ХОСИЯТҲОИ ЗИДДИПАРАЗИТИИ БАЪЗЕ НАМУДҲОИ РАСТАНИҲО

Агар донем, ки кадом намуди зараррасон ба организмии одам зарар расонидааст, тоза кардани бадан аз муфтхӯрон бештар самаранок мегардад. Инро танҳо бо истифода аз таҳлили лабораторӣ метавон муайян намуд. Дар ҳолате, ки гузаронидани ташхиси фаврӣ ғайриимкон бошад, метавон аз растаниҳое, ки бар зидди якчанд намуди паразитҳо таъсир мерасонанд, истифода бурд.
Ҳамаи растаниҳои шифобахш дар таркиби худ унсурҳои махсус доранд ва дорои хосиятҳои фоиданоки ба худ хос мебошанд. Гиёҳҳои зидди муфтхӯрон механизмҳои таъсири гуногун дошта, хосиятҳои шифобахшии онҳо аз бисёр ҷиҳат аз рӯи таъмашон муайян карда мешавад.
Гиёҳҳои шифобахши таъми тез ва ё тунд дошта, ҳамчун муҳофиз аз муфтхӯрон дар бадани инсон ба воситаи баланд бардоштани ҳарорати муҳити дохилаи он ба муфтхӯрони зараррасон шароити номусоид фароҳам меоваранд. Ҳамзамон, даври ҳаётии муфтхӯрон қатъ гардида, раванди муқаррарии афзоиши онҳо халалдор мегардад. Ба ин растаниҳое, ки таъми тез доранд, асосан қаламфури занҷабил, сирпиёз, қаламфури сиёҳ ва як қатор малҳамҳои дигар, ки барои пешгирӣ ва табобати кирмҳои муфтхӯр истифода мешаванд, дохиланд.
Инчунин, гиёҳҳои таъми турш дошта низ барои аз байн бурдани паразитҳои дохили бадани инсон истифода бурда мешаванд. Ҳангоми истифодаи онҳо зиёдшавии кислотнокии муҳити дохилии организми одам ба амал омада, бо таъсири он тухми муфхӯрҳо нобуд шуда, садди роҳи афзоиши онҳо мегардад. Дар байни растаниҳои маъмултарин ва бештар дастрасшаванда шилха (туршак), ревоҷ, инчунин меваҳо ва буттамеваҳои таъми туршдошта, аз қабили лимӯ ва қоти сиёҳро метавон истифода намуд.
Таъми талхи гиёҳҳои зиддимуфтхӯрон ба тарк кардани онҳо дар роҳи меъдаю-рӯдаҳо оварда мерасонанд. Ба таъсири таъми талх онҳо ба ҷустуҷӯи ҷои зисти беҳтар организми одамро тарк мекунанд. Инчунин, фалаҷшавии фардҳои болиғи паразитҳоро ба вуҷуд оварда, боиси осонтар ба берун баромадани онҳо мешавад.
Ба ин хоти, хосиятҳои зиддипаразитии баъзе намудҳои растаниҳои шифобахшро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мерӯянд, пешкаши хонанда мегардонем.
Тухми каду ҳам дар тибби халқӣ ва ҳам дар тибби расмӣ ба сифати доруи зидигелминтӣ истифода бурда мешавад. Тухмиҳои пухтарасидаи тозакардашудаи кадуҳои оддӣ (Cucur bitarerero L.) ва кадуи калон (Cucur bitamaxima Duch.) то андозае бар зидди тасмакирмҳои гуногун (гов, хук, пакана, тасмакирми паҳн ва ғайра) таъсирбахш мебошанд. Онҳо аз рӯи фаъолияти худ нисбат ба доруҳои муосири синтетикӣ пасттаранд, аммо таъсири заҳролудӣ надоранд ва таъсири манфии иловагиро намеоранд. Онҳоро алахусус ҳангоми бо таҳаммулпазирии бад ба дигар доруҳои зидигелминтӣ тавсия медиҳанд.
