарки гуфтаҳои болост. Дар моддаи 17-и қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Дар асоси ин меъёр таъсису ба фаъолият оғоз намудани Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амлалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Таъсиси квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавондухтарони болаёқати шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва чанд асноди дигар таҳияву қабул ва дар мамлакат мавриди татбиқ қарор доранд. Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа давоми солҳои охир чораву барномаҳои муҳиме роҳандозӣ гардиданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханрониашон нисбат ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид доштанд, ки «Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем».
Ҳамин аст, ки имрӯз дар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон низ дар баробари мардон ба фаъолияти пурсамар машғуланд. Тибқи маълумотҳо айни замон дар ҷомеаи Тоҷикистон шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Имрӯз ҳастанд бонувоне, ки тавассути корнамоиву ҷонисориҳои хеш Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ партавафшон мекунанд. Яке бо кори илмӣ, дигаре бо муваффақиятҳои варзишӣ, сеюмин бо малака ва таҳқиқотҳои пурарзиш.
Дар партави сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувону занон аз ин ҳам бештар муазаффариятҳоро касб хоҳанд кард.
Бо камоли адаб ва самимият Иди модаронро ба кулли бонувону модарони саодатмани миллати тоҷик табрику шодбош мегӯем.
Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлитии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 
Турсунова З.Г.-мутахассиси шуъба

03.03.2020     1798
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php