Маорифпарварона бояд рафтор намоем

Рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Дар сиёсати имрӯзаи иҷтимоии Роҳбари давлат соҳаи маориф дар мадди аввал истодааст. Агар дар замони собиқ иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 70-ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард ва 7- муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дошт. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 38 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият намуда, зиёда аз 300 ҳазор донишҷӯён таҳсил менамоянд. Зиёда аз 30000 нафар ҷавонон берун аз кишварамон таҳсил карда касбу ҳунар омухта истодаанд.

Албатта дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, техникаю техналогияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд.

Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва ҳукумати он баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии шоистаи мардум солҳои соҳибистиқлолӣ ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги миллӣ, техника ва технология нав, омухтани забонҳои гуногун диққати ҷиддӣ медиҳад.

Дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ давлатдории тоҷикон пас аз истиқлолияти воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи сиёсат ва бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки ин ҳама дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.

Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст. Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омадааст. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст. Ифтитоҳи мактабҳои навъи муосир ва ҷараён гирифтани усулҳои фаъоли таълими фанҳои гуногун дар соҳаи маориф ҷаҳиши бузургеро ба вуҷуд овард. Таъсиси муассисаҳои муосир - литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ, аз ҷумла, Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе, Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Чкалов, муассисаи таълимии давлатии литсейи Президентии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманд дар шаҳри Турсунзода аз дастовардҳои дигари ин соҳа дар даврони истиқлолият ба шумор меравад.

Шумораи мактабҳои олӣ низ дар даврони истиқлолият хеле афзудааст.

Таъсиси Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» аз иқдомоти неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ояндаи наздиктарин таъсиси Филиали Донишгоҳи политехникии шаҳри Харков низ дар назар аст.

Бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи маориф бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2006 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис дода шуд. Дар асоси фармони мазкур барои кормандони соҳаи маориф 5 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2000 доллари ИМА муайян гардид, ки то имрӯз нафарони зиёде ба он сазовор дониста шудаанд.

                                                                   

   Зуҳра Турсунова,  мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия


17.07.2020     730
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php