Явшон (тахач) - дорои гликозидҳои талхи абсинтин, анабситин, флавонидҳо, равғани эфирӣ, ки дар таркибашон терпеноидҳо, финтоцидҳо, алкалоидҳо, капиллин, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои даббоғӣ доранд, мебошад. Талхии явшон ба таври рефлекторӣ функсияи ғадудҳои системаи меъдаю рӯдаҳоро стимулятсия карда, ҷудошавии талхаро зиёд мекунад ва ҳазмшавиро ба таври назаррас беҳтар менамояд.
Барзиёд ҷудошавии талха ҳангоми опистархоз муҳим аст. Равғанҳои эфирии явшон таъсири бактерисидӣ доранд. Як қатор моддаҳои табиӣ ва синтетикӣ таъсири зидигелминтӣ доранд. Дар муддати тӯлонӣ, маҳсулоти аз растанӣ ҳосилшуда ҳамчун доруи зиддигелминтӣ истифода бурда мешуданд.
Маводҳои зиддигеминтиро аз рӯи таъсири бартаридоштаашон ба синфҳои гуногуни гелминтҳо (зидди нематодҳо, зиди сестодҳ, зидди трематидҳо) ба гурӯҳҳо тақсим мекунанд. Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки баъзе маводҳо бар зидди гелминтҳои гурӯҳҳои гуногун ҳамзамон самаранок мебошанд. Инчунин, гурӯҳи махсуси маводҳоро, ки барои гелминтозҳои берун аз рудагӣ истифода мешаванд, низ ҷудо мекунанд.
Райҳон. Хусусиятҳои зиддипаразитӣ дорад. Ҳангоми пухтупаз, истифода бурдани хокаи алафи хушк хеле қулай аст.
Зирк. Ҳамаи қисмҳои растанӣ дорои таъсири зиддипаразитӣ мебошанд. Аксар вақт решаро истифода мебаранд. Зиркҳои хушк ва хокашуда ба газакҳо, хурокҳои якум ва дуюм метавон илова кард.
Барои муфтхӯрони ҷигар таъсири марговар дорад. Қобилияти полоишии ҷигарро беҳтар мекунад, ба тағзияшавии чарбҳо, пок кардани хун мусоидат мекунад.
Қаламфури гардан (қаламфурак). Дорои спектри таъсироти васеи зиддипаразитӣ аст - лӯндакирмҳо, тасмакирмҳо ва кирмҳои паҳн, соддатаринҳо, замбурӯғҳо ва баъзе намуди вирусҳоро метавонад нобуд кунад. Таъсири зиддипаразитии қаламфурак дар плазма, майнаи сар, системаи асаб ва репродуктивӣ зоҳир мешавад. Истифодаи қаламфурак барои фарингит, гайморит, ларингит, дарди дандон ва инчунин, барои аз паразитҳо халос шудани организм кумак расонида, таъсири шифобахш дорад. Қаламфурак аслан шуш, меъда ва лимфаро безарар мегардонанд.
Анор. Ҳатто пас аз коркарди гармӣ, шарбати анор, ки тавассути фишордиҳии хунук ба даст оварда шудааст, трихомонадҳо, бактерияҳо, паразитҳо, замбурӯғҳо - пенитсиллиумҳо ва кандидҳоро мекушад. Анор бар зидди паразитҳо дар тамоми узвҳо ва системаҳои бадани инсон таъсир мерасонад. Аз пӯсти анор қиём, обпаз, хока ва аз тухми анор равған тайёр карда мешавад. Маҳсулоти анор тайёркардашуда бо дорчин ва райҳон якҷоя кардан осон аст.
