Истиқлолият ва имкониятҳои донишҷӯи имрӯза

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки истиқлолият тамоми аҳли ҷомеаи моро аз неъматҳои фаровони моддию маънавӣ баҳраманд намуд. Аммо чун таълиму тарбияи донишҷӯён пешаи мост, ин ҷо таҳқиқу баррасии тағйиру пешрафтро маҳз дар самти донишандӯзии донишҷӯён вазифаи хеш меҳисобем. Барои дақиқии баён ва таъмини далелнокии муътамад муқоисаи имкониятҳои донишҷӯи имрӯзу дирӯз хеле ба маврид ва натиҷабахш ба назар мерасад. Аз ин нигоҳ, агар имкониятҳои донишандӯзии донишҷӯро дар давраи тоистиқлолият пеши назар оварем, мебинем, ки донишҷӯ барои ба дастоварии маводи таълимии иловагӣ ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ мегардид. Яъне, донишҷӯ бояд вақти пурқиммати худро сарф намуда, ба китобхона мерафт. Онҷо чанд муддат вақтро барои ба қайдгирӣ сарф мекард, чанд вақт барои пур намудани коғази супоришӣ ва баъдан қариб 45 дақиқа барои овардани китоби таъиншуда. Илова ба ин боз ҳолатҳое низ рух медод, ки баъд аз сарфи ҳамин қадар вақт боз саҳифаи даркории китоб кандашуда мебаромад. Хулоса, ба даст овардани маводи иловагии таълимӣ дар овони тоистиқлолият ба осонӣ даст намедод.

Дар баробари чунин ҳолатҳои ногувор дар давраи тоистиқлолият агар имкониятҳои ба дастовароии донишҷӯи имрӯзаро барои ба дастоварии маводи таълимии иловагӣ мавриди таҳлил қарор диҳем, мебинем, ки тафовут аз замин то осмон аст. Тафовути мазкур аслан бо мавҷудияти воситаҳои техникии муосир алоқаманд мебошад. Мавҷудияти интернети дастрас ҳам дар донишгоҳҳо ва ҳам дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр қазияи ба дастоварии маводи таълимии иловагиро пурра ҳал намудааст. Донишҷуи имрӯза имкон дорад, ки ҳам баъд аз дарс ва ҳам дар вақтҳои холигӣ ва ҳатто дар тӯли шабҳо низ бидуни сарфи маблағе тамоми маводҳои иловагии таълимиро дастрас намояд. Барои донишҷӯи имрӯза толорҳои хониши гарму барҳаво тамоми рӯз хидмат менамоянд. Баъд аз дарс донишҷӯ имконият дорад, ки бо истифода аз интернет таҳқиқи маводро дар хона идома диҳад. Ба ҳамин монанд баъд аз дарс ва ё дар рӯзҳои истироҳат донишҷӯ ба китобхонаи миллӣ рафта, метавонад тавассути компютер зуд маводи даркориро дастрас намояд.

Чизи дигаре, ки донишҷӯи имрӯза дар даврони истиқлолият аз он баҳраманд гардид, бархӯрдорӣ аз телефонҳои мобилии ҳозиразамон аст, ки дастрасӣ ба маводи таълимии иловагиро хеле сабук менамояд. Телефонҳои мобилӣ ҳамзамон ба донишҷӯ имкон медиҳанд, ки ҳам маводҳои интернетии фаровонро истифода баранд ва ҳам дар ҳолати зарурӣ маводи заруриро ба осонӣ нусхабардорӣ намоянд.

Аммо чизе, ки дар ин самт моро ба ташвиш меоварад, ҳадафнок истифода нашудани воситаҳои техникии зикршуда ва вобаста ба ин паст гардидани завқ ва сифати дарсазхудкунии донишҷӯи имрӯза аст. Хеле таассуфовар аст, ки донишҷӯи имрӯза ба ҷойи пурмаҳсул ва ба сифат истифода бурдани ҳам вақти пурқимати худ ва ҳам воситаҳои техникӣ онҳоро аксаран барои вақтгузаронию вақтхӯшӣ истифода мебаранд. Бинобар ин, ба андешаи мо масъулинро зарур аст, ки атрофи миушкилоти шаклгирифта андеша намоянд.

           К. Абдухалилзода  -  кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


07.01.2021     203
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php