Ифтихор аз Пешво дорем

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардумишарафманди тоҷик боз як марҳилаи наву муҳими давлатдории навини хешро дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ бо риояи муҳимтарин арзишҳои давлатдорӣ сарбаландона паси сар намуд. Чи хеле ки маълум аст, рӯзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

30 октябри соли 2020 бошад маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид.

Дар тӯли таърих ҳар давлату миллатеро зарур меояд, ки роҳбари арзанда ва пешвои муносиберо ба худ интихоб намуда, зеро нақши пешво ё роҳбар дар пешбурди рушди давлатдорӣ нақши муҳимро бозад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бисёр чеҳраҳои таърихӣ дар ҳаёти сиёсии баъзан кишварҳо нақши муассир гузошта, қадамҳои устувори ташаббускоронаи онҳо сарчашмаи пешрафту ободӣ ва бунёдкорию созандагии мардумони он кишвар маҳсуб меёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза, рӯз ба рӯз, дар пеши назари халқи азизаш ташаккул ёфта, ҷойгоҳи хешро ба таври табиӣ дарёфта истодааст. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фарзанди фарзонаи миллат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва 6 ноябри соли 1994 бошад, бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалаба намуд. Боварию эътиқоди мардум ба Сарвари хирадпешаи хеш имконият дод, ки дар интихоботҳои солҳои 1999, 2006 ва 2013-и ба таври алтернативӣ ва шаффофу демократӣ баргузоргашта низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аксарияти овозҳо ѓолиб гашта, мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дилпурона ишѓол намояд.

Инак, дар интихоботе, ки рўзи 11 октябри соли 2020 баргузор гашт, бори дигар мардуми шарафманди кишвар бо боварию эътиқоди қавӣ тақдири худро ба ин фарзанди асилу сарсупурдаи миллат алоқаманд ҳисобида, аз нав ўро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиқ донистанд. Дар ҳақиқат замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.

Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд. Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо дар Афғонистони ҷангзада ва кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо карда шуд.

27 июни соли 1997 Созишномаи Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав имзо карда шуд. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваста, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши ин ватану миллат ба воя расида, бо дастгирии мардум ба ин мартаба омада расид. Маҳз дастгирии мардум буд, ки ў ба як чеҳраи намоёни сиёсӣ ва як шахсияти воқеан табиӣ барои миллати тоҷик, чун Президенти мардумӣ сазовор гардид. Барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро зарур омад то роҳи пурпечутоб, пур аз мушкилот, пур аз хатарро тай намуда, мақоми ифтихориро сазовор гардад. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби Пешво ё роҳбари ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа, яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ, таърихи давлатдории мо, яъне масъалаи роҳбари сиёсии миллат, пешвои эътирофшудаи давлатӣ ё ташаккули давлатмард ҳалли муносиби худро пайдо намуд.

Роҳи аввалини пурхатаре, ки ҳамчун роҳбари сиёсӣ тай менамуд, овардани истиқлоли сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад. Сиёсати дурусти пешгирифтаи ӯ истиқлоли сиёсиро фароҳам овард ва мардуми иҷборан гурезагаштаро ба ватани хеш баргардонд. Ватанро аз нестшавӣ наҷот дода, миллатро аз парокандашавӣ ҳифз намуд. Пас аз расидан ба ин ҳама дастовард, роҳбари сиёсӣ мақомоти конститутсиониро ҳифз ва барқарор намуд. Ин ҳама дигаргунсозиҳо дар ин марҳалаҳо хеле душвор ва сангин буд, зеро ҳеҷ як барномаи тайёре барои давлат вуҷуд надошт.

Маҳз бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни бостонӣ, фарҳанги воло, таърихи беш аз чандин ҳазорсола мебошад. Эмомалӣ Раҳмон тавонист Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як узви баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ворид намояд. Имрӯз маҳз бо шарофати хизматҳои шоёни ӯ қариб 200 кишвари олам истиқлоли моро пазируфта, бо мо ҳамкориҳои хешро барқарор намудаанд.

Дар давоми соҳибистиқлолӣ, мо тавонистем аксари мушкилоти дар кишвар ҷойдоштаро ҳал намоем. Махсусан, се ҳадафи стратегие, ки барои кишвар аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардид, қариб пурра ҳал карда, ба амалӣ намудани ҳадафи чорум яъне “Саноатикунонии босуръат” пардохтаем. Соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ барои расидан ба ҳадафҳои мазкур шароитеро фароҳам овард, ки кишвар дар як муддати начандон тулонӣ аз нигоҳи таърих даст ёбад. Имрӯзҳо ҳама мушкилоте, ки барои пайваст шудани роҳҳои кишвар монеа буданд, ҳалли хешро ёфтанд.

Бо бунёди як қатор неругоҳҳои хурду бузург мушкилоти неруи барқ дар кишвар пурра бартараф гардида, он ба як соҳаи даромадноки давлатӣ табдил ёфтааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳимми кишвар маҳсуб мешуд, ҳалли хешро пайдо намуда, имрӯз саросари хонадони тоҷик пур аз нозу неъмат аст. Инак, дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба ҳалли як зумра масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пардохта, саҳми хешро гузошта истодааст. Яке аз мушкилоти дигаре, ки кулли ҷаҳонро ба ташвиш оварда истодааст, ин тағйирёбии иқлим ва норасоии оби ошомиданӣ дар ҳама гӯшаву канори сайёра мебошад, ки талабот ба он ҳамарӯза меафзояд.

Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018 – 2028 аз ҷониби СММ “Даҳсолаи байналмилалии Об- барои рушди устувор” эълон гардид, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як ташаббуси башардӯстона пазируфта шуд. Ин ҳама ташаббусҳои ватандустӣ ва башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмонро сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ чунин шарҳ додаанд: Владимир Путин, Президенти Федератсияи Руссия: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар». В. Путин пеш аз ин аз сулҳу осоиштагӣ ва давлатсозии мо қоил гардида иброз намуда буд, ки “Сулҳи тоҷикон ҳамчун як намуна бояд истифода бурда шавад”. Аҳмадшоҳ Масъуд – Қаҳрамони миллии Афғонистон, сипаҳсолори машҳур: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст». Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин: «Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад».

Имрӯз мардуми Тоқикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун ба як роҳбари олӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд ва бо раъйи аксар- 90, 92 фоиз дастгирӣ гаштани номзадии ин фарзанди фарзонаи миллат дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи равшани гуфтаҳои болост.

Х.Д. Усмонзода,  Р.Д. Дадабаев,

дотсентони кафедраи дерматовенерология



11.11.2020     484
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php