Росан (чокула). Решаи растанӣ ва гулҳои онро истифода мебаранд. Таъсири зидипаразитии он дар системаи нафаскашӣ, ҳозима, асаб, дигар узвҳо ба ғайр аз системаи репродуктивии мардона зоҳир мешавад. Росан хун ва шушҳоро аз паразитҳо тоза мекунад, детоксикатсия ва барқароркунии бофтаи шушро стимулятсия мекунад.
Кокутӣ. Қисми рӯизамини растанӣ, ки дар вақти гул кардан ҷамъоварӣ карда мешавад, дар обпазҳо ва ҳамчун чойи нӯшокӣ истифода бурда мешавад. Кокутӣ ба бактерияҳо ва соддатаринҳо таъсири зиддипаразитӣ мерасонад.
Чойкаҳак. Дар аксар вақт ҳамчун чойи нӯшокӣ бо кокутӣ якҷоя истифода бурда мешавад. Хусусиятҳои зиддипаразитии чойкаҳак асосан дар узвҳои мубодилаи газ ва системаи нафаскашӣ зоҳир мешаванд.
Қулфинай. Баргҳои растанӣ истифода карда мешаванд. Як доруи пуриқтидор бар зидди паразитҳои системаи урогениталӣ мебошад.
Занҷабил (гармдору). Решаи ин растани истифода мешавад. Бо доираи васеи таъсироти зиддипаразитӣ ба гелминтҳо, вирусҳо ва занбӯруғҳо маълум аст. Он ба паразитҳои рӯдаву узвҳои нафаскашӣ таъсири марговар дорад.
Гашнич. Кабудӣ ва тухмии он дар ҳама ҷо истифода мешаванд. Доираи васеи хосиятҳои зиддипаразитӣ дорад.
Газна. Онро аз аввали баҳор то охири моҳи май ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Хусусиятҳои зиддипаразитии газнаҳо хеле васеъ аст.
Кунҷид. Тухми он равған дорад, ки ба паразитҳои пӯст ва зери пӯст таъсири самарабахш мерасонад. Тухми кунҷитро дар ғизо бо зуҳуроти хосиятҳои зиддипаразитии доираи васеи таъсираш - дар системаҳои нафаскашӣ, ҳозима ва системаи урогениталӣ (дар занон) истифода мебаранд. Таъсири пурзӯртарин бар зидди паразитҳо тухми кунҷиди сиёҳ дорад.
Юнучқа. Алафашро истифода мебаранд. Аз растаниҳои ҷавон газакҳо тайёр кардан мумкин аст дод. Барои истифода дар давоми сол, алафи хушк ва хокаи он тайёр карда истифода бурдан мумкин аст. Онро ҳамчун маҳсулоти зиддивирусӣ истифода бурдан мумкин аст. Юнучқа таъсири диуретикӣ ва зиддитабларзавӣ дорад, паразитҳоро дар ҷои кушодаи ҷароҳатҳо мекушад. Онро дар ҷамъи якҷояи гиёҳҳои қоқу, газна, ҷаъфарӣ, чилбуғум истифода мекунанд. Таъми ширин дорад. Воягузорӣ аз рӯи таъм.
Тамашк (Малина). Буттамева ва баргҳо истифода бурда мешаванд. Баргҳои ҷавони тамашк хеле нозук ҳастанд ва онҳоро дар ғизо истифода бурдан мумкин аст. Баргҳо ва буттамеваи тамашк ба паразитҳо дар системаҳои хунгард, ҳозима ва репродуктивӣ таъсири зиддипаразитӣ доранд. Буттамеваҳои бо шакар тайёркардашуда хусусияти зиддипаразитии худро гум мекунад. Таъми ширини часпак дорад. Воягузорӣ аз рӯи таъм.
Қаламфури сурхи тез. Мева истифода мешавад, амрикоиҳои лотинӣ онро "меваи офтоб" меноманд. Таъсири қавии зиддипаразитарии қаламфури сурхи тез кайҳо боз маълум аст. Он паразитҳоро аз узвҳои ҳозима, системаи нафаскашӣ хориҷ мекунад, онҳоро дар хун мекушад. Тақрибан ҳамаи паразитҳое, ки дар ин системаҳои номбаршуда зиндагӣ мекунанд, аз вирусҳо то тасмакирмҳои калон ва инчунин занбӯруғҳо, ба ҳамлаҳои қаламфури сурх тобовар нестанд. Он токсинҳоро дар рӯдаи ғафс месӯзонад. Аз қаламфури сурх қиём ва хокаҳо тайёр карда мешаванд. Таъмаш тунд аст, гармкунанда. Вояаш 100-200 мг барои як табақ хӯрок.
Қаламфури сиёҳи хушбӯй. Меваҳои он ҳамчун ҳанут истифода мешаванд. Равғанҳои эфирии қаламфури дар узвҳои ҳозима, нафаскашӣ ва хунгард таъсири зиддипаразитӣ зоҳир мекунанд. Таъсири зиддигеминтии қаламфури сиёҳ дар адабиётҳои Ҳиндустон якчанд ҳазор сол пеш тасвир шудааст. Аз қаламфури сиёҳ қиёмҳо, хокаҳо (100-500 мг барои як ҳиссаи хӯрок), равғани эфирӣ омода карда мешаванд. Қаламфури сиёҳ яке аз маҳсулоти пурқувватест, ки кирмҳо ва занбӯруғҳоро дар рӯдаҳо нест мекунад. Қиёми равғани қаламфури сиёҳ мумкин аст ба бинӣ барои беҳтар кардани луобпардаи бинӣ ва мубориза бо гелминтҳои майнаи сар чаконида шавад. Инчунин вирусҳои герпесро низ метавонад нест кунад. Омехтаи он бо асал, ба замбӯруғҳо ва кирмҳои дар шуш ҷойгиршуда таъсири сахт мерасонад. Таъмаш тунд аст (гармкунанда). Воягузорӣ барои хӯрок – аз рӯи таъм.
Ҷаъфарӣ. Тухм, реша, баргҳои растанӣ истифода мешавад. Таъсири пуриқтидори зиддизанбуруғӣ ва зиддибактериявиашро дар системаи урогениталӣ ва ҳозима зоҳир мекунад. Аз он қиёмҳо (аз алаф ва тухмиҳо), обпаз ё нушоба (аз реша), доимо ба ғизо дар намуди тару тоза ва хокаи аз гиёҳҳои хушк ва решаҳо (250-500 мг барои як ҳиссаи хӯрок) тайёр кардашударо илова кардан мумкин аст. Маҳсулотҳои ҷаъфарӣ хусусан, ба паразитҳое, ки ҳангоми илтиҳоб ва хастагии организм фаъол мешаванд, самаранок таъсир мекунанд. Шарбати тару тозаи ҷаъфарӣ (2 қошуқча субҳ дар меъдаи холӣ) -як доруи хуби зиддипаразитӣ ҳангоми трихомониоз ва хламидиоз мебошад. Таъмаш - тунд, талх (алаф); ширин, талх (реша); талх (тухмиҳо); гармкунанда мебошад.
Зуф. Танҳо баргҳои ҷавон, нозук истифода мешаванд, ки бояд онҳо дар нимаи аввали тобистон ҷамъоварӣ карда шаванд. Бо таъсири пурзӯраш ба флораи фасодмонанд ва паразитҳое, ки дар хун ҷойгиранд, маълум аст. Таъми талх дорад.
Садбарг. Гулҳои растаниҳо, ки доираи васеи таъсири зиддипаразитӣ доранд, бештар истифода мешаванд. Равғани эфирии садбарге, ки аз баргҳо тайёр карда шудааст, ҳам барои замбурӯғҳо ва ҳам намудҳои гуногуни гелминтҳо таъсири марговар дорад. Равғани садбаргро ба чой ва қиёмҳои гарм ва хунук илова кардан мумкин аст. Баргҳои тару тоза ва хушкидаи садбарг дар асал ё об барои гирифтани оби гулобӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Аз баргҳои хушки дар уғурак майдакардашуда хокаҳо тайёр кардан мумкин аст. Дар ниҳоят, гулҳои тару тозаи садбарг як иловаи хубест ба хуришҳои аз кабудӣ ва мева омода кардашуда. Таъсири зиддипаразитии садбарг дар системаи гардиши хун, урогениталӣ (дар занон) ва системаи асаб зоҳир мешавад. Таъмаш талх, тез, часпак, ширин (хунуккунанда) аст. Воягузорӣ барои хӯрок – аз рӯи таъм. Бобуна. Алаф ва гулҳои он истифода бурда мешаванд. Доираи васеи таъсири зиддипаразитарии он ба паразитҳо - аз тасмакирмҳои калон сар карда то вируси гепатитро дар бар мегирад. Таъсири зиддипаразитии бобуна дар системаи ҳозима, нафаскашӣ ва асаб зоҳир мешавад. Аз бобуна метавон қиёмҳои (гарм ва хунук) ва хокаҳо (250-500 мг барои як ҳиссаи хӯрок) тайёр кард. Чойи аз бобуна тайёршуда- нӯшокии маъмул ба ҳисоб меравад. Хусусиятҳои зиддипаразитии он гоҳ зиёдтар мешаванд, агар бобунаро ба занҷабил (гармдору) якҷоя карда қиём кунанд. Хокаи аз бобуна тайёршуда як иловаи хубест ба салатҳое, ки бо дигар гиёҳҳо ва ҳанутҳо омехта карда шудааст.
Олӯ. Қабати дохилии пӯсти он истифода бурда мешавад. Доираи таъсири олу ба паразитҳо хеле васеъ аст. Таъсири зиддипаразитӣ дар системаи асаб, ҳозима, нафаскашӣ, ва хунгард зоҳир мешавад. Аз пӯсти олӯ обпаз, шарбатҳо (дар шуш ба паразитҳо таъсир мекунанд) ва хокаҳо (250-500 мг ба як ҳиссаи хӯрок) тайёр карда мешаванд. Аз пӯсти олӯ, бодоми талх ва мағзи донаки зардолу қиёмҳо тайёр кардан мумкин аст. Кислотаи синилӣ дар пӯсти олӯ мавҷуд аст, ки системаи шуш ва лимфаро аз паразитҳо тоза мекунад, бодомҳои талх ва ядрои зардолу бошад, бофтаҳоеро ки паразитҳо вайрон мекунанд таъсири барқароркунӣ расонида онҳоро бо равғани эфир таъмин мекунанд. Озурдашавӣ (сулфа, бронхит, сулфаи кабутак, бронхоспазм ва дилзанӣ) қатъ мегардад. Қиёмҳои аз пӯсти олу тайёр кардашуда, ки ба дарун истифода бурда мешавад, рагҳои чашмро тоза мекунанд. Таъмаш - талх, часпак, ширин (хунуккунанда).
Сирпиёз. Решаи асосӣ ё бех истифода бурда мешавад. Таъсири зиддпаразитии он дар тамоми узвҳо ва системаҳои бадани инсон зоҳир мешавад. Доираи таъсири сирпиёз хеле васеъ аст - ягон паразите нест, ки вайро нобуд карда натавонад. Он дар хӯрок дар намуди хом ва пас аз коркарди гармӣ истифода мебаранд. Аз сирпиёз инчунин метавон қиёмҳо (ҷӯшонидан лозим нест!), хока (100-500 мг дар якҳиссаи хӯрок), афшура ва равғани эфирӣ тайёр кардан мумкин. Маҳсулоти сирпиёзӣ ҳамчун детоксикаторҳо (безараркунандагон) таъсир мекунанд. Таъмаш - тез (дар решаи асосӣ), талх (дар баргҳо), часпак (дар пояҳо), шӯр (дар қисми болоии пояҳо), ширин (дар тухмиҳо) мебошад. Аксаран дар ҳамаи намудҳо тез (гармкунанда) мебошад. Воягузорӣ барои хӯрок – аз рӯи таъм.
Ширинбия. Решаи растанӣ истифода бурда мешавад. Таъсири зиддипаразитиаш дар ҳама бофтаҳои бадани инсон: дар системаи асаб, ҳозима, нафаскашӣ, системаҳои урогениталӣ (мард ва зан) зоҳир мешавад. Аз ширинбияҳо обпаз, хокаҳо (250-500 мг барои як ҳиссаи хӯрок) ва равғани эфирӣ омода карда мешаванд. Ҳамчун доруи зиддипаразитӣ, ширинбия ҳангоми дохилшавии муфтхӯрон дар рӯдаҳо дар шуш (сулфа, бронхит, дарди гулу, ларингит, захмҳо-ҳамчун мигратсяи кирминаҳо бо хун) самаранок таъсир мекунанд, инчунин ҳангоми систитҳо – аз муфтхӯрон осеб ёфтани системаи урогениталӣ (пешобронии дардовар). Агар ширинбия бо занҷабил ва кардамон омехта карда шавад, таъсири зиддипаразитиаш ба таври назаррас зиёд мешавад. Ширинбия як доруи пурқувват ба муқобили кандидияҳо мебошад. Агар аз ширинбияро дар хӯрок истифода баранд, овоз, биноии чашмро хубтар карда, аз калшавӣ раҳоӣ меёбанд, гардиши хунро дар пӯст мӯътадил мекунад. Таъмаш – ширин, талх (хунуккунанда). Воягузорӣ барои хӯрок – аз рӯи таъм.
Бӯимодарон. Барг ва қисми сари гулҳо истифода бурда мешаванд.
Таъсири зиддипаразитии он дар системаи гардиши хун, нафаскашӣ ва ҳозима зоҳир мешавад. Доираи таъсири марговари он барои паразитҳо хеле васеъ буда- аз вирусҳои герпес, соддатаринҳо (хламидий ва трихомонадаҳо), бактерияҳои намудҳои фасодӣ то кирмҳои паҳнро дар бар мегирад. Қиёмҳои гарм, хунук ва хокаҳоро (250-500 мг барои ҳар як ҳиссаи хӯрок) метавонанд аз бӯимодарон тайёр кунанд. Он бо равғани пудина (барои занон), мелисса (барои мардон), мармарак ва бобуна хубтар омехта карда мешавад. Таъмаш талх аст, часпак, тез (хунуккунанда). Воягузорӣ барои хӯрок – аз рӯи таъм.
Шибити бӯйдор. Барг, поя ва тухмии он истифода бурда мешавад. Шибит дорои равғани эфирии бӯйи тунддошта мебошад. Ин равған хосияти баланди зиддипаразитӣ дорад. Ба паразитҳо дар системаи ҳозима, ҷигар ва ғадуди зери меъда, системаи урогениталӣ, дар пӯст ва системаи хунгард таъсири марговар мерасонад. Равғани шибит замбурӯғҳо, сирояти шакли фасоддошта, вирусҳо ва гелминтҳои намудҳои гуногунро - аз соддатаринҳо то кирмҳои паҳн ва тасмакирмҳо нобуд мекунад. Равғани шибит ба равғани растании оддӣ (офтобпараст, зайтун) илова карда мешавад, ки ба онхо хосиятҳои зиддипаразитӣ мебахшад. Таъми тез (гармкунанда) дорад. Воягузорӣ барои хӯрок – аз рӯи таъм.
М. Ё. Холбегов, мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика

10.04.2020     2131
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php